ӮЗБЕКИСТОН БО СБМ ВА ДАВЛАТҲОИ АВРУПО ҲАМКОРИРО ФАЪОЛ ДАВОМ МЕДИҲАД

Дар ҳошияи иҷлосияи 111-уми Конфронси байналмилалии меҳнат, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии меҳнат дар Женева баргузор шуд, раиси Сенат Танзила Норбоева бо муовини оид ба корҳои хориҷии вазири меҳнати ИМА Теа Ли ва намояндаи махсуси ИМА оид ба масъалаҳои меҳнат Келли Фей Родригес мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ эътибор дода шуд. 
– Татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак оид ба такмил додани низоми муносибатҳои меҳнатӣ, ҳамкорӣ дар самти беҳбуди шароити меҳнат дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт самарабахш  мегарданд, – гуфт Танзила Норбоева. – Баъди ба даст овардани  натиҷаҳои реалӣ ва ҳалли қисми сиёсии мушкилоти соҳаи меҳнат миқёси кори асосии амалӣ оғоз ёфт. Яъне, фароҳам овардани шароити муносиби шуғл, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат ба вазифаи устувор табдил ёфт. 
Теа Ли ба ислоҳот дар соҳаи муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ва сатҳи кунунии ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии меҳнат баҳои баланд дод. Ӯзбекистон бо СБМ ва давлатҳои асосии аъзои созмон дар масъалаи барҳам додани меҳнати бачаҳо ва меҳнати маҷбурӣ дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкории конструктивӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид. 
Дар фарҷоми мулоқот мувофиқа карда шуд, ки аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда бо мақомоти манфиатдор машваратҳо идома дода шаванд.
Зимни мулоқот бо вазири федералии масъалаҳои меҳнат ва умури иҷтимоии Олмон Хубертус Ҳайл таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ, пайвастани барномаҳои шуғл бо ҳифзи иҷтимоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав оид ба рақамисозии ин шабакаҳо нигаронда шуд. 
Х. Ҳайл ба динамикаи мусбати муносибатҳои дутарафа дахл карда, ба созишномаҳои соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, ки дар муносибатҳои ҳар ду мамлакат саҳифаи нав мекушоянд, баҳои баланд дод. Олмон махсусан қайд кард, ки аз пурзӯр гардондани ҳамкории иқтисодӣ ба воситаи фаъолсозии равандҳои меҳнатӣ ва фароҳам овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ манфиатдор мебошад. 
Дар мулоқот бо намояндаи махсуси СБМ дар СММ Беате Андреес ҷонибҳо дурнамоӣ тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байни Бюрои минтақавии Созмони Миллали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. 
Дар суханронии худ Т. Норбоева махсус қайд намуд, ки Ӯзбекистон ҳамеша ҷонибдори риояи меъёрҳои байналмилалии меҳнат мебошад, ин самт дар сиёсати мо афзалиятнок боқӣ мемонад ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои пайвастаро бо Созмони байналмилалии меҳнат тавассути татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ва барномаҳо дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ алоҳида қайд намуд. 
Беате Андреес таъкид кард, ки ҳамкориҳои созандаи идораи минтақавӣ бо Ӯзбекистон идома хоҳад ёфт.
– Ба туфайли муваффақиятҳое, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст оварда шудаанд, кишвари шумо дар байни мамлакатҳои минтақа мавқеи пешқадамро ишғол мекунад, – гуфт Б. Андреес. – Мо воқеан эҳсос мекунем, ки дар Ӯзбекистон барои ҳамкории боз ҳам ошкоро бо созмони мо иродаи сиёсӣ вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, масъалаи густариши ҳамкорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии намояндаи минтақавии СБМ қарор мегирад. 

Норгул АБДУРАИМОВА, 
мухбири ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: