ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД

Мардум ба сармо чӣ гуна тайёрӣ мебинанд?

Сардиҳои тоқатфарсои сармои соли гузашта собит сохт, ки мардум ба панди қадима, ки мисли мӯр ғами зиндагӣ, хосса зимистонро ҳанӯз аз баҳору аввали тобистон бояд хӯрд, бечуну чаро амал намоянд. 
Дарҳақиқат, зимистони соли гузашта чашми ҳамаро во кард, ки бепарвоӣ ба зоти инсон намезебад. 
Аз таъсири хунукиҳо танаи  дарахтони ҳатто ғафсу дурушт  роғ-роғ кафиданд. Баҳорон муғча набастанд, барг набароварда, сарозер хушкиданд. Бо табару арраи моторакдор аз бехаш бурида,  ба ҷуз ҳезум кардан дигар чорае наёфтанд. Аҳолии деҳу овул он тараф истад, мардуми маскуни шаҳрҳо ҳам гоҳе аз қатъи гази табиӣ ва хомӯш шудани қувваи барқ азоб кашиданд... Ҳамаи ин ҳолатҳо ба мардум дарс шуд, дарси ибрат. 
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҳудудҳо гурӯҳи корӣ созмон ёфтааст. Онҳо рафти корҳои тайёрӣ ба зимистонро мунтазам ба назорат гирифтаанд. Ба муроҷиати аҳолӣ посух медиҳанд, пайи ҳал ва пиёда сохтани муаммоҳои марбут ба ин соҳа саъй менамоянд. На танҳо дар маркази вилоят штаб ташкил карда шудааст, балки дар маркази ноҳияҳо ҳам бахшҳои он амал мекунанд. 
– Ходимони мо ба идораҳои таъминоти газ, шабакаи барқ супоришҳои мушаххас медиҳанд, – мегӯяд яке аз масъулони гурӯҳи корӣ, ки ба қарибӣ ба Садорати хоҷагии коммуналӣ ва хонаву ҷой, воқеъ дар шаҳри Ҷиззах сафари матбуотӣ ташкил карда буданду қаблан бо  низоми гармидиҳии хонаҳои бисёрошёна ошно гардиданд. – Мо бо ҳамаи  ходимони гурӯҳ, ки дар ноҳияҳо низ фаъолият пеш мебаранд, мунтазам дар тамосем. Баҳри бартараф сохтани муаммоҳои мавҷуда якҷоя ҳаракат мекунем. Ба наздикӣ дар деҳаи Ӯхм, ки ба сектори якум шомил аст, ҳокими ноҳия бо ҳамроҳии ходимони идораҳои масъул қабули сайёр гузаронд. Дар он масъалаи тайёрӣ ба зимистон низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Таъкид гардид, ки барои рафъи мушкили мардум ҷиҳати таъминоти газу барқ ходимони ин идораҳо масъулиятро амиқтар ҳис намоянд. Ба аҳолӣ саривақт гази моеъ расонида дода шавад. 
Тирамоҳ ҷойи худро ба зимистон медиҳад. Ба қавле, зимистон ҳам дар мекӯбад. Ин панди халқӣ, ки монанди  мӯрчагон бояд ба сармои зимистон омодагӣ гирифт, ҳар лаҳза моро ҳушдор медиҳад: «Ба зимистон омода бош, ғами сарморо бояд хӯрд!». 

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: