ТАЪТИЛ ХУШ МЕГУЗАРАД, АММО...

Насли наврас таътили тобистонро чӣ тавр мегузаронад?

Барои ба ин суол посух додан ба чанд ноҳияи вилояти Самарқанд азми сафар кардем. Маълум шуд, ки дар ҳар ноҳия масъалаи мазкур хар хел ҳалли худро ёфтааст.
Истироҳатгоҳи солимгардонии «Алпомиш» дар деҳаи хушҳавои Оҳалик, ки замоне номи Шаҳнондараро дошт, ҷойгир аст. Дар фасли тобистон фарзандону наберагони мардуми шаҳри Самарқанд саломатии худро мустаҳкам мекунанд. Барои пурмазмун, хубтару табъи дил ҷараён гирифтани таътили тобистона шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳавзаи оббозӣ, китобхона, майдони варзиш дар ихтиёри бачаҳо мебошад. Аз ҳама муҳимаш, саёҳат ба кӯҳҳои Зарафшон олам-олам хурсандӣ меоварад.
Чуноне ки рӯзномаи мо иттилоъ дод, дар ноҳияи Ургут истироҳатгоҳи «Дӯстӣ» дар як баст 160 нафар писараку духтараконро қабул мекунад.
Дар назди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ «минтақаҳои саломатӣ» ташкил медиҳанд, ки толибилмони наврас бо варзиш машғул ҳастанд. Ана ҳамин гуна минтақаҳо дар мактабҳои ноҳияи Нуробод мавҷуд. 
Афсӯс, ки дар ноҳияҳои Ҷомбой, Нарпай, Булунғур, Пойариқ ба ном «минтақаи саломатӣ» ташкил кардаанду халос. Назар ба маълумотҳои иттифоқи касабаи вилоят, умуман дар Самарқанд ба истироҳатгоҳи мактаббачагон аз паси панҷа менигаранд. Дар фасли тобистони соли гузашта дар ҳудуди вилоят фақат ба истироҳатгоҳи солимгардонӣ 9 ҳазору 630 нафар ҷалб шудаанд (5 фоиз), ки тааҷҷубовар аст. 
Аҳвол имсол низ мисли соли гузашта мебошад. 
Дар нутқи сарвари давлатамон дар маросими дафъатан ба вазифаи Президент интихоб шудан дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис таъкид шудааст, ки «агар ҳар кадом роҳбар, хоҳ вай вазир ё ҳоким, мансабдор ё худ дар вазифаи масъул бошаду қонунҳо ва одамонро ба инобат нагирад, муомилаи дурушт кунад, бюрократ ва тамаъкор бошад ва бо амалҳои худ давлатро доғдор кунад, мо аз ӯ даст мекашем».
Пас умедвор ҳастем, ки дар масъалаи таътили тобистона ва истироҳати насли наврас шахсони мансабдор масъулиятро ҳис мекунанду дар ин самт дигаргунӣ хоҳад шуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: