Дар Чин боқимондаҳои динозавр ёфт шуданд

Палеонтологҳо дар Чин осори динозаврҳои 90 миллионсоларо пайдо карданд, ки метавонанд ба як намуди нав тааллуқ дошта бошанд.

Боқимондаҳои динозаврҳо аз давраи Бур, соли 2021 дар як сохтмони шаҳри  Ганчжоуи музофоти шарқии вилояти  Сзянсь пайдо шуданд.  Дар рафти тадқиқот олимон маълум карданд, ки боқимондаҳо ба як намуди нави Титанозавр тааллуқ доранд ва онро Gandititan cavocaudatus номидаанд.  Он ба қисмҳо ҷудо карда, тақрибан 40 фоизи устухони скелети он пайдо шуд.

Дар байни бозёфтҳо устухони  сутунмӯҳра махсусан хуб нигоҳ дошта шудааст, ин нишон медиҳад, ки дарозии умумии бадани динозавр тақрибан 14 метрро ташкил медиҳад.

 Олимон таъкид мекунад, ки ин  кашфиёт барои омӯзиши  эволютсия ва паҳншавии ин намуди давраи Бур аҳамияти муҳим дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: