ФАЪОЛИЯТИ ҲОЗИРАЮ ОЯНДАИ «МУХТАСАР ТЕКСТИЛ»

То соли 2022 Юнусҷон Шарифов оилавӣ дар Русия 20 сол кору зиндагӣ кард.

 Гоҳо нобарориҳои мусофирӣ  низ  тоқати ӯро мешикаст. То ин сол дар Ватани мо бисёр ислоҳоту дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ рух дода, ба соҳибкорон роҳи фарохи пешрафт кушода шуд. Аз ин тағйирот дар мусофират хабар ёфта,  Юнусҷон бо оилааш аз Русияи дурдаст ба зодгоҳи  худ — шаҳри Чуст баргашт. Аввал як молхонаи калон сохта, дар он бо чорводорӣ машғул шуд. Бо ин кори хонагӣ ҳоли ӯ бад нашуд. Баъд писарашро хонадор кард. Рӯзе келинаш Мухтасари таҷрибадор гуфт: 
— Ба ман 5 мошини дарздӯзӣ харед.
Юнусҷон рад накард. 5 мошини дарздӯзии овардаашро ба як хонааш ҷойгир кард. Дар ин ҷо Мухтасар бо дӯзандаҳо кор сар кард. Корхонаи хурд «Мухтасар текстил» ном гирифт. Талабҳо ба маҳсулоту коргаргирӣ зиёд мешуданд. Барои ин соҳибхона чорвояшро фурӯхт. Молхонаашро вайрон карда, ба ҷойи он ба 40 нафар дӯзанда коргоҳ бунёд кард.  Помидору бодиринги бобаракаи дар замини холишуда рӯида низ насиби ҷамоа гардид. Аз ҷумла, хӯроки пешин ба ҷамоат бепул аст. Корхона бештар барои ҷавонону бачагон футболкаю шортик медӯзад, инчунин баҳри дӯхту дӯз фармоишҳои ҳархела қабул мекунад. Коргарзанон аз шаҳри Чуст, деҳаҳои Баймоқу Дамободанд, ба кор бо мошинҳои «Дамас»-и  корхона омада, мераванд. Чорводории пешина ба манфиати шахсӣ нигаронида шуда буд,  акнун бар ивази он ин ҷамъияти истеҳсолии Юнусҷон Шарифов ба омма хидмати самимӣ карда истодааст.
Либосҳои тозаю харидоргирашонро хонаводаи Шарифов дар бозори Чуст бо нархи арзон мефурӯшад, ҳамчунин ба хориҷ мебарорад. Соли ҷорӣ ба Русия 250 миллион сӯмина маҳсулот фиристоданист. 
Занону духтарони маҳаллаи Зарафшони шаҳр, ки дар самти шоҳроҳи Намангон — Тошканд воқеъ аст, арз кардаанд, ки роҳи дурро тай  намуда, дар ноҳияи Тӯрақӯрғону шаҳри Намангон меҳнат мекунанд. Аз дероию мондашавӣ ба аъзои хонадонашон ғамхорӣ карда наметавонанд.
Соҳибкори дурандешу рӯзгордида Юнусҷон арзу пешниҳодро  ба инобат гирифта, бо мақсади ба кор қабул кардани эҳтиёҷмандон ба 0,12 гектар замин, ки дар маҳаллаи Зарафшон дошт, боз ба 120 коргарзан ҷойи кор сохта истодааст. Сохтмони он моҳҳои наздик ба охир мерасад. Аз ин ташаббусу кори неки ӯ Президентамон ва Сарвазир хабар доранд,  ҳатто Сарвазир Абдулло Арипов таъкид карда будааст, ки дар тадбири кушоиши коргоҳи нав иштирок ва бо автобусҳо онро таъмин хоҳад кард. Ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов огоҳ намудааст, ки ҳар гуна ёрӣ зарур шавад, тайёр аст ба соҳибкор кӯмак расонад.
Хулоса, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мухтасар текстил»-и маҳаллаи Хоҷаободи шаҳри Чуст ояндаи дурахшон дорад.

Ш. МИРЗОЕВ,
шаҳри Чусти 
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: