Ўзбекистон ва Чин самарабахшии тадқиқотҳои муштараки илмиро баррасӣ карданд

Вазири кишоварзии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов бо директори генералии Маркази Чин оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо, директори иҷрокунандаи Alliance of National Science Organization (ANSO) Сзинхуа Сао ва профессори Институти микробиологияи Академияи илмҳои Чин, академик Ҷорҷ Фу Гао мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар натиҷаи сафару мулоқотҳои мутақобилаи сарони ду кишвар робитаҳои Ӯзбекистону Чин таҳким ёфта, ба сатҳи нав мебароянд.

Зимни муколама самаранокии лоиҳаҳои ҳамкориҳои ҷоришаванда дар бахши кишоварзӣ ва маориф, инчунин имкони татбиқи лоиҳаҳои нав дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳангоми баррасии нақши илм ва зеҳни сунъӣ дар ноил шудан ба комёбиҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва рушди соҳаҳо қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ дар ин самт олимони ду кишвар метавонанд ба натиҷаҳои баланд ноил шаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: