«КАДРҲОИ УМЕДБАХШ» ИНТИХОБ МЕГАРДАНД

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд марҳилаи интихоботии барномаи махсуси «Кадрҳои умедбахш» гузаронида шуд.

Зикр гашт, ки агентии кор бо ҷавонон бори нахуст дар кишварамон занони то 35-соларо бо мақсади такмили донишу малакаҳои амалӣ ва омода намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда дастгирӣ менамояд. Бо ин мақсад дар шаҳри Самарқанд низ марҳилаи якуми интихобии «Кадрҳои умедбахш», ки иборат аз 4 марҳила мебошад, оғоз гардид.
– Чорабиниҳои «Кадрҳои умедбахш» дар тамоми кишварамон гузаронида мешавад ва мақсади асосии он дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ дар баробари мардҳо бонувонро низ бо вазифаҳои роҳбарикунанда таъмин кардан мебошад, – гуфт сарвари садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Ҳусан Тӯхтаев. – Дар ин ҷо аз байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ номзадҳоро интихоб намуда, дар оянда барои корхонаву ташкилотҳо кадрҳои салоҳиятнок расониданро мақсад кардаем. Марҳилаи нахустин ба шакли интихобот, дувум дар шакли бозомӯзӣ, яъне омӯзонидани касбу кор, савум таҷрибаомӯзӣ ва охирин тавсия ба лавозим гузаронида мешавад.  
Ғолибоне, ки барномаи махсуси омӯзиширо бомуваффақият хатм намуда, таҷрибаомӯзии дохилию хориҷиро анҷом додаанд, ба захираи миллии кадрҳо дохил карда мешаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: