КАРРУ ФАР АЗ УСТОД АСТ

Якуми сентябри соли 1972.

Якуми сентябри соли 1972. Мо 20 нафар толибилмон бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузошта будем. Ҳар яке дар тан либосҳои тоза (дар он солҳо дар деҳот ба либоси махсуси мактабӣ эътибор набуд) бо як ҳиссиёти ба худ хоси бачагона дар саҳнаи мактаб саф оростем. Моро муаллим Тенглаш Қӯрғонов (охираташон обод бошад!) ба синф роҳбаладӣ карданд. Ба синфхонаи пасти деворҳояш лойин, ки замини хокӣ дошту шифташ низ рӯкаш надошт, даромадем. Дар партаҳои чӯбини сиёҳ дунафарӣ, баъзеямон сенафарӣ нишаста, дарси аввалин, сабақи нахустинро аз устод гирифтем.
Аз он лаҳзаи фараҳафзо саҳл кам 50 сол сипарӣ мегардад. Хотираҳои давраи мактабхонӣ оҳиста-оҳиста бо гузашти айём рӯ ба фаромӯшӣ меоварад. Аммо симои гарму муҳаббати беандозаи устодон ҳеҷ гоҳ аз хотирамон намеравад.
Солҳо сипарӣ гаштанд. Бо тақозои тақдир бо аксарияти устодон, ки дар солҳои мактабхониам аз онҳо дарси илму маърифат, дарси одобу ахлоқро гирифта будам, ҳамкору ҳамкасб шудам.
Устодон Ӯзбекбой Рӯзиев, Даврон Мансуров, Йӯлдош Самадов, Низом Тилабов, Ҳазрат Бакриев, Асалбой Деҳқонов, Эргаш Мехлиев (руҳашон шод бод),Тоҳир Амонов, Абдуназар Набиев, Абдусалим Ғафуров ва дигарон дар давоми солҳои тӯлонӣ дар илму дониш гирифтани садҳо шогирдон, дар соҳиби касбу кори гуногун шудани онҳо саҳми беандоза гузоштаанд.
Дар шароити вазнини замонаашон хонда, соҳиби касби пуршарафи муаллимӣ гаштани устодон, дар вазъияти номукаммали мактабҳои пешина ба шогирдон дарс гуфтани онҳо худ ба омӯзгорони имрӯза, бахусус, муаллимони ҷавон сабақи зиндагӣ аст. Имрӯз дар мамлакати соҳибистиқлоламон ҳар як хидмати омӯзгор ба назар гирифта мешавад. Онҳо бо ҷоизаву унвон ва мукофотҳои давлатӣ тақдиронида мешаванд. Чунин қадршиносиро дида, боз хидматҳои сангини ба ҳазорҳо мукофотҳо арзандаи устодони солҳои мактабиам ба ёд меояд ва дилам фишурда мешавад, ки чунин муаллимони фидоӣ ҳоло башумор мондаанд. Унвону мукофотҳои онҳо шогирдонашон буданд.   
Хонандаи кунунӣ дар мактабҳои баҳавою хушсохт, ки бо тамоми таҷҳизоти замонавии таълим ҷиҳозонида шудаанд, мехонаду омӯзгорон дар синфхонаҳои равшану озода ба онҳо дарс медиҳанд. Ин ҳама эътибор ба хондану илм гирифтан ва омӯзонидану дониш додан меваи истиқлол, дастгирӣ ва қадршиносии Раисҷумҳур мебошад.
Омӯзгори имрӯза вазифадор аст, ки касбашро дӯст дорад, донишашро сайқал диҳад, маҳорати омӯзгориашро дар таълиму тарбияи шогирдон сарф намояд, анъанаи устодони гузаштаро давом диҳад.
Ба устодоне, ки аз дунё гузаштаанд, охирати обод, ба устодоне, ки даврони пирӣ меронанд, саломативу болидахотирӣ таманно менамоем. Ба ҳамаи устодон, омӯзгорон, ки имрӯз фаъолият мебаранд, хонаободиву хушрӯзгорӣ, бурдбориву фаъолнокиро хоҳонем. Шоир барҳақ фармудааст:
Устод гар набудӣ, 
илму ҳунар набудӣ,
Устод гар набудӣ, 
ин карру фар набудӣ.

Элмурод РӮЗИЕВ,
Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Ноҳияи НУРАТО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: