ШУКӮҲИ СОЛИ НАВИ ПОЙТАХТ

Тошканд бо ҷамоли навинаш диққату эътибори сайёҳони хориҷӣ ва меҳмононро ба худ ҷалб мекунад.

Аллакай барномаҳои шавқангези Соли нав оғоз гардидаанд, бешубҳа, хотирмон хоҳад гузашт.

Дар майдони меҳмонхонаи «Hyatt Regency Tashkent», «Tashkent City», «Magic city», «Humo-arena», боғҳои истироҳатии «Фурқат»,  «Марказӣ», « Ӯзбекистони Нав», «Локомотив», «Анҳор»,  «Эко Сеул», «Ғафур Ғулом», «Ашқобод» ва ғайра арчаи солинавӣ, барномаҳои мусиқӣ, мусобиқаҳои гуногун ташкил шуда, меҳмононро аз 25 декабр то 10 январ аз соати 11:00 то 23:00 қабул мекунад.
Мо Соли навро бо тайёрии пухта, дар сари дастархони пур аз нозу неъмат истиқбол менамоем. Дар хонадонҳо арчаро оро медиҳем. Соли нави милодӣ яке аз қадимтарин идҳое аст, ки инсоният онро асрҳо инҷониб ҷашн мегирад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: