ДАР САМАРҚАНД МИНТАҚАИ НАВИ САЙЁҲӢ ТАШКИЛ МЕШАВАД

Дар вилоятамон бо мақсади офаридани шароитҳои зарурӣ барои рушди намудҳои эко ва экстремалии сайёҳӣ аз ҷониби роҳбари давлатамон Қарор «Дар бораи чораҳои ташкил намудани фаъолияти минтақаи сайёҳӣ – рекреатсионии «Оҳалик — Оқбӯйро — Миронқул» имзо гардид.

Қарор оиди ба комиссияи ҳукуматӣ дар муддати як моҳ тақдим кардани таклифҳо роҷеъ ба ташкил намудани фаъолияти минтақаи рекреатсионии сайёҳии «Оҳалик — Оқбӯйро — Миронқул» таҳияи сарнақшаи минтақа то 1-уми августи соли равон ва дигар кардани тоифаи заминҳои зарурӣ, инчунин ташкили шуъбаи ҳифзи сайёҳии бехатарии Садорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва дигар вазифаҳо чораҳо муайян карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар ҳокимияти ноҳияи Самарқанд бо иштироки ҳокими вилоят Э. Турдимов ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар он чораҳои рушди маҷмӯии соҳаи сайёҳӣ дар атрофи минтақаи сайёҳӣ, ки бо қарор тасдиқ гардидаанд, инчунин масъалаҳои татбиқи барномаи рушди инфрасохтори минтақаи сайёҳӣ ва роҳ-нақлиёте, ки ба он мебарад, инфрасохтори меъморӣ – коммуникатсионӣ ва истеҳсолот муҳокима карда шуданд.
Аз ҷониби садорати сайёҳӣ, ҳокимияти ноҳия ва дигар масъулон оид ба корҳои амалии минтақаи сайёҳӣ лоиҳаҳо тақдим карда шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: