БУХОРО – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ

Соли равон пешбинӣ шудааст, ки дар Бухоро чаҳор сана дар миқёси байналхалқӣ ҷашн гирифта мешавад.

Султонмурод ОЛИМ
ШАРАФИ ШАРИФӢ
Эссе 
Соли равон пешбинӣ шудааст, ки дар Бухоро чаҳор сана дар миқёси байналхалқӣ ҷашн гирифта мешавад. Созмони конфронси исломӣ доир ба масоили таълим, илму фан ва фарҳанг – АЙСЕСКО (ISESCO) дар соли 2020 шаҳри Бухороро “Пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон кард. Барилова, имсол тантанаҳои  ҷашни 915-солагии зодрӯзи Хоҷа Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ, 700-умин солгарди Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, 500-солагии  (ба ҳисоби солшумории ҳиҷрӣ) бунёд гардидани мадрасаи “Мири Араб” баргузор хоҳад шуд.                                                                                         
Ин навиштори адабиётшиноси шинохта, сармуҳаррири маҷаллаи “Нақшбандия” Султонмурод Олим ба равшан намудани мавзӯи “Бухоро — пойтахти фарҳанги исломӣ” бахшида шудааст.  

АЙСЕСКО ҳар сол се шаҳри дунёро “Пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон мекунад. Яке аз ин шаҳрҳо аз мамлакатҳои араб, дигараш аз Африқо, сеюмаш аз кишварҳои  аҳолии мусалмонашон бештари Осиё интихоб мешавад.                                                                                                                
Дар cоли 2020 аз Осиё шаҳри Бухоро, аз давлатҳои араб Қоҳираи Миср, аз Африқо шаҳри Бамакои Мали ба мақоми “Пойтахти фарҳанги исломӣ” сазовор дониста шуданд.  Ба дӯши шаҳрҳои мазкур вазифаи дар тӯли сол омӯхтани мероси исломӣ, ба амал татбиқ намудани чорабиниҳои маданию маърифатӣ доир ба муайян намудани  мавқеи имрӯзаи “пойтахт”- ҳои мазкур дар олами ислом гузошта шудааст. Дар яке аз ин се шаҳр анҷумани вазирони фарҳанги давлатҳои узви Созмони ҳамкории ислом низ баргузор хоҳад шуд. Хабар доред, ки соли 2007-ум шаҳри Тошканд “Пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон гардида буд.                                                                                                                      
Сабабу омилҳо                                                                                                                                   
Албатта, АЙСЕСКО, қабл аз қабул кардани қарор, дар навбати аввал ба назар мегирад, ки ин ё он шаҳр дар тӯли таърих ба рушди тамаддуни исломӣ то куҷо саҳм гузоштааст.                                                                                                                                
Бухоро дар тӯли таърих дар Осиёи Марказӣ маркази таълимоти исломӣ маҳсуб меёфт. Дар асрҳои миёна ба он унвони “Қуббат-ул-ислом” (“Гунбази ислом”) дода шудааст.                                                                      
Ин байт аз он аҳд ба ёдгор монда:                                                                                                 
Самарқанд сайқали рӯйи 
замин аст,                                                                                          
Бухоро “Қуббат-ул-ислом”-и 
дин аст.                                                                                                   
Дар аҳди Шӯравӣ низ дар Иттифоқ ба сифати нахустин муассисаи таълими исломӣ мадрасаи Мири Араб аз нав ба фаъолият шурӯъ карда буд.  Он барои ҳудудҳое, ки мусалмонон бештар умр ба сар мебаранд, мутахассис тайёр кардааст. Аз ҷумла, сармуфтии мусалмонони Русия Шайх Равил Гайнуддин, раиси идораи мусалмонҳои Қафқоз, муфтӣ Шайх -ул-ислом Аллоҳшукур Пошшозода, раиси аввалини идораи мусалмонони Қазоқистон, муфтӣ Ратбек Нисанбаев, раиси  аввалини идораи мусалмонони Туркманистон , муфтӣ Насрулло Ибодуллоев, муфтии Санкт-Петербург Ҷаъфар Пончаев, раиси идораи мусалмонони Қазон, муфтӣ Шайх Талъат Тоҷиддин, раиси идораи мусалмонони Қафқози Шимолӣ, муфтӣ Исмоил Бердиев, муфтии Нижний Новгород Умар Идрисов, нахустин Президенти Ҷумҳурии Чеченистон Аҳмадҳоҷӣ Қодиров, ҳамчунин, шодравон Шайх Муҳаммад Юсуф Муҳаммад Содиқ, раиси идораи мусалмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Усмонхон Алимов ва уламои зиёде дар мадрасаи Мири Араб таълим гирифтаанд.                                                                                                                                         
Дар тӯли солҳои истиқлолият бобати барқарор намудани арзишҳои исломӣ дар шаҳр корҳои бузург ба амал татбиқ гардиданд. Соли 1997-ум 2500-солагии шаҳри Бухоро дар миқёси байналхалқӣ мутантан ҷашн гирифта шуда буд. Ба муносибати ин сана дар шаҳр корҳои бузурги ободсозӣ ва таъмирию таҷдидӣ ба амал татбиқ гардиданд. Ин ҷараён ҳанӯз идома дорад. Имрӯз Бухоро ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир ёфта, ба шаҳре табдил ёфтааст, ки таърихи куҳнаро дар канор дорад.                                                                                                                        
Кишвари мадрасаҳо ё худ “моҷаро”-и Шарқу Ғарб                                                                                              
Ин гуфта: ҳамаи чизҳое, ки ҳоло бани башар дар рӯзгораш истифода мебарад, хусусан, воситаҳои техникӣ ва технологияҳоро аврупоиён ихтироъ намудаанд, ҳақиқати раднопазир аст. Аммо пӯшида нест, ки дар ин росто аз илму ихтирои шарқиён пурсамар истифода бурда мешавад.                                             Дар Ғарб ҳодисаҳои ночизеро, аз қабили “Ин чиз нахустин бор дар мо ихтироъ шудааст”, “Падари ин ё он фан дар мо зуҳур кардааст”, “Таърихи ин ё он халқ аз мо шурӯъ шудааст”... ба шаҳрошӯб табдил медиҳанд.  Аммо ин гуфтаҳо бештар барои худи Ғарб навгонӣ маҳсуб меёбаду аз нодонӣ, ё дидаву дониста онро дар миқёси ҷаҳон ба сифати ҳодиса талқин менамоянд. Шарқ  корвони вазнину пурбор аст. Бо чунин суханон худро тасаллӣ медиҳад: “Бигузор, садо баланд кунанд, оқибат ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид...”.                                                                                                                          
Дар рӯйи замин муносибат ба таърихи пайдоиши низоми таълими олӣ низ мисли ҳамин аст. Олими туркшинос Василий Радлов (1837 - 1918) ХIХ вақте дар кишварамон сафари илмӣ анҷом медод, дар китоби хотираҳояш “Аз Сибир”  ҳайрати худро аз он, ки дар сартосари мамлакати “беинжинер” як низоми мукаммали ирригатсионӣ  рӯйи кор омадааст, пинҳон дошта натавонистааст. Зеро дар тасаввури ӯ ва аврупоиён Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, як минтақаи қашшоқу пасмондаест. Онҳо дар ин хусус муттакӣ бар онанд, ки дар мо муассисаҳои таълими олии ҳаммонанди муассисаҳои таълими олии Ғарб вуҷуд надоштаанд. Дар тасаввури онҳо дар мадрасаҳои мо танҳо таълими илмҳои динӣ  ба роҳ монда шуда буд. Ҳол он ки дар гузашта, хоссатан дар қарнҳои IX–XII ва  XIV—XV ба рушди тамаддуни Шарқи исломӣ саҳми илму фан ва фарҳанги  Осиёи Марказӣ назаррас будааст. Суоле табиӣ пайдо мешавад, ки мадрасаҳо аввал дар кишварҳои мо арзи ҳастӣ намудаанд ё дар Маккаю Мадина? Ҳақиқат ин аст, ки мо таърихамонро ҳанӯз хуб намедонем.  Ба наздикӣ асареро, ки дар асоси воқеаҳои асри Х навишта шудааст, хондам. Дар он қаҳрамон – ҷавони самарқандӣ ва хатмкардаи мадрасаҳои Маккаю Мадина ба сифати як олими бузург қаламдод шудааст.  Бояд дақиқ муайян намуд, ки дар Маккаю Мадина оё мадрасае вуҷуд  дошт?  Зеро Ал- азҳар, ки дар олами араб донишгоҳи бузургтарин маҳсуб меёбад, соли 988 таъсис ёфтааст. Он низ, дар асл, муассисаи таълими динӣ маҳсуб меёфт. Амалан дар охири қарни XIX мақоми донишгоҳи замонавиро гирифтааст. Сари чанд вақт мардум ин гуфтаро ба забон меоварад: “Гарчи решаи дарахти ислом дар марзи араб аст,  аммо он дар Мовароуннаҳр шоха кард”. Ин гуфтаи беасос нест. Зеро рушди дини муқаддасамонро, бе мероси илмию маърифатии алломаҳое, ки дар Осиёи Марказӣ зуҳур кардаанд, наметавон тасаввур кард.                                                                                                                                 
Касе, ки рисолаи академик Ботурхон Валихӯҷаев “Мадрасаҳои аҳди Мирзо Улуғбек”-ро (2001)  хондааст,  ба фикри муаллифи асари бадеие, ки дар боло аз он сухан ба миён омад, ҳамроҳ шуда наметавонад. Зеро то имрӯз дар илм нуқтаи назаре мавҷуд аст, ки таърихи мадрасаҳои олами ислом аз қарни Х шурӯъ шудааст. Булъаҷаби дигараш ин аст: уламо мӯътақиданд, ки нахустин мадрасаҳо дар асри Х на дар Арабистон, балки дар Нишопури Эрон бунёд гардидаанд. Ин нуқтаи назар низ саҳеҳ набудааст. Муҳаммади Наршахӣ “Дар таърихи Бухоро” овардааст, ки дар Бухоро бар асари боронгарии зиёд мадрасаи Форҷак хеле зарар дид. Бо такя ба ин оварда, муаллифи рисола натиҷа мегирад, ки мадрасаҳо дар Мовароуннаҳр дар охири асри VIII пайдо шуда, дар давраи гул-гулшукуфии давлати Сомониён (қарнҳои IX–X) бештар бунёд гардидаанд.                                                                                                                                       
Бад-ин тариқ, рисолаи таълифнамудаи Ботурхон Валихӯҷаев “умр»-и муассисаҳои таълими олиро ба ду аср дароз мекунад ва ба масъалаи ватани аслии мадрасаҳо куҷост равшанӣ меандозад, ки нахустин мадрасаҳо дар асри Х на дар Нишопур, балки дар асри VIII  дар Мовароуннаҳр пайдо шудаанд. Ин ҷо дар навбати аввал мадрасаҳои Бухоро дар мадди назар дошта шудаанд. Дар мо ҳокимону сарватмандон на  хонаҳои шахсии муҳташам,  балки масҷиду мадраса ва мақбараю хонақоҳ сохтаанд. Ку, бигӯед, дар кадом шаҳр аз сармоядорони мо хонаҳои муҳташами шахсӣ ба ёдгор мондаанд?  Дар аҳди пеш ҳеч кас масҷиду мадрасаҳоро пайи судҷӯйӣ бунёд накардааст. Зеро баъди қад афрохтани бино он ба ихтиёри толибони илм чун вақф дода шудааст.  Вақте мулк вақф шуд,  он  пурра аз ихтиёри такядор (ҳомӣ) мебарояд. Мадрасаҳо, дар баробари  илмҳои динӣ, барои омӯхтани илмҳои дунявӣ  низ вазифаи мактабро иҷро кардаанд. Пӯшида нест, ки бисёр нобиғагони илму фане, ки зодаву парвардаи ин марзу буманд, ба тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Мероси маънавии ба ёдгор гузоштаи онҳо чанд қарн аст, ки қути бани башар аст. Мадрасаҳои сершумори Бухорои куҳан ба шуҳрати он афзудаанд. Он шаҳре буд, ки толибилмон ба канораш аз гӯшаҳои гуногуни дунё барои илм омӯхтан меомаданд. Ин анъана дар асрҳои баъдӣ низ идома пайдо кардааст. Муаррихи аҳди Аштархониён Маҳмуд ибни Валӣ (қарни XVII) хидмати Бухороро ба сифати маркази илмӣ чунин арзёбӣ мекунад: “Аз он ки олимонаш зиёданд, ин шаҳрро “чашмаи уламо ва илму фан” номидаанд. Сайёҳи рус Н. Хаников дар хотираҳои худ дар бораи Бухоро ба сифати маркази донишҳои диниву дунявӣ фармудааст: “Бухоро маркази интишори илм буду ҳаст”.                                                                                                                                                
Дар асрҳои миёна мадрасаҳои Бухоро ба сифати маскани илму дониш на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Шарқи мусалмон низ машҳур буд.  Дар қарнҳои XIX–XX дар мадрасаҳои Бухоро бузургоне мисли Аҳмади Дониш, Мавлоно Муқимӣ, Садриддин Айнӣ, Абдурауф Фитрат таълим гирифтаанд. Дар ҳоли ҳозир дар Бухоро  4 муассисаи таълими олӣ, 1 филиали муассисаи таълими олӣ, чанд муассисаи таълими миёнаи махсус кору фаъолият доранд.                                       
Шарифии Бухоро дар чист?                                                                                                     
Мақоми шарифӣ дар асл ба шаҳрҳо дода мешавад. Дар олами ислом Маккаи мукаррама, Маданаи мунаввара, Қуддуси шариф, Димишқи шариф, Бағдоди шариф, Мазори шариф ва Бухорои шариф сазовори чунин мақом гардидаанд. Аммо ҳар як шаҳр маркази ҳудуде маҳсуб меёбад.  Аз ин рӯ, рӯзгоре вақте “Бухорои шариф” мегуфтанд, ин шараф ба тамоми хонигарии Бухоро (дертар аморат) тааллуқ дошт. Ҳоло ин ном ба тамоми вилоят нисбат дода мешавад. Бинобарин, вақте тавассути вилояти Навоӣ аз болои кӯпруки Зарафшон гузашта, ба вилояти Бухоро ворид шавед, чашматон ба навиштаҷоти “Ба Бухорои шариф хуш омадед!” меафтад. Ё дар баъзе манбаъҳо чашматон, ба ҷойи “Димишқи шариф”, ба ибораи “Шоми шариф” меафтад. Шом ҳудуди бузургест, ки Димишқро дар канор дорад, рӯзгоре тамоми мамлакат номи Шомро гирифта буд.                                                                                                                                    
Мо калимаву ибораҳои зиёдеро кор мефармоему ба ҷойи баромад ва маънояшон эътибор намедиҳем. Ҳол он ки дар замири бузургдошти ин ҳафт шаҳри шариф сабаб, маънову мазмуни муайяни динӣ нуҳуфтааст. Вале моро бештар сабаби шариф номида шудани Бухоро мутаваҷҷеҳ месозад. Китоби “Таърихи Бухоро”, ки зодаву парвардаи деҳаи Наршахи ноҳияи Вобкенти вилояти Бухоро, муаррихи бузург Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ дар бораи гузаштаи Осиёи Марказӣ навиштааст, нахустин сарчашмаест, ки ба олими мо мутааллиқ аст.  Бо вуҷуди бузургҳаҷмӣ тасмим гирифтем, ки аз ин китоб пораеро иқтибос оварем:  “Дар ҳадисе номи “Бухоро” “Фохира” омадааст. Хоҷаимом, зоҳид ва воиз Муҳаммад ибни Алии Нуҷободӣ (дуруд ва раҳмати Худо бар ӯ бод!)   аз Салмони Форсӣ  (вай дар асл эронӣ буда, яке аз саҳобагони паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) маҳсуб меёфт, соли 655 вафот кардааст – С. О) ҳадисе ривоят кардааст. Бино ба нақли Салмон, паёмбар (раҳмату дуруди Худо бар ӯ бод!) чунин гуфта: “Ҷабраил (раҳмати Худо бар ӯ бод!)  гуфтааст:  дар самти тулӯъи офтоб манзилест, ки онро “Хуросон” гӯянд, се шаҳри онро дар рӯзи қиёмат бо ёқуту марҷон биороянд; аз онҳо нур интишор ёбад; дар гирду атрофи ин шаҳрҳо фариштагон бисёранд, онҳо тасбеҳ, ҳамд ва такбир мегӯянд; мисле ки арӯсро ба хонаи домод баранд, он шаҳрҳоро бо иззату икром ба маҳшаргоҳ  мебаранд. Дар ҳар яки ин шаҳрҳо ҳафтод ҳазор парчам (байрақ), дар зери ҳар як парчам  ҳафтод ҳазор шаҳидест ва ба шарофати ҳар як шаҳид ҳафтод ҳазор  нафари форсигӯйе, ки Худоро “ягона” меҳисобанд, аз ранҷу азоб раҳоӣ ёбанд. Дар рӯзи қиёмат ҳар як тарафи он шаҳрҳо – росту чап, пешу пас даҳрӯза роҳ буда, дар ҳар тараф шаҳидон  бошанд”.                                                                                                             Ҳазрати паёмбар (дуруд ва раҳмати Худо бар ӯ бод!) суол кард: “Эй Ҷабраил! Он шаҳрҳо чӣ ном доранд? Ҷабраил (дуруди Худо бар ӯ бод!)  посух дод: “Номи яке аз шаҳрҳо дар арабӣ “Қосимӣ” бошад, ки ба форсӣ  “Яшкард” гӯянд;  номи дигараш дар арабӣ “Самарон” бошад, ки ба форсӣ “Самарқанд” гӯянд; сеюмаш дар арабӣ “Фохира” бошад, ки ба форсӣ “Бухоро” гӯянд. Паёмбар (дуруд ва раҳмати Худо бар ӯ бод!) суол кард: “Эй Ҷабраил! Чаро “Фохира” гӯянд?  Ҷабраил посух дод: “Зеро дар рӯзи қиёмат зиёд будани теъдоди шаҳидон мояи фахру ифтихори ӯст”. Пайғомбар (дуруд ва раҳмати Худо бар ӯ бод!) гуфт: “Эй Худо! Ба Фохира баракат ато кун, дили халқҳои онро бо тақво пок нигаҳ дор, корҳояшонро покиза намо ва дили онҳоро ба умматони ман меҳрубон соз!”                                                                                                                 
«Бад-ин маънӣ ба раҳмдилию эътиқодмандӣ ва покии бухороиён тулӯъу ғуруби офтоб гувоҳ аст”. (Ниг. Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ, “Таърихи Бухоро”, Тошканд, “Фан”, соли 1966, саҳ. 27-28). 
Муаррихи қарни XV Аҳмад ибни Маҳмуди Бухорӣ дар асари худ “Таърихи Муллозода” бо такя ба асари Маҳмуди Замахшарӣ “Рабеъ-ул-аброр” ин ҳадисро овардааст:  “... Ҷабраил (а.с.) зикри кадоме аз шаҳрҳоро овард ва онро “Фохира” номид, ки ба форсӣ “Бухоро” бошад. Ба ӯ Расулуллоҳ (с.а.в.) гуфт: “Чаро “Фохира” гӯянд?”. Ӯ гуфт: “Аз он, ки ин шаҳр дар рӯзи қиёмат ба сабаби бисёр будани шаҳидонаш фахр мекунад”... (Аҳмад ибни Маҳмуди Бухорӣ. “Таърихи Муллозода. Зикри мазорҳои Бухоро”, Тошканд,  нашр.“Янги аср авлоди”, 2009, саҳ,19).                                                 
Шояд ба сари ҳар касе, ки ин ҷумлаҳоро хондааст, чунин фикр ояд: “Шояд ба ҳамин сабабҳо Бухороро Бухорои шариф гӯянд”. Ин натиҷагирии якум.                                                                  
Тахмини дуюм ин аст, ки  баъзеҳо инро аз шарофати Абӯҳафси Кабири Бухороӣ  донистаанд, ки ба васеъ паҳн кардани мазҳаби фақеҳи бузург Имоми Аъзам дар Осиёи Марказӣ саҳми назаррас доштааст. Дар Бухоро он зотро “Ҳазрати имом” номидаанд. Дар солҳои истиқлолият болои қабри эшон мақбарае қомат афрохт.                                                                                                       
Тахмини сеюм: аксарият бар онанд, ки шарифии Бухоро  ба номи муқаддаси Имом Бухорӣ, ки дар олами ислом баъди Муҳаммад (с.а.в.) мавқеи мӯътабар дорад, вобаста аст. Зеро ин ҳамватани мо ҳадисҳои Расулуллоҳ (с.а.в.)-ро полуда, асолаташонро ҳифз кардааст. Тавре ки Президенти муҳтарами мо Шавкат Мирзиёев аз минбари волои СММ қотеъона таъкид намуд: “Саҳеҳи Бухорӣ” китоби муътабарест, ки дар олами ислом  баъди Қуръони карим  дар ҷойи дуюм қарор дорад.                                                                                                            
Тахмини чаҳорум ба ҳафт пир тааллуқ дорад. Зеро, агар гӯем, ба шарофати ҳамин ҳафт пир, ки тариқати хоҷагон-нақшбандияро ба олами ислом интишор додаанд, Бухоро ба “Бухорои шариф” табдил ёфт, аз мантиқ дур нест. Баъзе шояд чунин меҳисобанд, ки Бухоро ин номи муътабарро маҳз ба шарофати Баҳоуддини Нақшбанд гирифтааст. Зеро ин зоти шариф тасаввуферо, ки дар канори ислом пайдо шуда буд, ба мақоми олӣ бардошт, ба он нафаси ҳаётро дамид.                                                                      
Тахмини панҷум ин аст, ки баъзеҳо шарифии Бухороро дар он мебинанд, ки мадрасаҳояш зиёданд. Адиби бузург Абдурауф Фитрат (1886-1938) дар асари худ “Баёноти сайёҳи ҳинд” аз забони дӯсти бухороии саёҳи ҳинд изҳор доштааст, ки дар Бухоро қариб 200 мадраса вуҷуд дорад.                                                                                                                                    Тахмини шашум низ ҳаст, ки ба номи Абӯалӣ ибни Сино иртибот дорад. Беъзеҳо бар онанд, ки ба туфайли донишу бинишҳои илмии ӯ номи Бухоро вирди забонҳо шудааст.         
Аммо ҳақиқати дигаре вуҷуд дорад, ба рӯйи ҳамаи ин тахминҳо хати бутлон мекашад. Дар мақолаи олими шинохта, доктори илмҳои таърих Қаҳрамон Раҷабов, ки ба Сайфиддин Бохарзӣ  бахшидааст, маълумоте ҳаст, ки ба ин масъала равшанӣ меандозад. Дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст: “Тавре ки дар “Таърихи Банокатӣ” (асри XV) оварда шудааст, модари  хоқонҳои муғул Мункэхон (1251-1260), Ҳулагухон (1256-1265) ва Ҳубилайхон (1259-1294)–Суюркӯктани бека  (беваи Тулуй) дар Бухоро баъди созондани мадрасаю хонақоҳҳо ба онҳо деҳаҳои зиёдеро вақф намуда, Шайх Сайфиддини Бохарзиро мударрис ва мутаваллӣ таъин кард. Шайх дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии Туркистон мавқеи калон дошт. Хони Олтин Ӯрда Беркахон (набераи Чингизхон, солҳои ҳукмрониаш —  1255-1266) муътақиди ӯ гардида, ба Бухоро меояд ва муршидии пирро пазируфта, дини исломро қабул мекунад. Беркахон баъди қабули ислом, ба худ номи “Баракахон”-ро мегирад ва дар ҳудуди давлати бузурге, ки аз Қафқози Шимолӣ то Сибир тӯл кашида буд, дини исломро ҷорӣ намуда, масҷиду мадрасаҳо месозонад. Баъди ин воқеа ба Сайфиддини Бохарзӣ унвони “Шайх-ул-олам”, ба шаҳри Бухоро бошад мақоми “Бухорои шариф” дода шудааст... Сайфиддини Бохарзӣ дар мавзеи Фатҳобод (дар рӯ ба рӯйи дарвозаи Қаршӣ) дафн шудааст. (Раҷабов Қ. Сайфиддини Бохарзӣ, — “Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон”, Ҷилди 7, Тошканд». Энсиклопедияи миллии «Ӯзбекистон», 2004, саҳ. 434).                                                                                                       
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ байти арабие дорад, ки ин аст:                                                          
Кафа бил-маъра иъзан ва
 ифтихоро,                                                                                                       
Бана қада кана масвоҳу 
Бухоро.                                                                                                 
Дар ин байт ба шаҳри шариф арҷ гузошта шудааст, мазмун: “Ҷилваи Бухоро дар ин намо барои фахр ифтихори зоти инсоне, ки онро офаридааст, кифоя мекунад”.                                                                       
Дар асри XV Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Бухороро бад-ин тарз ситудааст: 
Сикка, ки бар Ясрибу Батҳо 
заданд,                                                                                           
Навбати охир ба Бухоро 
заданд. 
Аз хати он сикка нашуд 
баҳраманд,                                                                                            
Ҷуз дили бенақши шаҳи
 Нақшбанд.                                                                                           
В-он гуҳари пок на ҳар ҷо 
бувад,                                                                                                 
Маъдани он хоки Бухоро 
бувад.                                                                                             
Алишер Навоии бузург гарчи як муддат дар Самарқанд таълим гирифта, Бухороро надида бошад ҳам, дар баъзе ғазалҳояш ба таърифу тавсифи он пардохтааст. Мисол:                                                                                                                   
Азми Бағдоду Бухоро айлаган 
аҳбоб учун,                                                                             
Берса тонг йӯқ элга ашким 
Дажлаву  Жайҳунни ёд.                                                                
Мазмуни байт: барои дӯстоне, ки азми Бағдоду Бухоро кардаанд, аҷаб нест, ки чашмҳоям Даҷлаву Ҷайҳунро ба ёд оранд.                                                                                                                     Бузургвор Бобораҳим Машраб (1640—1711) дар васфи Бухоро мухаммасе дорад, ки банде аз онро ин ҷо овардан мувофиқи мақсад аст:                                                                                                 
Миёни ин вилоят мулки 
амният Бухорояст,                                                                                
Канори баҳри раҳмат гавҳари 
қимат Бухорояст,                                                                             
Шарифу ҳам латифу афзали 
мулкат Бухорояст,                                                                                    
Ки то явм-ул-ҷазо бенуқсу 
беофат Бухорояст,                                                                       
Чаро ки кони илму тақвию тоат 
Бухорояст.                                                                            
Диёри авлиё                                                                                                                                                    
Дар “Насоим -ул-муҳаббат”-и Навоӣ Бухоро 19 маротиба ба забон гирифта шудааст. Дар асар ватани аслии баъзе шайхон ба забон гирифта нашуда бошад ҳам, маълум аст, ки бухороиянд.  Баъзе шайхон худ бухороӣ набошанд ҳам,  дар ин ҷо истиқомат кардаанд ё қабрашон дар ин ҷост. Баъзе шайхон як муддат дар ин ҷо таҳсил кардаанд. Хулоса, шайхони бухороӣ инҳоянд: Абӯбакр Фозилбони Бухорӣ, Хоҷа Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ, Хоҷа Орифи Ревгарӣ, Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ, Хоҷа Алии Ромитанӣ, Хоҷа Маҳмуд Бобои Самосӣ, Саййид Амири Кулол, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, Хоҷа Алоуддин Аттори Бухорӣ, Хоҷа Муҳаммад Порсои Бухорӣ, Хоҷа Ҳофизиддин Абӯнаср Муҳаммад Ҳофизи Бухорӣ, Хоҷа Ҳасани Аттор (писари Алоуддин Аттори Бухорӣ), Хоҷа Алоуддини Ғиҷдувонӣ, Мавлоно Низомиддини Хомӯш, Шайх Абулаббос Қассоби Омулӣ (Омул, яъне Чорҷуйи имрӯза дар он аҳд дар таркиби Бухоро буд). 

СИЁСАТИ ПАЙГИРОНА                                                                                                                          

Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев 10 марти соли 2017 вақте аз маҷмаъи Баҳоуддини Нақшбанд дар Бухоро дидан кард, доир ба боз ҳам обод кардани ин мавзеъ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зоирин ба мутасаддиён супоришҳои дахлдор дод. Ӯ баъди як сол, яъне 16-17 феврали соли 2018 ба вилояти Бухоро ташриф оварда, зиёратро айнан аз ин ҳудуди муқаддас оғоз намуд. Корҳои дар тӯли як сол анҷомдодаро аз назар гузаронд.                                                                                                                                           Ба роҳбари давлат бино  ба корҳое, ки дар доираи таҷдиду таъмири маҷмаъҳои мазкур ва кушодани самтҳои нави сайёҳӣ рӯйи кор омадаанд, маълумот дода шуд.  Таъкид гардид, ки аз нав таъмир кардани маҷмаъҳои мазкур, бунёди иншооту биноҳои иловагӣ, обод кардани гирду атрофи онҳо, сохтани меҳмонхона, чойхона, маҷмаъҳои тиҷоратӣ, қароргоҳи автомобил ба нақша гирифта шудаанд. Президент доир ба ташкили инфрасохтори замонавӣ дар қади роҳҳои байни маҷмаъҳо супориш дод.
— Дар қад-қади роҳҳои байни оромгоҳҳои ҳафт пир дар бораи онҳо лавҳҳои маълумот насб гардад. Бигузор, зоирин донанд, ки онҳо кӣ будаанд. Барои ин бояд ба омода кардани кадрҳо эътибор диҳем, — гуфт ӯ.                                                                                                                                                
22 феврали соли 2018 таҳти раёсати Президенти мамлакат  бахшида ба зиёд кардани омаду рафти сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ, беҳ сохтани хидмати сайёҳӣ ва афзудани намудҳои он ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуда буд. Дар он, аз ҷумла, ҳисоботи масъулин доир ба ташкил додани ҳудуди сайёҳие, ки дар шаҳрҳои қадимӣ шабу рӯз кор мекунанд, минтақаҳои сайёҳии “Бухорои қадимӣ” ва “Самарқанд-сити”  шунида шуд.                                                                                                                                      
29 апрел-1 майи соли 2018 бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон бо сафари расмӣ ба мамлакатамон омад ва 1 май ба Бухоро ташриф овард. Вай аввал маҷмаъи Баҳоуддини Нақшбандро зиёрат намуд. Соли 2017 бо ташаббуси Президентамон дар ҳудуди маҷмаъа  мадрасаи олии Мири Араби Идораи масалмонони Ӯзбекистон  ба кор шурӯъ карда буд. Ин даргоҳ, баъди Донишкадаи исломии Тошканд ба номи Имом-ал-Бухорӣ, дар мамлакат дуюмин муассисаи таълими олии исломӣ гардид (Академияи исломии Тошканд муассисаи таълимии давлатиест, ки дар баробари таълими динӣ таълими дунявӣ низ медиҳад). Ба Президенти Туркия доир ба таъриху фаъолияти мадрасаи мазкур маълумот дода шуд. Меҳмони олимартаба изҳор дошт, ки замини муқаддаси Ӯзбекистон  гаҳвораи алломаҳои бузург аст, ӯ ба таъриху мероси фарҳангии ғании мо арҷ мегузорад.                                                                                                                                        
Президенти Туркия бо ҳамроҳии сарвари мамлакатамон аз ҳисори Арк ва маҷмаъи Пойи Калони қадимии шаҳр дидан кард. Дар мадрасаи Мири Араб ба арвоҳи гузаштагон тиловати сураҳои Қуръон ба вуқӯъ пайваст. Меҳмони олимартаба дар қисмати таърихии шаҳри Бухоро (аз Арк то маҷмаъи Лаби Ҳавз) бо намоишгоҳе, ки дар  он маҳсулоти зардӯзӣ, заргарӣ, гилемдӯзӣ, кашидадӯзӣ, кулолгарӣ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуд.                                                               
8 майи соли 2018 фармоиши Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тасвиб расид. Дар он, аз ҷумла, “Барномаи  ба амал татбиқ намудани  чорабиниҳои ташкилию амалӣ, маданию маърифатӣ ба муносибати соли 2020 “Пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон гардидани шаҳри Бухоро “Харитаи роҳ” низ тасдиқ гардид”.                                                                                                              
Чунин сиёсати пайгирона ба дину мероси маънавӣ дар Ӯзбекистон аз назари аҳли ҷаҳон дар канор намондааст. 26 июли соли 2018 дар таърихи ИМА бори аввал дар Вашингтон доир ба масъалаҳои озодии дин дар сатҳи вазирони мамлакатҳо конфронс баргузор шуд. Дар он аз 80 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, аз Ӯзбекистон низ намояндагон ширкат ҷустанд. Дар чорабинӣ қайд гардид, ки кишвари мо дар таъмини озодии инсон комёб мегардад, роҳбарияти мамлакат ислоҳотро дар ин самт пайгирона идома медиҳад. Аз ҷониби аҳли ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид, ки шаҳрвандони мо натиҷаи корҳои амалиеро, ки сиёсати нав дар бахши дин ва озодиҳои инсон пиёда месозад, эҳсос менамоянд.                                                                                                                                    
Бале, мерос шабеҳи решаи дарахт аст. Реша ҳар қадар умқ дошта бошад, дарахт ба он андоза нашъунумӯ мекунад ва меваи фаровон медиҳад. 
Бухоро – Ватан                                                                                                                                 
Ҳамагӣ 30 сол аст, ки мо ба сифати халқ, ба маънои замонавиаш соҳиби давлати миллӣ гардидем.  Дар ин фурсати кӯтоҳ мо халқ,  миллат шудем, ки мояи ифтихор аст.                                                                                                     
Бухоро дар навбати аввал аз они мост, дар баробари ин, аз они бани башар низ мебошад. Ҳар қадар бо он фахр кунем, меарзад. Мо ба макону мавзеъҳои бостониву бӯстониамон ҳар қадар арҷ гузорем, аҳли дунё низ ба он андоза эҳтиром менамояд. “Пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон гардидани Бухорое, ки ба рушди тамаддуни исломӣ саҳми назаррас гузоштааст, ба шаъну шарафи он меафзояд.                                                                                                         
Мо ҳақиқатеро бояд ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки дар рӯйи Замин шаҳрҳои бузурге мисли Бухорои шариф он қадар бисёр нестанд.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: