ХАЗИНАИ ДАСТХАТҲОИ ҚАДИМ – САРЧАШМАИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Дар асарҳои Навоӣ калима, ибора, воситаҳои бадеии забонҳои арабию форсӣ бисёр буданд.

Дар асарҳои Навоӣ калима, ибора, воситаҳои бадеии забонҳои арабию форсӣ бисёр буданд. Ҳамон вақт ба хулоса омадам, шахсе, ки забони арабӣ ва форсиро намедонад, асарҳои Навоиро пурра омӯхта наметавонад. 
Дар Қарори Президент аз 24 майи соли 2017 “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмил додани сохтори муҳофизат, тадқиқ ва тарғиб намудани манбаъҳои хаттии қадима” чунин омадааст: “Дар солҳои истиқлолият оид ба барқарорсозии таърихи қадимӣ ва маданияти ғановатманди халқамон, ҳарҷониба амиқ омӯхтан ва тарғиб намудани мероси илмӣ, динӣ ва маънавии азизу авлиёямон, ободонии зиёратгоҳҳо, тарбияи авлоди ҷавон дар рӯҳияи анъанаҳои неки онҳо корҳои бузург ба амал омаданд ва ҳоло низ босуръат идома доранд... Бояд алоҳида таъкид намуд, ки ҳарҷониба амиқ омӯхтани намунаҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ, тарғиби саҳми барҷастаи аллома ва мутафаккирони бузургамон  дар рушди илму фан ва тамаддуни ҷаҳонӣ, дар ҳамин асос, тарбияи ҳамдиёронамон, алалхусус, насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси бузурги маънавии халқамон, меҳр ва садоқат ба модар-ватан  ба афзоиши кулли натиҷадории корҳо нигаронида шудаанд, ки он аз вазифаҳои умдаи рӯз далолат медиҳад”.
Донишгоҳи давлатии Самарқанд  дорои хазинаи ғановатманди дастнависҳои қадимӣ мебошад, ки зиёда аз 12000 адад осори дастнавису чопи сангии соҳаҳои гуногуни фанҳоро фаро мегирад ва имрӯз ин дастхатҳои нодир чун манбаи  муҳими ҷараёни таълими донишҷӯёни  донишгоҳ хидмат мекунад. Аз ин манбаи гаронбаҳову пурғановат бевосита профессору омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаҳои филология, математика, педагогика, таълими меҳнат, таълими ибтидоӣ, таърих ва ғайра тибқи таълими  фанҳои забонҳои Шарқ – арабию форсӣ, матншиносӣ, ҳуҷҷатшиносии таърихӣ, инчунин омӯзиши матнҳои классикӣ  васеъ истифода мебаранд. Хусусан, дар факултаҳои филология, педагогика, таълими технологӣ ва таърихи донишгоҳ аз фанҳои «Забони хориҷӣ (арабӣ ва форсӣ)», “Забонҳои Шарқ ва хати қадимии ӯзбекӣ”, “Забонҳои Шарқ” (арабӣ ва форсӣ) ,“Забонҳои Шарқи хориҷа” (арабӣ ва форсӣ) ба донишҷӯёни бакалавриат ва аз фанни забони хориҷӣ (арабӣ) дар бахши магистратура таълим дода мешаванд. Ин сарчашмаҳои қадимӣ ба забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркӣ навишта шудаанд. Дар ин самт мо лозим донистем, роҷеь ба чанде аз ин рисолаҳо сухан ронем. 
Дар “Таърихи Сайид Роқими Самарқандӣ”  зикри таваллуди Соҳибқирон Амир Темур, зикри вафоти Амир Сайид Неъматуллоҳи Кирмонӣ, таърихи вафоти Мирзо Бойсунғур, зикри вафоти Шоҳ Қосими Анвор, таърихи вафоти Хоҷа Исматуллоҳи Бухорӣ, зикри таваллуди Мирзо Улуғбек ва таърихи бинои мадраса ва дигар воқеот то замони вафоти ӯ, таърихи вафоти Мавлоно Шарафуддин Алии Яздӣ барин маълумоти муфид оварда шудаанд. Чунончи, дар китоб доир ба бунёди мадрасаи Улуғбек муаллиф  чунин менависад: “Ва дар таърихи самаанин ва ишрин ва самаания миа Улуғбек Мирзо дар Самарқанд иморати мадраса бино фармуд”. Дар таърифи он бино байти зерин оварда шудааст:
Чу аршпоя мақоме, 
ки дар тамошояш,
Ба нимароҳ бимонад 
назар тамом аз кор.
Баъд таърихи сохта шудани мадраса ҳазору саду сенздаҳи ҳиҷрӣ қайд гардидааст. Дар бунёди расадхона низ муаллиф овардааст: “Гӯянд, аввал шурӯъ, ки дар иморати расад кард, ба имдоди алломаи марҳум Қозизодаи Румӣ ва Мавлоно олими ваҳид Ғиёсиддин Ҷамшед ва ҷомеъи калимоти инсонии мавлоно Муъини Кошонӣ ва Мавлоно Салоҳиддин амал менамуд”. Сипас, оид ба бунёди расадхона гуфта шудааст: “Ва Улуғбек Мирзо дар таърихи иҳда ва арбаъина ва самаания миа вазъи аҳкоми зич кард”. Китоб соли 1275 ҳиҷрӣ иншо шудааст. Яке аз рисолаҳое, ки доир ба таърихи математика (охири асри XVIII – аввали асри XIX) маълумоти аҷиб медиҳад, ба қалами Ҷалолуддини Хатирчигӣ ибни Ниёз Муҳаммад дахл дорад. Асари дигар “Рисолаи мухтасари ҳисоб”  бошад, ба Мирзо Муҳаммад Шариф Махдум мутааллиқ аст. Дар он оид ба арифметикаи назарӣ чанде маълумоти мухтасар  оварда шуда, сипас аз хусуси тақсимоти мерос дар байни ворисон сухан меравад, ки “Ҳисоб ва машқи фароиз” ном дорад. Ҳар ду рисола ба таври омехта ба забонҳои арабӣ ва форсӣ бо хати настаълиқ навишта шудаанд. Рисолаи якум аз 7 фасл иборат буда, фасли аввал оид ба рақамҳои ҳиндӣ, фасли дуюм роҷеь ба  ҳисоби ҷумал, ё худ абҷад, фасли сеюм доир ба зарби аъдод (ададҳо), фасли чорум дар бораи баробариҳо, панҷум доир ба  масъалаҳои математикӣ, шашум оид ба каср, ҳафтум дар барои пайдо кардани махраҷи муштарак маълумот медиҳад. Дар охири рисола соли навишта шудани он – моҳи шавволи соли 1245 оварда шудааст, ки ба март-апрели соли 1830-юми милодӣ дуруст меояд. Дар ин радиф метавон рисолаҳои муфтии калони Самарқанд оид ба ҳуқуқшиносӣ, Алии Қушчӣ доир ба математика ва ғайраро чун намуна ном бурд. Қадимтарин маъхази он ба асри XIV тааллуқ дошта, асари Разиуддин Абулфазл ал-Ҳусайн бин Муҳаммад бин ал-Ҳусайн ас-Сағонӣ мебошад, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст. 
Ҳоло ҳозир ба рушду такомули кори шӯъбаи фавқуззикр бевосита сарвари донишгоҳ Р.Холмуродов сарпарастӣ намуда, сари  тадвини лоиҳаҳои давлатӣ адои вазифа дорад. То имрӯз ба миқдори беш аз 6 ҳазор адад дастхат картотека карда шудааст ва ҳоло ин ҷараён дар арафаи баанҷомрасӣ аст. Мувофиқи талаботи замон, бо истифодаи чунин маводи қадимиву таърихӣ гузаронидани дарс ба дарсазхудкунии донишҷӯён ва инкишофи ҷаҳонбинии онҳо кӯмаки калон мерасонад. Бо мақсади пурмаҳсул ва бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва инноватсияҳо бархурдор намудани таълим, дар баробари адабиёти дарсии аз ҷониби олимону мутахассисони ватанию хориҷӣ омодагардида, чунин сарчашмаҳои қадими таърихӣ низ самараи фаровони мусбӣ медиҳанд, зеро ин манбаъҳо ба соҳаҳои гуногуни илму фан мутааллиқ буда, маълумотҳои муфидеро дар бар гирифтаанд, ки то имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз ин боис, тайёр намудани мутахассисони донандаи забонҳои арабӣ ва форсӣ муҳим буда, дар донишгоҳ ба ин масъала эътибори калон зоҳир карда  мешавад. Дар ин радиф, агар шуъбаи дастхатҳои мазкур ба маркази захираи илмӣ-тадқиқотӣ табдил дода шавад, нуран ало нур мешуд, ба рушду нумӯь ва пешравии кори шуъба мусоидат мекард.

Абдуваҳҳоб ВОҲИДОВ,
мудири кафедраи  “Забонҳои Шарқи хориҷӣ”-и
Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Фозилҷон ШУКУРОВ,
устоди кафедраи  “Забонҳои Шарқи хориҷӣ”-и
Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: