ҒАЛАБАИ НАЗАРРАСИ МАКТАБХОНИ ХУРДСОЛ

Хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи рақами 9-уми шаҳри Самарқанд Рухшона Шарофиддинова дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ, ки дар Дубай баргузор гардид, медали тиллоро ба даст овард.

Дар  таълимгоҳ ҳамсинфону  устодон ӯро бо тантана  пешвоз гирифта, бо комёбӣ табрик гуфта, гулдастаҳои тару тоза тақдим карданд. 
– Шогирдам Рухшона дар  12-солагӣ аллакай дар  олами  варзиш шуҳратманд гардид, – бо  ҳисси шодмонӣ гуфт роҳбари  синфаш Дилбар  Бурҳонова, – ӯ  инчунин  аълохон аст. Расм  кашидан, китоб хондан ва саёҳат  карданро дӯст медорад. Ман аз  фурсат истифода бурда, ба волидайни ӯ  сипосгузорӣ  мекунам, ки  ба таълиму тарбияи фарзандон диққату эътибори хоса зоҳир мекунанд. Кошкӣ, дигарон ибрат мегирифтанд. Гоҳе  ҳайрон  мешавам, ки аксарият  ба «касал»- и телефонбозӣ гирифторанд. 
– Варзишгари  дӯстдоштаи  ман Оксана Чусовитина – ғолиб  ва иштирокчии бисёркаратаи чемпионати ҷаҳон  ва  бозиҳои олимпӣ аст, – мегӯяд  Рухшона бо табассум.
Мо ба варзишгари ҷавону умедбахш комёбиҳои нав ба нав таманно дорем. 

Баҳодури ЗОҲИР, 
вилояти САМАРҚАНД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: