«БОҒИ НАРШАХӢ»

Шаш моҳ муқаддам деҳқонбозори «Тӯқимачи»-и шаҳри Бухоро ба ҷои дигар кӯчиду қариб ду гектар ҷои он партавгоҳ гардида, табъи бинандагонро хира мекард.

 Дере нагузашта дар ин ҷо фикри ташкил кардани боғ ба миён омад. Бо ин мақсад чораю тадбирҳои зарурӣ дида шуд. Ба туфайли азму кӯшиши кормандони садорати ободгардонӣ ва бинокорони моҳир дар муддати кӯтоҳ  дар ин ҷо ҳазор бех ниҳол шинонда, хиёбони сабз ҳосил карданд. Мувофиқи нақша фаввораю нимкат, роҳи пиёдагардҳову чароғҳои зебо сохта шуданд. Ҳамин тариқ барои амалӣ шудани ин корҳо қариб 3 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Дар натиҷа на фақат барои онҳое, ки дар ин минтақаи шаҳр истиқомат мекунанд, балки барои меҳмонон низ истироҳатгоҳи нав арзи вуҷуд кард. Дар боғ барои гузаронидани тадбирҳои гуногуни маданию маърифатӣ ва шавқовар баргузор намудани вақти бачагон имкониятҳои қулай фароҳам оварда шудааст. Дар маросими тантанавии кушодашавии он, ки номи муаррихи асри Х  Муҳаммад Наршахиро гирифтааст, роҳбарони секторҳои вилояту шаҳр, намояндагони ҷамоат иштирок карданд. Онҳо бо шароити фароҳамовардашудаи «Боғи Наршахӣ» аз наздик шинос шуданд. Барномаи консертӣ ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшид.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: