Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон

Волоҳазрат, муҳтарам ҷаноби Реҷеп Таййип Эрдоған!

Волоҳазрат, муҳтарам ҷаноби Реҷеп Таййип Эрдоған!
Муҳтарам роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо!
Аз дидор бо шумо дар сарзамини аҷоиби Туркия, ки дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ ҷойгир шудааст, дар ҷазираи Демократия ва озодӣ, ки таърихи қадимӣ дорад, мамнун ҳастам.
Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев барои раёсати босамараш дар ташкилотамон изҳори миннатдорӣ намоям.
Мардуми Озарбойҷонро бо санаи муҳим – Рӯзи ғалаба табрик менамоям, ки дар он якпорчагии мамлакат ва адолати таърихӣ барқарор гардид.
Инчунин, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, бо мукофотонидани «Ордени олии дунёи турк» самимона табрик мегӯям.
Ба бародарам Президенти Ҷумҳурии Туркия, волоҳазрат Реҷеп Таййип Эрдоған барои ташкили мулоқотамон дар дараҷаи баланд миннатдории алоҳида изҳор мекунам ва бо қабул намудани раёсат самимона табрик мекунам.
Ман аз дидани дӯсти азизам, Президенти Туркманистон, муҳтарам Гурбангулӣ Мелиқулиевич Бердимуҳамедов қаноатмандии том эҳсос менамоям.
Қарори таърихиро дар бораи ба Туркманистон додани мақоми давлати нозир дар ташкилотамон пурра дастгирӣ мекунам.
Раиси ифтихорӣ, Президенти Нахустини Қазоқистон – Элбаси, муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев, яке аз бунёдгузорони ташкилотамонро, ки имрӯз дар ҳамоиш бо муроҷиати видеоии худ иштирок менамояд, хайрамақдам мегӯем.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Дар доираи Шӯро, ки дар асоси муштаракоти забон ва арзишҳои халқҳоямон ташкил шудааст, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика ва маданиву гуманитарӣ муттасил инкишоф меёбад.
Сарфи назар аз машаққатҳои давраи пандемия мо шарикиро вусъат бахшида, ба ҳамдигар мадад расонда, кӯшиш мекунем, ки робитаҳоямонро ҳамеша инкишоф диҳем.
Боварӣ дорам, ки имрӯз дар бораи табдил намудани Шӯрои туркӣ ба Ташкилоти давлатҳои туркӣ қарор қабул намуда, заминаи мустаҳкамро барои инкишофи минбаъдаи ҳамкориамон таъмин менамоем. Ин қадами муҳим, ман бовар дорам, ки фаъолияти ташкилотро ба дараҷаи сифатан нав бардошта, нақш ва нуфузи онро дар арсаи байналхалқӣ ба таври назаррас боло мебарад.
Ҳуҷҷати консептуалие, ки имрӯз ба имзо мерасад – «Назари ҷаҳони туркӣ – 2040» инчунин барои ин мақсади нек хидмат хоҳад кард.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Ҷараёнҳои суръатбаланде, ки имрӯз дар ҷаҳон рух медиҳанд, таҳдид ва ситезаҳои мухталиф, озмоишҳое, ки  бо пандемия иртибот доранд, масъалаҳои бехатарии озуқаворӣ, экологӣ ва тағйир ёфтани иқлим дар наздамон вазифаҳои нави таъхирнопазир мегузорад. Ин тақозо менамояд, ки потенсиали калони ҳамкории мамлакатҳоямон ҳарчи пурратар роҳандозӣ гарданд.
Бинобар ин мехоҳам пешниҳодоти зеринро баён намоям.
Аввал, мо бояд барои вусъат бахшидани муносибати тиҷоратӣ дар доираи ташкилот шароити муносиб ва ҷолибро ба вуҷуд оварем.
Мехоҳам махсус таъкид кунам, ки табодули умумии амволи Ӯзбекистон бо мамлакатҳои бародар дар солҳои охир ду баробар афзуд. Ҳамзамон, иштибоҳ нахоҳад шуд агар бигӯям, ки ин нишондодҳо ба потенсиали мавҷуда мутобиқат намекунад. 
Таҳлил нишон медиҳад, ки танҳо дар соли 2020 ҳаҷми воридоти умумии мамлакатҳоямон 420 миллиард долларро ташкил намуд, дар ҳоле ки ҳаҷми табодули воридоти байни давлатҳои аъзо 21 миллиард долларро ташкил намуд. Аз ин рӯ ҷой иваз намудани маҳсулоти мамлакатҳои сеюм дар бозорҳоямон ба амволе, ки дар давлатҳои аъзои ташкилот истеҳсол намуданашон имконпазир мебошад, вазифаи муҳим ба шумор меравад.
Барои аз ҳар ҷиҳат омӯхтани имконоти мавҷуда дар соҳаи мазкур ташкил намудани Маркази тадқиқоти ҳамкории тиҷоратии давлатҳои туркиро пешниҳод менамоем. Фаъолияти ин Марказ бояд ба таҳияи пешниҳодоти дақиқ ва Нақшаи амали муштарак доир ба масъалаҳои бартарафсозии мамониатҳои савдо, васеъ татбиқ намудани савдои электронӣ, афзоиши ҳаҷми содирот ва воридот бояд нигаронда шавад.
Дуюм, бо мақсади минбаъд инкишоф додани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мо бояд ба масъалаҳои нақлиёт ва тронзит эътибори алоҳида нигаронем.
Аз таърих маълум аст, ки минтақаҳое, ки дар он халқҳои туркӣ маскунанд, дар тӯли ҳазорсолаҳо байни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб чун пули нақлиётӣ ва тиҷоратӣ хидмат намудаанд.
Вазъияти имрӯза аз мо минбаъд инкишоф додани даҳлезҳои нақлиётии мавҷуда ва ба  вуҷуд овардани даҳлезҳои нави фароқитъавиро аз Чин ба Аврупо, ки аз ҳудуди мамлакатҳоямон мегузарад, тақозо менамояд.
Бо мақсади роҳандозии ҳамкории низомнок дар ин соҳа таҳия намудани Барномаи Ташкилоти давлатҳои туркиро дар заминаи иртиботот дар соҳаи нақлиёт пешниҳод мекунем.
Ин Барнома имкон медиҳад, ки дар масъалаҳои рушди даҳлезҳои мултимодали байниминтақавӣ, содда намудани тартиби убури сарҳадот, рақамисозии назоратҳои гумрук, санитарӣ ва дигар намудҳо, ҷустуҷӯи қарорҳои босамар барои оптимизатсияи тарифҳои нақлиёт ва тронзит роҳи ҳалли самарабахш пайдо карда шавад.
Сеюм, пурзӯр намудани кооператсияи истеҳсолӣ тақозои давр ба шумор меравад.
Таъсис намудани Маркази инжиниринг ва технология дар пойгоҳи ташкилотҳои мавҷудаи махсуси мамлакатҳоямон мувофиқи матлаб аст. Фаъолияти онҳо ба ташаккули занҷири арзиши изофа ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар асоси принсипҳои қобили рақобат нигаронда мешавад. Чунин лоиҳаҳо метавонанд аз ҳисоби сармояи Фонди сармоягузории муштарак таъмин гарданд, ки таъсис додани он пешниҳод гаштааст.
Бо мақсади татбиқи амалии ташаббуси мазкур ва боз намудани имконот дар ин соҳа мо азм дорем, ки дар Ӯзбекистон соли оянда Ҳафтаи саноати давлатҳои туркиро баргузор намоем.
Чорум, мавзӯи ҳамоишамон – «Технологияи «сабз» ва шаҳрҳои «оқил» дар асри рақамисозӣ» аҳамияти муҳимро молик аст.
Дар ҳар яке аз мамлакатҳоямон таҷрибаи татбиқи ҷараёнҳои рақамисозӣ дар соҳаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Бо назардошти таҷрибаи вуҷуддошта, дар навбати аввал дар Туркия, ба вуҷуд овардани пойгоҳи доимӣ барои экспертҳо ва IT - мутахассисон барои табодули таҷриба ва интиқоли инноватсия дар бобати ба вуҷуд овардани шаҳрҳои «оқил» муҳим аст.
Ба сифати қадами аввал дар самти мазкур соли 2022 баргузор намудани анҷумани экспертҳоро пешниҳод мекунем.
Панҷум, имрӯз дар ҷаҳон масъалаи экология ва тағйироти иқлим, даст ёфтан ба ногузирии аз байн бурдани истихроҷи карбон ва гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» ҳарчи бештар ҳассос мегарданд.
Хушк гардидани баҳри Арал нафақат ба минтақаи мо, балки ба бисёр мамлакатҳо дар берун аз ҳудуди он таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Бо мақсади нармсозии оқибатҳои манфии чунин фоҷиаҳои экологӣ ва бартарафсозии паҳн гардидани онҳо мо ташаббусе пешниҳод мекунем, ки тибқи он дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ниҳоде доир ба ҳифзи муҳити зисти мамлакатҳои туркӣ таъсис дода шавад.
Қароргоҳи он дар яке аз минтақаҳои ҳавзаи Арал, ки аз фоҷиаи экологӣ бештар зарар дидааст, ҷойгир гардиданаш мувофиқи мақсад мебуд.
Шашум, мулоқотҳои босамари вазирони маданият ва сайёҳии давлатҳои аъзои ташкилот, ки дар шаҳрҳои қадимии Хева ва Қӯқанд баргузор гардид, аёнан нишон дод, ки то чӣ андоза мероси таърихӣ ва мадании халқҳоямон бой буда, ҳамзамон маълум намуд, ки мо молики чӣ гуна потенсиали калони сайёҳӣ ҳастем.
Якҷоя таҳия намудани «нақшаи роҳ»-ро, ки шомили лоиҳаҳои сайёҳии «Сайёҳии дунёи турк» ва «Зиёрати маконҳои муқаддас» аст, баргузор намудани намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ва озмунҳои этноварзишӣ, ҳифз ва барқарор намудани объектҳои мероси маданӣ ва дигар самтҳоро муҳим мешуморем.
Ҳафтум, мехоҳам бори дигар ба ҳамаи шумо барои қабули қарор дар рафти ҳамоиши имрӯза бобати таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Алишер Навоӣ -- мутафаккир ва арбоби бузург, ки дар таҳкими ваҳдати ҷаҳони турк саҳми арзанда гузоштааст, изҳори сипос намоям.
Ба ҳамагон маълум аст, ки саҳми намояндагони бузурги ҷаҳони турк дар рушди тамаддун ва фарҳанги башарӣ хеле бузург аст. Махсусан, дар Истанбул дар Маркази фарҳангии боҳашамати Отатурк, ки ба наздикӣ аз нав таъмир карда шуд, таъсиси галереяи донишмандони барҷастаи ҷаҳони турк дар ин замина қобили таваҷҷӯҳ аст.
Ин мероси бебаҳо дар фондҳои давлатҳои аъзои ташкилоти мо эҳтиёткорона нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон фонде ҳаст, ки он қариб 200 ҳазор дастхатҳои беназири марбут ба таърих ва фарҳанги умумии моро фаро мегирад. 
Ба мақсади якҷоя омӯхтани ин асарҳои нодир, тарҷумаи онҳо ва ташаккул додани пойгоҳи ягонаи электронӣ, инчунин ба соҳаи мазкур ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ пешниҳод мекунем, ки Маркази тадқиқотӣ оид ба омӯзиши мероси таърихӣ, илмӣ ва мадании мамлакатҳои туркизабон таъсис дода шавад. 
Фикр мекунам, ки ин Марказ дар иҷрои як рисолати муҳим – расонидани ин мероси бебаҳо ба наслҳои оянда ва халқҳои тамоми ҷаҳон саҳм мегузорад.
Ҳаштум, ҷавонон, ки ояндаи мо ҳастанд, як қисми зиёди аҳолии кишварҳоеро, ки ба созмон шомиланд, ташкил медиҳанд.
Имрӯз нақши насли наврас дар ҳаёт ва тақдири халқҳои мо, инкишофи муносибатҳои байни мамлакатҳои мо меафзояд. Яке аз вазифаҳои асосӣ, ки дар пеши мо қарор доранд, аз ҳамаҷониба дастгирӣ кардани ҷавонон, ҳавасманд гардондани ташаббусҳои эҷодӣ ва лоиҳаҳои онҳо, ҳимоя намудан аз ғояҳои ба арзишҳои миллиамон бегона иборатанд. 
Ба мақсади муттаҳид гардондани саъю кӯшишамон дар ин самт пешниҳод мекунам, ки соли 2022 дар ҷаҳони туркӣ Соли дастгирии ташаббусҳои ҷавонон эълон карда шавад.
Дар доираи он пешниҳод мешавад, ки барномаи муштараки чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ карда шуда, ин масъала ба рӯзномаи нишасти навбатии мо ҳамчун мавзӯи асосӣ ворид карда шавад.
Мухтарам иштироккунандагони маҷлис!
Вазъияти имрӯзаи душвори Афғонистон дар маркази диққати умумии мо қарор дорад. Роҳ надодан ба пайдоиши буҳрони башардӯстона дар ин кишвар, ҷудогузории байналмилалӣ ва ба паноҳгоҳи террористон табдил додани он ниҳоят муҳим аст.
Бархӯрдҳои мо дар муколама бо ҳукумати нави Афғонистон бояд умумӣ ва ягона бошанд.
 Дӯстони азиз!
Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабули Декларатсияи муштарак, қарор оиди таъсис додани мақоми нозирон ва шарикони ташкилотамон, дигар ҳуҷҷатҳои муҳимро, ки ба рӯзномаи ҳамоиш ворид карда шудаанд, дастгирӣ мекунад.  
Мо инчунин дароз кардани мӯҳлати ваколати Дабири кулли созмон Бағдод Амреевро комилан ҷонибдорӣ мекунем.
Боварӣ дорам, ки мулоқоти имрӯза ва ба амал баровардани аҳду паймони ҳосилшуда ба беҳбудӣ ва гул-гулшукуфии халқҳои бародари мо хизмат мекунад.
Бо камоли мамнуният, шумо, ҳамкасбони азизро, даъват менамоям, ки соли оянда барои иштирок дар ҳамоиши якуми Созмони давлатҳои туркӣ, ки имрӯз номи нав гирифт, ба Ӯзбекистон ташриф оред.
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: