3.РӮЗГОРИ ШАКУРӢ ТАҲҚИҚОТИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Дар бораи маърифатпарвари маъруфи самарқандӣ Абдуқодири Шакурӣ тайи даҳсолаҳои охир дар матбуоти Ӯзбекистону Тоҷикистон ягон мақолаи олим ё муҳаққиқе чоп нашудаанд.

Ҳол он ки мо соҳиби бисёр доктор ва номзадҳои  фанни педагогика ё олимони таърихшинос ҳастем. Ногуфта намонад, ки муаллими собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд Муъмин Фаттоев охири солҳои 60-уми асри гузашта дар мавзӯи «Ақидаҳои педагогии Шакурӣ» рисолаи номзадии худро ҳимоя карда буду бас. Бинобар ин, мо лозим донистем, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Шакурӣ матолибе таҳия кунем.
Охири асри XIX дар Туркистон, аз ҷумла дар Самарқанд, чандин шоиру маорифпарварон зиндагӣ ва эҷод карда, барои саводнок намудани фарзандони халқ нақши босазое гузоштаанд. Аз ҷумла Саидаҳмад Васлӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулло Авлонӣ, Садриддин Айнӣ, Шукруллозода, Саидризо Ализода, Исҳоқхон Ибрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Абдуқодир Шакурӣ, Мирзомуҳаммади Самадзода, Нисор Муҳаммади афғон, Лутфулло Бузургзода, Абдуаҳади Мақсудӣ ва даҳҳо дигарон баҳри ривоҷу равнақи мактабу маориф заҳматҳои зиёде кашиданд. Баъдтар,  солҳои сиюм, Ҳилол Каримов ва дигарон аз пайи тараққиёти мактабу маориф шуданд. Абдуқодир Шакурӣ дар байни онҳо мавқеи махсус дорад.
Абдуқодир Шакурӣ соли 1875 дар деҳаи хушманзараи Раҷабамини ноҳияи Самарқанд дар оилаи боғбони миёнаҳол таваллуд шуд. Падараш, ки хату савод дошт, ӯро ба мактаби куҳнаи назди масҷиди деҳа дод. Лекин усули мактаб Абдуқодири ҷавонро қонеъ накард. Аз ин рӯ, падар барои хату савод баровардани ӯ саъй намуд. Абдуқодир дар муддати кӯтоҳ ғазалиёти Ҳофиз ва «Гулистон»-и Саъдиро пурра аз бар кард. Дар 12-солагӣ барои давом додани таҳсил ба мадрасаи Орифҷонбойи Самарқанд дохил шуд. Ӯ зеҳни хуб ва қувваи ҳофизаи худодод дошт. Бинобар ин мударриси мадраса Тӯрахӯҷа ба ин шогирди ҷавони худ эътибори алоҳида медод. Ин аст, ки бо меҳрубониҳои Тӯрахӯҷа тӯли 5-6 сол илмҳои ҳуқуқ, грамматика, забони арабӣ ва мантиқро аз бар кард.
Шакурӣ дар шаҳр дӯстони зиёд дошт. Яке аз онҳо Баҳриддини соатсоз буд, ки баробари шуғли худ, рӯзномаи «Тарҷумон»-ро пайваста мутолиа мекард ва аз воқеаҳои олам хабардор мешуд. Абдуқодир рӯзе дар дӯкони Баҳриддин як нусхаи рӯзномаро дида, аз дӯсташ илтимос кард, ки шумораҳои онро барои хондан диҳад. Маърифатпарвари ҷавон ба воситаи ин рӯзнома аз навигариҳои олам бохабар ва аз пайи навовариҳо шуд. Аз тарафи дигар  диққати Абдуқодирро маданияти русҳо ба худ ҷалб сохт. Хусусан, ба мактабу гимназияҳои русии Самарқанд бо ҳавас менигарист. Хонандагони онҳо дар синфхонаҳои калону равшани мизу курсидор дониш меомӯхтанд. Дар дили Абдуқодири ҷавон ҳаваси ташкил кардани мактаби усули нав пайдо шуд. Ӯ аз дӯсти наздикаш, шоир Сиддиқии Аҷзӣ шунида буд, ки дар Қӯқанд аз ҷониби Абдуаҳади Мақсудӣ ном муаллим мактаби ҷадид ташкил шудааст. Вай муддати 10 рӯз ба шаҳри Қӯқанди Фарғона рафт ва бо фаъолияти он мактаб шинос шуд. Баъди бозгашт ҳавлии муфтии шаҳрро, ки дар гузари Тошкандии Самарқанд ҷойгир буд, ба иҷора гирифта, мактаби усули нав кушод. Ба мактаб равшанфикрони давр Саидризо Ализода, Исматулло Раҳматуллозода, Муҳаммадалӣ Ҷаъфарзода ва дигаронро ҷалб кард. Аммо руҳониёни ҷоҳили хурофотпараст ва оммаи мутаассиб аз ин мактаб хабардор шуда, аз пайи таъқиби муаллимон шуданд. Дар мактаб баробари фанҳои дунявӣ аз «Қуръон» ва ояту сураҳои он, инчунин таҷвид (дуруст хондани Қуръон) дарсҳо дода шавад ҳам, диндорони ҷоҳил аз пайи нест кардани мактаб шуданд. Ин ҳолро нависандаи тоҷик Ҳасан Ирфон, ки худаш шогирди он мактаб буд, дар асараш «Дар кулбаи косибон» шарҳ додааст: «Хулоса, фарзандони худро ба мактаби нав, хусусан ба мактаби Қориака Шакурӣ додан, аз одамон як навъ фидокорӣ талаб мекард. Мудир ва муаллим шудан дар ин мактаб, қаҳрамоние буд, ки фақат бачагон ва муаллимони ин мактаб медонанду бас».
Бо вуҷуди тазйиқҳои пай дар пай, Шакурӣ ҷасурона барои пешрафти кори мактаб ҳаракат кард. Ӯ варақа (карточка)-ҳо сохта, ба воситаи онҳо падару модаронро барои саводомӯзӣ ва бефарқ набудан нисбати тарбияи фарзандонашон даъват мекард. Дар анкетаҳо аз ҷумла саволҳои зерин навишта, мешуданд:
Мулло фалонӣ (номи бача) салом медиҳад ё не?
Ба гап гӯш мекунад ё не?
Намоз мехонад ё не?
Дарс тайёр мекунад ё не?
Бо хурду калон, бародарон, хоҳарон ва ҳамсоягон нағз муомила мекунад ё не?
Падару модарон ба ин саволҳо ҷавоб навишта мефиристоданд ва агар таклифу пешниҳоде дошта бошанд, ба ҷойи саволи шашум илова мекарданд.
Маорифпарвари фидокор ин услуби тарбияро аввалин шуда дар мактаби худ ҷорӣ кард, падару модарон онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа обрӯи Шакурӣ ва мактаби ӯ рӯз то рӯз баланд мегашт.
Бояд гуфт, ки мактаб пулакӣ буд. «Барои моҳонаи муаллимон ва дигар эҳтиёҷот  аз ҳар хонанда 2-3 сӯмӣ пул ҷамъоварӣ мешуд. Аммо камбағалбачаҳо бепул таҳсил мегирифтанд. Масалан, аз 130 хонанда 30 нафар бепул мехонданд».
Ба сабаби рӯз то рӯз зиёд шудани миқдори шогирдон хонаҳои мактаб тангу камӣ кард, Абдуқодир Шакурӣ маҷбур шуд, ки ҷойи таҳсилро ба гузари Чорраҳаи шаҳр — ҳавлии марди бадавлат Мамараҳимбой кӯчонад. Ин ҳавлӣ васеъ буд ва хонаву болохонаҳои калон дошт. Соҳиби он марди ҳимматбаланд буда, иҷорапулӣ намегирифт. Ин шароит Шакуриро водор намуд, ки фаъолияти мактабашро такмил диҳад. Ӯ барои баланд бардоштани саводнокии шогирдон ба асбобҳои аёнӣ диққати махсус медод. Аввал аз як дӯсташ барои омӯзондани фанҳои таърих ва ҷуғрофия «Атласи усмонӣ» овард. Баъдтар аз гимназияи самарқандии русҳо курраи Замин (глобус) харид, ки ин барои шогирдони мактаб басо шавқовар буд.
Шакурӣ ба воситаи он чӣ тавр дар атрофи меҳвари худ давр задани Замин, масоҳати Моҳу Офтобро мефаҳмонад. Аз ин рӯ завқу рағбати хонандагон ба фанҳои дунёвӣ рӯз то рӯз меафзуд. Дар мактаби мазкур барои тарбияи ҷисмонӣ соати алоҳида ҷудо карда буданд. Онро бисёртар худи Шакурӣ мегузашт. Ӯ таъкид мекард, ки тарбияи бадан барои саломатии инсон зарур буда, аҳамияти калон дорад. Бачагонро ба саҳни ҳавлӣ бароварда, аввал худаш машқҳои гуногунро нишон медод ва баъд ба бачагон мефармуд, ки онро такрор кунанд. Дарси таълими меҳнат низ бо услубҳои ба худ хос гузаронида мешуд. Абдуқодир Шакурӣ, ки касби падариро хуб медонист, ба хонандагон боғпарварӣ ва усули пайванд кардани дарахтони мевадорро бо аёният мефаҳмонд. Ё худ бо асрори касби кулолию дуредгарӣ ошно мекард.
Қобили қайд аст, ки дар мактаб фанҳои динӣ низ сабақ дода мешуданд. Ҳам бачагон ва ҳам муаллимон ба мактаб бо либоси миллӣ меомаданд. Бачаҳо ба пойи таҳорат, ҳамроҳи муаллимон дар масҷид намози пешинро адо мекарданд. Аммо рӯҳониён ҳамоно аз пайи иғво буданд, мактаби Шакуриро чашми дидан надоштанд. Ҳатто шумо кофиру кофирбачагонед, – гӯён онҳоро аз масҷид меронданд. 
«Мо ҳеҷ гоҳ, — навишта буд журнали рӯҳониёни Туркистон «Ал-ислоҳ», — динро ба ҳаёти дунёвӣ намедиҳем». Аз ҷониби дигар намояндагони пешқадами русҳо, аз ҷумла губернатори ҳарбии ҳамонвақтаи Самарқанд Грачкин ва ҷосуси ҳукумати подшоҳии Русия дар давлати Бухоро Буйлин намехостанд, ки ҷавонони мо аз илмҳои дунёвӣ хабардор бошанд. Яъне мактаби Шакурӣ дар байни обу оташ монда буд.
Маорифпарвари навовар сарфи назар аз ин хавфу хатарҳо, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои худ мекӯшид. Ӯ бо маорифпарварон ва демократҳои Озарбойҷон Ҷалил Мамадқулизода ва Алиакбар Собир, ки асосгузорони маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Насриддин» буданд, алоқаи наздик дошт. Ин маҷалла аз даст ба даст гузашта, ба Самарқанд ҳам меомад. Шакурӣ баъзе шумораҳои онро ёфта, мутолиа мекарду ҷаҳонбиниаш васеътар мешуд. Зеро «Мулло Насриддин» бо равияи озодихоҳӣ ва муборизаи худ ба муқобили панисломизм машҳур шуда буд.
Ин аст, ки Шакурӣ ақидаҳои маорифпарварии худро боҷуръатона пеш меронд. Бо ташаббускорӣ ва шуҷоату далерӣ аввал дар гузари «Шарбатдор»-и шаҳр дар бинои маъмурии алоҳида мактаби усули нав (мактаб ба номи Шакурӣ буду рақами 11 дошт)-ро ташкил ва шахсони тараққипарварро ба кори муаллимӣ даъват кард. Таълимгоҳи мазкур беш аз 100 сол фаъолияти пурсамар дошт. (Таълимгоҳ аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз байн рафт ва ҳоло дар он боғчаи бачагона фаъолият дорад). Сипас, дар ибтидои соли 1900 дар деҳаи худ мактаби нав бунёд кард, ки таърихи аҷиб дорад.
Абдуқодир ҷавони болобаланду паҳлавонҷусса буда, дар деҳаи Раҷабамин обрӯю нуфузи хуб дошт. Хурду калон ба ӯ Қориака гӯён муроҷиат мекарданд. Аз рӯйи нақли пиронсолони деҳа, аз ҷумла шодравон Маъруфбобои 85-сола маълум шуд, ки Шакурӣ то охири умри худ ҳамчун амини деҳа кор карда, баҳри равнақи илму ҳунари ҷавонон фидокориҳо зоҳир намудааст. Бешубҳа, барои бунёди бинои мактаби нав маблағ лозим буд. Аз ин хусус ӯ бо Аҳмади пахта ва Саттори чигит ном шахсони тадбиркору сарватманд, ки ҳамдеҳааш буданд, маслиҳат кард. Устои кандакори деҳа Соҳибназарро ба ин кор ҷалб намуд. Ниҳоят чӯбу тахта муҳайё шуду дар бинои масҷиди деҳа ду-се синфхонаи замонавӣ бунёд гардид, ки фаршу шифти он бо тахтаҳои суфта оро ёфта буданд. (Баъзе тадқиқотчиён даъво доранд, ки мактаби нав дар бинои масҷид ташкил шудааст. Ин ақида ғалат буда, Шакурӣ танҳо як ҳуҷраи онро барои худ хонаи корӣ интихоб кардааст – Ҳ.Ҷ.).
Аз бунёд шудани мактаби усули нав аҳли деҳа хурсанд шуданд. Абдуқодир Шакурӣ маърифатпарварони давр Сиддиқии Аҷзӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Саидризо Ализода, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва чанде дигаронро ба кор даъват кард. Дар ин таълимгоҳ низ баробари фанҳои дунёвӣ барои таълимоти динӣ соатҳои алоҳида ҷудо карда буданд. Асосан харитаи дунё, глобус, китобҳои «Баён-ул-ҳуруф»-и Саидаҳмад Васлӣ, «Рисолаи асбоби савод»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳамчун аёният ва воситаи таълим истифода мешуданд. Баъдтар худи Шакурӣ «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» (1907) ва «Зубдат-ул-ашъор» (1907) барин китобҳои дарсӣ навишт. 
Бузургии Абдуқодир Шакурӣ дар он буд, ки ӯ бо як далерӣ ва шуҷоатмандӣ нашриёти хусусии «Муаллим мулло Абдуқодир Шакурӣ»-ро кушода, асарҳои шоир ва маърифатпарварони ҳамасри худ «Анҷумани арвоҳ», «Миръоти ибрат»-и Сиддиқӣ, «Гулдастаи адабиёт»-и Ҳоҷӣ Муин, «Роҳбари дониш»-и Исматулло Раҳматуллозода ва дигаронро аз чоп баровард.
Аммо сад афсӯс, ки бо туҳмати риёкорон соли 1937 ин алломаи маърифат низ ба табъид дучор гардида, соли 1943 дар ҳабсхонаи Тошканд бинобар беморӣ вафот кард.
Ин ҷо ба навиштаи худ нуқта гузошта, аз пайравону қарибони Шакурии шодравон, аҳли деҳаи Раҷабамин ва муҳаққиқону олимони ҷавон, аз аҳли шаҳр  хоҳиш мекунам, ки барои фаромӯш нашудани ному кори пуршарафи Абдуқодир Шакурӣ  сайъ кунанд, кӯча ё мактаберо ба номаш гузоранд.

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: