«ҲАМЕША БО ВАТАН» БОШЕД

Китоби нави Шариф Халил, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё бо номи «Ҳа-меша бо Ватан» аз чоп баромад, ки боиси хушҳолии аҳли адаб ва фарҳанг гардид.

Китоб аз мақолаҳои публитсистии адиб ва рӯзноманигор таркиб ёфта, дар солҳои гуногун таълиф шудаанд ва дар нашрияҳои тоҷикии ватанамон чун «Овози тоҷик», «Садои Сурхон», «Бохтар» ва «Ховар», саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои ноҳиявии «Бойсун» ва «Сариосиё» рӯйи чопро дидаанд. 
Дар як маҷмӯаи алоҳида гирдиҳам овардани мақолаҳои публитсистӣ дар таърихи журналистика падидаи наве нест ва ин як кори маъмулест, ки рӯзноманигорони тоҷики Ӯзбекистон ҳам солҳои охир аз ин шева бештар кор мегиранд. Мурод аз он дар қаъри гумномиҳо намондани мақолаҳои нашргашта ва тарғиби боз ҳам бештар ва беҳтари онҳо мебошанд, ки мавзӯъҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии даврро фаро гирифтаанд. Ин мақолаҳо ҳар кадом дар алоҳидагӣ як пора таърихи халқу Ватанро ифода мекунанд, ки баъд аз гузашти даҳсолаҳо, бешак, боз ҳам қимати бештар пайдо хоҳанд кард. Бояд таъкид кард, ки китоби «Ҳамеша бо Ватан» дар Хонаи эҷодӣ ва табъу нашри «Маҳорат»-и шаҳри Самарқанд тарҳрезӣ шудааст ва нашриёти «Elnur-print»-и шаҳри Тошканд чоп кардааст. Китоб бо таҳрири сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳ Исмоилзода нашр гардидааст. 
Шариф Халил дар мақолаҳои худ бештар аз ҳаёти шахсиятҳои маъруфи тоҷикони Ӯзбекистон, омӯзгорони дилсӯзи дабистонҳо, ҳунармандони асил... сухан ба миён овардааст, ки ҳар кадом дар касби худ ангуштнамо гашта, дар пешрафти илму маърифати тоҷикон, пойдории забони мо дар саросари қаламрав, зинда ва поянда нигаҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазое гузоштаанд. 
Мардуми оқил беҳуда нагуфтаанд, ки номи зебои асар – ними асар! Хоса бо вожаи «Ватан» пайванд омадани номи китоб дар дили хонанда як эҳсоси наҷиберо барангехта, ба мисоли оҳанги рӯҳнавоз таъсири латифе мерасонад. Муаллиф ин номро бо амри тасодуфе интихоб накардааст. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ ҳарчанд чандин сол заҳри мусофират чашидааст, аммо ҳаргиз аз Ватан ва ташвиши он дур набудааст ва ҳамеша бо ёди он зиставу аз камолаш хурсанд, аз бохташ ногузир ғамгин гаштааст. Вай ба ин нукта малеҳ ишорат мекунад ва таъкид месозад, ки дигар аз Ватан дур нахоҳад рафт ва баръакс, даст бар набзи он гузоштаву воқиф аз дардҳояш гашта, пой бар пой ба камол хоҳад расид.  Аслан «Ҳамеша бо Ватан» унвони як очерк аст, ки аз ҳаёти ибратбахш ва пур аз эҳсоси ватанхоҳии фарзанди накӯноми диёрамон Ҳоҷӣ Холмуҳаммад Тӯраев (ҳоло ин соҳибкори муваффақ муқими шаҳри Душанбе аст) қисса мекунад. Ин марди наҷиб ҳарчанд дур аз Ватан зиндагӣ дорад, аммо ҳамеша бо Ватан аст ва аз нӯги сармояи худ ба мардуми зодгоҳаш (деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун) пайваста кумак мекунад, алоқадри ҳол ба рушд ва фаровонии ҳаёти онҳо ҳисса мегузорад. Муаллифи очерк ин ҳамватанро чун рамзи садоқат ба хокдони бобоӣ ба тасвир кашида, ба даҳҳо ҳамватанони сармоядори хориҷиамон гуфтан мехоҳад, ки Ватан хидматҳои фарзандони фарзона ва сахии худро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Китоби «Ҳамеша бо Ватан» аз 28 очерку лавҳа, мусоҳибаву мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ, ёдномаҳо аз ҳаёти эҷодкорон иборат мебошад. Ёдномаи муаллиф дар сӯги вафоти Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун бо номи «Дар домани лолазори ёр афтод» дар авроқи пеши китоб ҷой гирифта, минбаъд очерку лавҳаҳои рӯзноманигор аз рӯзгори омӯзгорони баору номуси дабистонҳои тоҷикӣ Нарзулло Сафармаматов, Саодат Сангинова, Латофат Исматова, Шуҳрат Сориев, Оллоқул Бобоқулов, табибони ҳозиқи диёрамон Фазлиддин Қаландаров, Нуриддин Шоҳимардонов ва Толибҷон Норов, бонувони суханвар Улдон Қараева, Ӯғулой Ҷурабоева, Шаҳодат Раҳимова ва Сурайё Норманова, шоирони маҳаллӣ Равшани Эҳсон ва Ҳамроз (Рӯзиқул Тошев) ва чандин намояндагони аҳли ҳунар ҷой гирифтаанд.  
       
Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА, 
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: