Масъалаҳои минбаъд пурзӯр гардондани низоми маҳалла баррасӣ шуданд

  • Масъалаҳои минбаъд пурзӯр гардондани низоми маҳалла баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои минбаъд пурзӯр гардондани низоми маҳалла баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои минбаъд пурзӯр гардондани низоми маҳалла баррасӣ шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 26 сентябр оид ба чораҳои минбаъд пурзӯр гардондани низоми кор дар қисмати маҳаллаҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Дар мамлакати мо тамоми барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар маҳалҳо бо назардошти дархостҳои аҳолӣ ба амал бароварда мешаванд. Барои ин ба маҳаллаҳо ваколатҳои зиёд, имкониятҳои ташкилӣ ва молиявӣ дода шуданд. «Низоми панҷгонаи маҳалла», ки аз раиси маҳалла, ёвари ҳоким, фаъоли занон, пешвои ҷавонон ва нозирони профилактика иборатанд, ташкил карда шуд.

Дар баробари ин дар таъмини кори мутобиқшудаи онҳо камбудиҳо, такроркуниҳои ниҳоят зиёд ҷой доранд. Маблағҳое, ки барои дастгирии иҷтимоӣ ҷудо мешаванд, баъзан бесамар истифода мегарданд. Ҳалли масъалаҳои аҳолии камтаъмин ба идораҳои сатҳи вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ вобастаанд. Меъёрҳои баҳо додан ба фаъолияти кормандони маҳалла вуҷуд надорад. Онҳо қисми зиёди вақти худро барои пур кардани коғазҳо ва гузарондани ҷамъомадҳо сарф мекунанд.

Дар ҷамъомад чунин камбудиҳо таҳлил карда, ба такмил додан ва баланд бардоштани самарабахшии низом муносибатҳои нав муайян шуданд.

Инак, минбаъд ба ҳайати роҳбарикунандаи маҳаллаҳо корманди хидмати андоз ва корманди иҷтимоӣ шомил гардида, ҳамин тариқ «ҳафтгонаи маҳалла» ташкил карда мешавад.

Зиёда аз 70 масъала аз қабили бақайдгирии аҳолӣ эҳтиёҷманд, кумаки молиявӣ, субсид ва ҷудо кардани қарзҳо дар худи маҳалла бидуни муроҷиат ба шуъбаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба таври коллегиявӣ ҳал карда мешавад. Ба ғайр аз ин, маблағҳои фондҳои шуғл, соҳибкорӣ ва хонакорӣ бевосита ба ҳар як маҳалла ҷудо карда мешавад.

Дар маҳалла коргузории электронӣ ба роҳ монда мешавад. Се платформаи амалкунанда – «Маҳаллаи онлайн», «Занон», «Портали ҷавонон» ба низоми ягона муттаҳид карда мешаванд.

Ваколатҳои раисони маҳалла барои таъмини ҳамкории наздики «ҳафтгона» васеъ карда мешаванд. Онҳо ҳақ доранд дар бораи андешидани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ё ки ҷавобгарии интизомӣ ба ёвари ҳоким, пешвои ҷавонон, фаъоли бонувон, нозири профилактика, корманди хидмати андоз ва корманди фаъоли иҷтимоӣ тақдимнома ворид намоянд.

Вобаста ба ин ба шахсони масъул ҷиҳати дақиқ муайян намудани вазифаҳои «ҳафтгона» ва самти дурусти фаъолияти онҳо супориш дода шуд. Аҳамияти ба ҳалли мушкилот дар маҳаллаҳо ҷалб намудани ташкилотҳои илмӣ ва ғайридавлатӣ қайд гардид.

Дар ҷамъомад инчунин оид ба такмил додани низоми маҳалла чораҳои ташкилӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, оид ба рушд ва дастгирии маҳалла шӯроҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ҷорӣ карда хоҳанд шуд.

Ба шӯрои ҷумҳуриявӣ Сарвазир, шӯроҳои минтақавӣ – ҳокимон раҳбарӣ мекунанд. Шӯроҳо бо ҳалли масъалаҳои ба миён гузоштаи «ҳафтгонаи маҳалла», аз ҷумла масъалаҳои молиявӣ шуғл хоҳанд варзид.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки бо назардошти пешниҳодҳои дар рафти муҳокима изҳоргардида лоиҳаи ҳуҷҷатро бо зикр намудани сохтори ташкилӣ, ваколат ва манбаъҳои маблағгузории соҳа таҳия намоянд.

– Аз рӯзҳои аввали фаъолиятамон мо тамоми корҳоро бевосита дар маҳалла ҳамроҳи халқамон ба роҳ мемонем. Мо ин низомро тадриҷан инкишоф медиҳем. Ҳоло қувваю имкониятҳои иловагӣ дода мешаванд. Маҳалла – такягоҳи асосии кишвари мо, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар хотимаи ҷамъомад вазирону ҳокимон, раисони маҳаллаҳо дар маҳалҳо дар бораи чорабиниҳое, ки дар соҳа гузаронда мешаванд ва нақшаҳои минбаъдаи кор бо назардошти супоришҳои нав маълумот доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: