Пеши роҳи қурбони "савдои инсон" шудани ду зан гирифта шуд

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд нафаре, ки бо роҳи фиреб духтаронро ба Русия мефиристод, боздошт шуд.

Дар ин бора хидмати матбуоти шӯъбаи раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд маълум кард.

 Зани бо лақаби “Бону” маъруфи соли таваллудаш 2002, ки дар ноҳияи Янгийӯл зиндагӣ мекунад, ҳангоми ду зани ҳамсоли худашро, ки дар вилоятҳои Тошканд ва Хоразм зиндагӣ мекунанд, бо ваъдаи пайдо кардани ҷойи кори сердаромад, ба мақсади машғул шудан ба танфурӯшӣ ба Федератсияи Русия фиристодан (тавассути ҳавопаймои хатсайри Тошканд-Жуковский аз фурудгоҳи байналмилалии Тошканд), аз тарафи ходимони тезкори РКД дастгир карда шуд.

 Нисбати шахсе, ки дар робита ба ин ҳолатҳо боздошт шудааст, тибқи моддаи 135-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.  Тафтишот идома дорад.

 Барои маълумот, дар давоми соли 2023  дар вилояти Тошканд дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби РКХ-и вилоят ва тобеи он дар самти мубориза бар зидди "савдои одам" 15 нафар шаҳрвандон аз қурбони савдои одам пешгирӣ карда шудаанд.

 Аз рӯйи ҳолатҳои ошкоршуда 19 нафар зан ва 3 мард ҳамагӣ 22 нафар шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: