ШЕЪР ОИНАИ АНДЕШАВУ ЭҲСОС АСТ

Дилшоди Фарҳодзод аз зумраи шоиронест, ки натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистону Эрон низ маҳбубият дорад.

 Ӯ бо ашъори дилнишини худ тавонистааст дили ҳазоронро тасхир намояд. То кунун маҷмӯаҳои ашъори ӯ таҳти унвонҳои «Шабҳои маҳовез» (Самарқанд, 2004), «Як қалам рӯшноӣ» (Тошканд, 2009) ва «Наврӯзи навсӯзӣ» (Амстердам, 2018) ба табъ расидаанд. Мо чанде пеш бо устод доир ба шеъру шоирӣ ва асрори эҷод суҳбате кардем.


— Шеър аз дидгоҳи шумо.
— Шеър дар назари ман тандис (тасвир, тимсол)-е барои лаҳзаҳо аст. Вақти лаҳзаҳои муассир, такондиҳанда ва хотирмон дар замирам туғёне сар мезанад ва ин чиз маро ба навиштани шеър водор месозад. Шеърҳои ман ифодагари ҳолатҳои мананд. Масалан, агар зиндагиям нармтар аст — ғазал, аммо вақте ки ҳиссиёти шадид дорам, шеъри сафед ба вуҷуд меояд. Шеър барои ман ҳамчун оинаест, ки маро ба ман нишон медиҳад ва ман низ мехоҳам худро дар шеър пайдо ва кашф намоям. 
— Мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи шумо...
— Чун ҳамаи шоирон аввалан мавзӯи ишқ, баъдан мавзӯи Ватан, зиндагӣ аз мавзӯъҳои инҷонибанд. Шеърҳои ҳасбиҳолӣ ҳам дорам, ки маҳсули ягон ҳолат ё лаҳзаҳои зиндагиям мебошанд.
— Шеърҳои навмашқонаи шумо аз назари кадом устодони шеър гузаштаанд?
— Аз овони наврасӣ шеър машқ мекардам. Шеърҳои нахустинамро устод Акбар Пирӯзӣ аз назар гузаронда, дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» нашр карда буданд. Сипас, шеърҳоямро соли 1998 дар Сурхондарё ба устод Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор Сафиева хондам, ки онҳо низ ба ман тавсияҳои хуб дода буданд. Устод Лоиқ ба вазни шеър ишора намуда, таъкид намуданд, ки  арӯзро омӯзам. 
Шеъри ин устодон дар ҷавонӣ роҳнамои ман ва бисёр навқаламон будаанд. Аз шеърҳои Фурӯғи Фаррухзод сахт мутаассир шудам ва дар мактаби Фурӯғ омӯхтам, ки агар аз зистаҳову таҷрибаҳо шеър гӯйӣ, суханат воқеиву самимӣ хоҳад буд. Ба ин восита инсон худашро ҳам кашф мекунад.
— Барои зан шоир будан осон аст?
— Ба фикрам, дар шеър ҷинсият эътибор надорад. Занҳои мо чиҳоеро мулоҳиза менамоянд ва барои гуфтани сухан ва ифшои розҳои худ ҷуръат намеёбанд. Баъзан ман ҳам андеша мекунам, ки аз розҳоям нависам ё не. Вале вақте одам гуфтание дорад, фикр мекунам, бояд сухани худро гӯяд. Қадамҳои устувори Фурӯғи Фаррухзод, Гулрухсор Сафиева, Фарзонаи Хуҷандӣ ва чанд нафар шоирони муваффақи тоҷик дар ҷодаи шеър ба бисёр занҳои мо ҷуръат бахшидааст. Эҷодкорони мо набояд аз пайи кору бори зиндагӣ ва рӯзгордорӣ шуда, истеъдоди худро канор гузоранд. Бисёр мехостам, ки эҷодкорони мо баъд аз хонадоршавӣ ҳам ба эҷодиёти худ беэътино нашуда, дар роҳи шеъру ҳунар гомҳои устувори худро гузоранд.
— То ҷое огоҳӣ дорем, чанд сол қабл веб-блоги худро роҳандозӣ карда будед. Вақте вориди ин торнома мешавем, пай мебарем, ки аксар матолибу мақолаҳо чанд сол муқаддам гузошта шудаанд. Дар замоне, ки истифодаи технологияи иттилоотӣ доман густурдааст, чӣ боис шуд, ки кори торномаро пеш намебаред?
— Бояд бигӯям, веб-блоге, ки банда бо номи mehroin.blog-spot.com таъсис додам, пас аз веб-блоги устод Адаш Истад дуюмин шабакаи интернетии тоҷикӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад (соли 2009). Он замон дигар шабакае ба забони модарӣ надоштем. Вебсайти «Samarqand.ma-lakut.org», ки Шаҳзода Назарзода таъсис дода буд, берун аз кишвар фаъолият дошт. Дар веб-блоги mehroin.blogspot.com дар оғоз кӯшиш намудам, ки шоирони тоҷики ӯзбекистониро муаррифӣ кунам — аввалин навиштаҳоям дар бораи шоирон Хоҷа, Баҳодури Убайдулло, Шариф Ярашев буданд. Мақолаҳои илмӣ, намунаи шеърҳоямро гузоштаам. Аммо имрӯз, ки телеграм ва ё фейсбук беҳтарин воситаи интишори андешаҳо ва намунаҳои осори адабию бадеӣ ва ғайра маҳсуб мешаванд, аз ин роҳ гоҳ-гоҳ ашъори худро ба дигарон манзур намудан беҳтар ва осонтар аст. 
— Ба байту шеърҳои ифтихорӣ чӣ гуна муносибат доред?
— Шеъру байтҳои ифтихорӣ агар хуб адо шаванд, ҳунар аст. Шоирони бузург ин ҳунарро доштаанд ва шеърҳои ифтихориро хуб адо кардаанд. Чунончи, Хоҷа Ҳофиз фармудааст:
Ҳофиз, чу оби лутф зи назми ту 
мечакад,
Ҳосид чӣ гуна нукта тавонад бар 
он гирифт.
Ё ҷойи дигар:
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву 
хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фа
лак иқди сурайёро.
Вақте ин қабил байтҳоро мехонед, ба шоираш таҳсин мегӯед ва ҳеч боиси малоли хотиратон намешавад. Хонандаи закӣ дар оинаи шеър метавонад шахсияти шоирро ташхис кунад.
— Муҳити имрӯза барои эҷодкорон то чӣ андоза созгор аст?
— Муҳити имрӯза ба ҷавонон мусоидтар ва имкониятҳо барои рушди эҷодии онҳо фароҳамтар аст. Зеро имрӯз ҷавонон метавонанд бо худи шоирон, чӣ шоирони ҳамватан, чӣ шоирони ҳамзабони берун аз кишвар вохӯранд, агар имкони суҳбати рӯ ба рӯ нашавад, тариқи шабакаҳои интернетӣ мулоқот карда, аз онҳо чизҳоеро омӯзанд. Дарёфт намудани китоб ҳам ҳоло мушкил нест. Агар нусхаи аслии китобе пайдо нашавад, нусхаи электрониашро дастрас кардан мумкин аст.
— Ба шоирони ҷавон чӣ маслиҳатҳо дода метавонед?
— Шоирони ҷавон ба мутолиаи бештар кӯшиш кунанд ва захираи дониши худро ғанӣ созанд, ки ин мояи асосии шеърҳои асил ба шумор меравад. Дар роҳи пурмашаққати эҷод устувор пеш раванд ва танқидҳоро дуруст қабул намоянд. Саъй кунанд, ки услуби худро пайдо кунанд.

Мусоҳиб 
 Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: