Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев якҷоя бо рафиқааш бо сафари расмӣ ба Туркия омад.
Дар фурудгоҳи "Эсенбоғ"-и пойтахт Сарвари давлати моро ноиби президенти Туркия Ҷевдет Йилмаз ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Фардо нишасти сеюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи баланд таҳти раёсати раҳбарони ду кишвар баргузор мешавад.
Дар чаҳорчӯби музокирот масъалаҳои амиқсозии муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ўзбекистон ва Туркия, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, маориф ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ хоҳанд шуд.
Тибқи барнома, ҳамчунин баргузории нахустин нишасти муштарак бо раҳбарони корхонаву ширкатҳои бонуфузи ду кишвар дар назар аст.