«НИДОЕ АЗ СОҲИЛИ ҶАЙҲУН»

Чорабинии фарҳангие, ки дар шаҳри Тирмиз баргузор шуд, намояндагони аксар марказҳои миллии тоҷикони ҷумҳуриро аз гӯшаву канорҳои кишвар гирдиҳам овард.

Он  «Нидое аз соҳили Ҷайҳун» ном дошта, бо ибтикори Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ва бахши сурхондарёвии вай рӯйи кор омад. Дар чорабинӣ аз вилоятҳои Бухоро, Намангон, Самарқанд, Қашқадарё ва шаҳру навоҳии Сурхондарё  меҳмонони зиёд ширкат варзида, 945-солагии шоири шаҳири асрҳои XI-XII Адиб Собири Тирмизиро таҷлил намуданд. Ҷамъомад бо суханҳои муқаддимавии муовини раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Насиба Зайниддинова ифтитоҳ ёфт. Мавсуф ёдовар шуд, ки дар Ӯзбекистон миллату қавмҳои зиёд умр ба сар мебаранд ва ҳукумат барои пешрафти онҳо тамоми шароитро фароҳам сохтааст. Аз ҷумла, тоҷикон чун мардуми бумии ин кишвар эъзоз мешаванд ва ба мероси гузаштагони онҳо арҷгузорӣ мегардад. Адиб Собири Тирмизӣ аз намояндагони барҷастаи адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад ва бузургдошти эҷодиёти ғаниву рангини ӯ аҳамияти бузург дорад.
Гуландом Субҳонова, раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон зимни суханронии худ гуфт, ки шаҳри Тирмиз аз қадим ватани шоирону фозилони номӣ будааст ва осори боқимондаи онҳо ба аҳли башар хидмати шоиста мекунад. Адиб Собири Тирмизӣ аз фарзандони фарзонаи ин қаламрав аст, ки ҷуз шоирӣ дар илми сиёсат низ даст доштааст. Аммо душманонаш бар қасди ҷонаш мешаванд ва билохира аз ҷониби Отсизи Хоразмшоҳ ба таври фоҷиавӣ кушта мешавад. Шоирро бо дасту пойи баста ба дарёи Ому ғарқ мекунанд. «Нидое аз соҳили Ҷайҳун» номгузорӣ гардидани ин нишасти фарҳангӣ рамзи хосе дорад ва нидои имдодҷӯйи шоири шаҳирро дар зеҳнҳо зинда месозад. Гуландом Субҳонова аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки китобхонаи марказии шаҳри Тирмиз номи Адиб Собири Тирмизиро дорад ва ин боиси ифтихори кулли тоҷикон аст.
Маърӯзаи мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз, раиси Маркази миллии тоҷикони Сурхондарё Рамазон Абдуллоев дар мавзӯи «Тирмиз – маъвои хирадмандон» ҷолиб буд ва симои ин шоири машҳури тоҷикро ба аҳли нишаст муаррифӣ сохт. Ӯ таъкид кард, ки Адиб Собири Тирмизӣ аз чеҳраҳои намоён ва дурахшони адабиёти форсии тоҷикист. Истеъдоди ӯро дар зинаи баланд гузоштаанд. Масалан, Саид Нафисӣ гуфтааст: «Адиб Собири Тирмизӣ аз бузургони шуаро буда, пас аз Рӯдакиву Дақиқӣ ва Фаррухӣ ҳеч кас аз шуарои Туркистон муқаддамтар аз ӯ нест.» Абдуллоев ёдовар шуд, ки дар тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти гаронбаҳои шоир хидматҳои адабиётшиноси номии тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев шоёни таҳсин аст. Ӯ Адиб Собири Тирмизиро аз ниҳонхонаҳои таърих берун кашидаву осори боарзиши ӯро аз нигоҳи интиқодӣ таҳқиқ намуда, девони ашъорашро дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расонид ва номи шоирро вирди забонҳо сохт. 
Дар чорабинии фарҳангӣ муовини мудири Китобхонаи марказии шаҳри Тирмиз Иродахон Шамсуллоева, иҷрокунандаи вазифаи раиси Маркази миллии тоҷикони ноҳияи Сариосиё Адҳам Сафаров, шоир, сармуҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги»-и ноҳияи Самарқанд Нормурод Каримзода ва муҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Исмоилзода низ ба сухан баромаданд. 
Донишҷӯёни бахши филологияи тоҷики факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз аз ғазалиёти Адиб Собири Тирмизӣ қироат намуданд. Дастаи ҳунарии «Офтоби суғдиён»-и шаҳри Бухоро бо сурудҳои хубу ҷаззоб ба аҳли нишаст кайфияти аъло бахшид.
Дар интиҳо раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова ва раиси шӯъбаи сурхондарёвии Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдукарим Аҳмадов ба дастандаркорони ин чорабинии фарҳангӣ ва донишҷӯёни фаъол «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ супурданд. 

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик», 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: