ШОИРАИ ӮЗБЕК, КИ ТОҶИКӢ ДӮСТ ДОРАД

Ба муносибати 80-солагии Ойдин Ҳоҷиева

Як вақтҳо шеърҳои ба ӯзбекӣ баргардондашудаи шоираҳои тоҷик Гулчеҳра Сулаймонӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода ва Гулрухсор Сафиева дар нашрияҳои даврии Ӯзбекистон пайваста ба табъ мерасиданд. Дар тарҷумаи онҳо, хусусан, шоираи маъруфи ӯзбек Ойдин Ҳоҷиева саҳми калон мегузошт. Саҳифаҳои ҷудогонаи маҷаллаи “Саодат”-ро, баробари ин, аксҳои дилангези шоираҳои мо зеб медод...
Баъди пошхӯрии иттиҳод ва ба истиқлоли миллӣ дастёбии ҷумҳуриҳои минтақа, бо сабабҳои маълум,  робитаҳои адабӣ то андозае қатъ ёфтанд. Вале ин маъное надошт, ки риштаҳо билкул канда шуда бошанд.
Ибтидои солҳои дуҳазорум, вақте гузорам ба бинои “соатдор”-и маҷаллаҳо афтид, сари қадам ба идораи “Саодат” медаромадам, ки сармуҳарририашро Ойдинапа ба ӯҳда дошт. Мо тоҷикӣ суҳбат мекардем. Хабар доштам, ки баробари ӯзбекӣ вай бо тоҷикӣ низ шеърҳо менависад. Гумон мекардам, ӯ ва дигар аз шоираҳои ӯзбек Умеда Абдуазимова ва Ҳалима Аҳмадова дар асл ҳамзабони мо. Вале маълум гашт аждоди онҳо аз арабон буда, ба форсӣ-тоҷикӣ меҳри зиёд доранд, тавре ӯзбекиро дӯст дошта, бо ин забон эҷод мекунанд, ба забони модарии мо бегона нестанд. Ойдинапа бо таассуф мегуфт дигар мисли пештара ба шоираҳои тоҷик имконияти робита нест. Аз ман хоҳиш мекард дар дарёфти ашъори тозаи онҳо кӯмак кунам: “Кайҳо боз тарҷума накардаам. Шеърҳои шоираҳои тоҷикро пазмон шудам!”.
Ойдин Ҳоҷиева 22 апрели соли 1942 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоӣ таваллуд ёфтааст. Ин макон замонҳое ба вилояти Бухоро менигарист. Ин аст, ки худро бо ифтихор “бухороӣ” меномад Ойдинапаи мо. 
Вай солҳои 1960-1965 дар факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) таҳсил намудааст. Аз наврасӣ орзу дошт муаллимаи забон ва адабиёт шавад. Солҳои донишҷӯӣ таҳти таъсири ашъори дилангези Зулфия Исроилова машқи шеър намуд. Баъди хатми донишгоҳ бо кӯмаку дастгирии шоираи шаҳире, ки номаш зикр гашт,  дар идораи “Шарқ юлдузи” ба фаъолияти мустақилона пардохт. Чун ходими адабӣ кор кардан дар маҷаллаи бонуфуз барои онҳое, ки нав дар пайроҳаҳои адабиёт қадам мегузоранд, албатта, шарафи калон. Баъдтар Ойдинапаро мудири шуъба таъин карданд. Шоираи он вақт хеле ҷавон дар ин вазифа то соли 1976 фаъолият бурд. Дар ин байн самаранок эҷод кард. Нахустин маҷмӯаи ашъораш бо унвони “Шабнам” (1970) рӯи чоп дид. Баъдтар дафтарҳои шеърияш “Манзилҳо” (1971), “Суруде, ки дӯст медорам” (1972), “Духтари заркокул ва офтоб” (1972), “Гули орзу” (1974) ва “Тароват” (1976) аз нашр баромаданд.  
Ойдин Ҳоҷиева бино бар масъалаи кор дар назди устоди азизаш Зулфия, ки сармуҳаррири “Саодат” буд, рӯзе уқдаи роз кушод ва гуфт мехоҳад ба маҷаллаи бонувон гузарад. Устод тааҷҷуб намуд. Бо табассум гуфт магар “Шарқ юлдузи” ҷои бад аст? Ҷои хуб, гуфт Ойдин Ҳоҷиева, вале ҷамоа фақат мардҳо...
Зулфияапа фарохтар табассум набуд. Гуфт модоме дилкашол ба давраи бонувон аст, “Саодат” ӯро мунтазир...
Ва бо ҳамин фаъолияти журналистии О. Ҳоҷиева дар маҷаллаи бонувон мазмуни тоза касб намуд. Мудири шуъба таъин гашт. Вале роҳи эҷод дар самти журналистика барояш тахту ҳамвор набуд. Шоирӣ ва кор бо шоирон чизи дигар будаасту фаъолияти нигорандагӣ дар маҷаллаи бонувон чизи дигар. Вай, тавре худаш иқрор мешавад, ҳарчанд дар “Шарқ юлдузи” обутоб ёфта буд, моҳҳои аввал дар ҷои нави корӣ зимни таҳрири мавод ва таълифи мақолаҳо то андозае душворӣ кашид. “Навиштаҳоямро ба устод нишон медодам ва хоҳиш мекардам як “шудгор” карда диҳанд, ба хотир меоварад вай, ҳақиқатан ҳам қаламиҳоям он вақтҳо сахт таҳрирталаб буданд...”
Дар мактаби устод Зулфия таълим гирифта, Ойдин Ҳоҷиева тавфиқ ёфт, дере нагузашта худ низ ба дараҷаи устодӣ расид.
Ӯ чун мудири шуъба то соли 1985, то даме, ки сармуҳаррири “Гулхан” таъин карданд, кор кард. Ба “Гулхан” то соли 1994 сарпарастӣ намуд. Мазмуну муҳтавои нашри бачагона дар ин байн хеле беҳтару васеътар гардид, адади хонандагонаш афзуд. Соли 1994 Ойдин Ҳоҷиева бо тавсияи устодаш Зулфия Исроилова ба ҷои кории пештааш баргашт – сармуҳаррири “Саодат” таъин гашт. Роҳбариаш ба ин маҷалла то соли 2013 идома намуд. Вай дар ин миён ба иловаи маҷаллаи зикршуда “Гулчеҳралар” низ сармуҳаррирӣ намуд.
Ҳамзамон бо фаъолияти журналистӣ дар эҷоди бадеӣ самаранок кор кард, аз сафи адибоне, ки сермаҳсуланд, ҷой гирифт. Китобҳояш “Наво” (1977), “Духтари бибиаш” (1979), “Достонҳо” (1980), “Хушхабар” (1983), “Чашмаҳоро меҷӯям” (1986), “Санги маҳак” (1988), “Ситораи боварӣ” (1989), “Паноҳам” (1998), ки қисман барои кӯдакон навишта шудаанд, аз ҷониби хонандагон пазируфта шуданд. Дар солҳои истиқлолият “Назокат” (2007), “Шуълаҳои шом” (2010), “Туҳфаҳои субҳ” (2012) барин маҷмӯаҳои шеърияш дасту дили дӯстдорони каломи бадеъро гарм сохтанд. Бо забонҳои русӣ ва қароқалпоқӣ низ чанд китоб баровард. Достонҳое таълиф намуд бо номҳои “Арӯс”, “Таъзим ба ҳаёт”, “Достони бачагӣ” ва ғайра. Ғояҳои истиқлолият ва садоқат ба ин Ватани маҳбуб дар достону қасидаҳояш “Таронаи Бухоро”, “Корвони бузург”, “Зиёрат” ва амсоли онҳо равшану возеҳ ифода ёфтаанд. 
Ойдин Ҳоҷиева чун тарҷумони босалиқа ҳам хидмати сазовор карда, аз эҷоди А. Митскевич, Р. Казакова, М. Дилбозӣ, М. Абулқосимова, Ш. Петефи барин суханварони шинохта ба ӯзбекӣ намунаҳо баргардондааст.  Бештар, тавре дар боло ишора рафт, ашъори дугонаҳои тоҷикашро тарҷума намуд.
Шоираҳои тоҷик, дар навбати худ, шеърҳои зиёдашро тарҷума карда, дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расонданд.  Дар рӯзномаи “Овози тоҷик”, ҳамзамон, шеърҳояш рӯи чоп дидаанд. Шеърҳои ҷудоногонааш ба русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, белорусӣ, англисию урду ва ҳоказо баргардонда шудаанд.
Дар таълифи мақолаҳои публисистӣ низ О. Ҳоҷиева дасти расо дорад. Хусусан “Ба рӯҳи мо оташ наафтад”, “Ҳамдеҳаҳоям”, “Фикрҳое, ки маро ба изтироб меандозанд”, “Дарди миллат чист?” барин навиштаҳои ӯ дар мавзӯъҳои модар ва тифл, масъалаҳои дардноки зиндагӣ, меҳнат ва маишати бонувон ҷолиби диққатанд.
О. Ҳоҷиева дар корҳои ҷамоатӣ низ фаъол буда, чанд сол ба Бунёди “Баркамолии миллию иҷтимоӣ” сарпарастӣ намудааст.
Хидматҳои шоёни шоираи маъруф Ойдин Ҳоҷиева дар равнақи адабиёти муосир бо унвони “Шоираи мардумии Ӯзбекистон” ва ордени “Эл-юрт ҳурмати” (1999) қадр ёфтааст. Вай бо фармони Президент дар арафаи 8 март (соли 2021) бо ордени “Фидокорона хизматлари учун” мукофотонида шуд. Имрӯзҳо 80-солагиаш сазовор таҷлил мегардад.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: