ШИРКАТҲОИ ҲАВОНАВАРДӢ МУВОФИҚИ ТАЛАБИ ЗАМОН БОЯД ФАЪОЛИЯТ КУНАНД

13-14 декабри соли равон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Осиё Connect: ривоҷи шабакаҳои ҳавонавардӣ дар замони нав” 170 коршинос ва мутахассиси соҳаи ҳавонавардии ҷаҳонро ба шаҳри Самарқанд гирд овард.

 Онҳо масъалаҳои басо муҳим ва муфиду ҳаллашон ногузирро дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд.
Дар маросими кушоиш раиси Раёсати ширкати «Uzbekistan Airports» Раъно Ҷӯраева изҳор кард, ки рушди соҳа дар Ӯзбекистон суръати рушди иқтисод, гузашта аз ин, суръати ривоҷи туризмро муайян мекунад. Маҳз барои ҳамин Ӯзбекистон талош ба харҷ медиҳад, ки майдонҳои ҳавоии пойтахт ва соири вилоятҳои кишвар ба чунин талабот пурра ҷавоб дода тавонанд.
– Баргузории чунин конфронс имкон фароҳам овардааст, ки ҳамтоёни мо аз шаҳри бостонии Самарқанд боздид кунанд. Бубинанд, ки дар муддати кӯтоҳ дар канори ин шаҳр боз як шаҳраки дорои меҳмонхонаҳои наву замонавӣ, гулгашту хиёбонҳои зебо, инчунин майдони ҳавоии бинои маъмуриаш куллан муҷаҳҳаз бунёд намудаем. Барои тамошои ёдгориҳои таърихӣ ва меъмориву фарҳангӣ низ бояд шароит мусоидат намояд, то ки сайёҳон аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ худро ба чунин ҷои хубу зебо расонанд, – қайд намуд Ҷӯраева.
Майдони байналмилалии ҳавоии Тошканд аз калонтарин майдони ҳавоӣ дар минтақа шумурда мешавад. Соли равон стратегияи рушди ин майдони ҳавоӣ таҳия карда шуд ва онро ояндаи калон интизор аст. Дар айни замон модернизатсияи майдонҳои ҳавоии Нуқус, Бухоро, Урганҷ, Фарғона ва амсоли он барномарезӣ шудааст. 
Дарвоқеъ, Президент соҳаи туризмро яке аз бахшҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ муайян кардааст. Интизор меравад, ки дар ин замина мавҷи сайёҳони хориҷӣ то 7 миллион боло рафта, содироти хидматрасонии сайёҳӣ то ба 2 миллиард доллар афзоиш меёбад. Ҳукумати ҷумҳурӣ сиёсати «дарҳои боз»-ро фаъолона амалӣ мекунад, низоми раводид сода карда мешавад: дар се соли охир шумораи кишварҳои бидуни раводид аз 9 ба 90 афзоиш дода шуд, системаи додани раводиди электронӣ барои шаҳрвандони 54 кишвар ҷорӣ гардид. 
Барои ширкатҳои ҳавонавардии хориҷӣ низоми “осмони кушод” ҷорӣ шудааст. Аммо маълум мешавад, ки талабот аз пешниҳод ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст ва иқтидори ширкатҳои ҳавонавардии мавҷуда барои қонеъ кардани ниёзҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва меҳмонони ҷумҳурӣ ҳанӯз чандон кофӣ намебошад.
Дар идома иштирокчиёни конфронс ба намояндагӣ аз Қазоқистон, Туркия, ИМА, АМА, Олмон, Русия, Қирғизистон, Туркманистон ба тағйирот дар нақлиёти ҳавоии ҷаҳонӣ, тамоюлҳои нав ва дурнамои рушди хатсайрҳои ҳавоӣ хеле таваҷҷӯҳ намуданд.  
Марио Антонио Эбсим, директори стратегия ва рушди бозор дар Авруосиёи ширкати “Boeing Commercial Airplanes” таҳлили тағйирот дар соҳаи авиатсияро ҳам аз рӯи самтҳои маҳаллӣ ва ҳам байналмилалӣ муаррифӣ кард. Вай қайд намуд, ки ширкатҳои ҳавонавардии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба Иёлоти Муттаҳида парвозҳои мустақим анҷом медиҳанд.  
Ба гуфтаи ӯ ин парвозҳои мустақим имкон медиҳанд, ки гардиши мусофирон афзоиш ёбад ва ҳаҷми нишондиҳандаҳои иқтисодии давлатҳо аз он фоидаи калон мебинад. Масалан, парвози Dreamliner бо хатсайри Тошканд – Ню-Йорк дар соли 2017 интиқоли мусофирон нисбат ба соли 2016-ро, ки ҳанӯз парвозҳои мустақим вуҷуд надошт, 45 дарсад афзоиш додааст. Таъкид гардид, ки ин рисолати муҳимро метавонад Самарқанд низ бар дӯш дошта бошад ва дар рушди иқтисоди Ӯзбекистон саҳми худро гузорад.
 Дар конфронс зикр карда шуд, ки тағйироти ҷиддие дар нақлиёти ҳавоии ҷаҳонӣ пас аз пандемия ва нобасомониҳо дар Аврупо боиси пайдо шудани хатсайрҳо ва робитаҳои нав гардид ва он нақши минтақаи Осиёи Марказиро дар ин росто афзоиш дод. Ҳаҷми ҳамлу нақли чи мусофир ва чи амвол  бемайлон рӯ ба афзоиш овард, ки натиҷаҳои хуби молиявиро дар пай дорад. Инчунин имкониятҳои сармоягузориро барои оянда фароҳам овардааст. Муҳимтар аз ҳама, интегратсияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат менамояд ва дар минтақа рушду ривоҷи нақлиёти ҳавоиро пурқувват мегардонад.
– Самарқанд яке аз ганҷҳои сайёҳии Осиёи Марказӣ унвон гирифтааст, – гуфт директори бахши тиҷорати “Air Marakand” Дмитрий Мартиненко, ки он ҳамагӣ ду сол муқаддам таъсис ёфтааст. Вай зимни муаррифии ин ширкати ҳавонавардӣ дар бораи тағйирот дар инфрасохтори фурудгоҳи нави Самарқанд ибрози назар кард. 
Оё ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо аз тарафи ширкатҳои ҳавонавардӣ, инчунин дуруст ташкил намудани парвозҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар шакли дастаҷамъӣ имконпазир аст? Ин суоле буд, ки посух пайдо кардани он барои иштирокчиёни конфронс ягон мушкилоти ҷиддӣ эҷод нанамуд. Гуфта шуд, вақти он расидааст, ки ширкатҳои ҳавонавардии Осиёи Марказӣ дар ин самт ҳамкориҳояшро беш аз пеш тавсеа бахшанд.
Намояндагони “Эйр Самарқанд” қайд карданд, ки ният доранд сиёсати одилона, оқилона ва рақобатпазирро риоя кунанд.  Барои ҳамин «Эйр Самарқанд” дар майдони ҳавоии Самарқанд ҷойгир хоҳад шуд. Шабакаи хатсайрҳои он дар айни замон 14 самтро фаро гирифтааст. 
– Интиқоли мусофирон аз роҳи ҳавоӣ бо ҳавопаймои А-320 анҷом дода мешавад. Барои босифат хизмат расондан талабот ва хоҳиши мусофирон ҳамеша омӯхта мешавад, – гуфт корманди масъули он Светлана Исянова.  
– Дар доираи конфронс коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ таҳлили бозори авиатсионии минтақаро пешниҳод намуданд. Дар давраи пас аз пандемия рушди тиҷорати авиатсионӣ хеле тағйир ёфт. Ҳар рӯз мо бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешавем, ки ба мо имкон медиҳанд бозорҳои навро баррасӣ ва инкишоф диҳем. Ширкати мо аз рӯи хатсайрҳои мавҷуда поркинги ҳавопаймоҳо ва шумораи парвозҳои худро афзоиш хоҳад дод, – гуфт намояндаи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Сардор Ирмуҳамедов.
Ногуфта намонад, ки иштирокчиёни конфронс дар бораи маҷмааи нодир, ки масоҳати умумии он зиёда аз 260 гектар буда, иқтидори ҳашт меҳмонхонаи он 1 ҳазору 200 ҳуҷраро ташкил медиҳад, маълумоти саҳеҳ пайдо карданд. Маҷмаа беш аз якуним миллион сайёҳро аз тамоми ҷаҳон ҷалб хоҳад кард, инчунин туризми фарҳангию гастрономиро низ хеле хуб ба роҳ хоҳад монд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: