Китоб, мавзӯест, ки инсоният дар ҳама давру замон такрор ба такрор ба он рӯ овардаасту меорад.
Дониш зи китоб асту китоб асту китоб,
Хонаш, ки савоб асту савоб асту савоб.
Китоб, мавзӯест, ки инсоният дар ҳама давру замон такрор ба такрор ба он рӯ овардаасту меорад.
То ин дам дар бораи аҳамият, азимият, мавқеи он дар ҳаёти шахс ва ҷомеа, ба гумонам, сухани ногуфтае намонда.
Эътироф гардида, ки китоб ёрест бовафо, ҳамсӯҳбату ҳамнишин, дӯсти холис, ғамгусору маслиҳатгар. Зеро ба он ҳар қадар, ки бо эҳтиёҷ рӯ оварӣ, роҳу равишат нишон медиҳад.
Дар китоб ҳама асрору таърихи тамаддуни одамият, кишвар, илму дониш, маданияту фарҳанг дарҷ гардида, мавриди истифода қарор мегирад. Албатта бисёр чизҳо дар дунё ба фаромӯшӣ супурда мешаванд, аммо ҷуз китоб. Ҳар як саҳифаи пурқимати он бо гузашти давру замон ҳеҷ гоҳ фарсуда намегардад, баръакс, торафт қимат пайдо мекунад.
Ана ҳаминҳост, ки ҳангоми сафарҳои Тоҷикистон, хусусан, Панҷакент, Душанбешаҳр, Хуҷанд дӯстдоштатарин машғулияти инҷониб ташриф ба китобхонаю мағозаҳои китоб аст. Ҳамин бор низ боздид аз Маркази «Хирад», сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик, мағозаҳои китоби нашриёти «Адиб», Китобхонаи миллӣ ва пайдои китобҳои беназир ҳисси қаноатмандии банда буд.
Сӯҳбат бобати вазъи китобу китобдориву китобхонии аҳли ҷомеа бо Абдуҷалили Амон, ки ба тарҷума ва нашри серхонандатарин китобҳои олам машғул аст ва роҳбарии маркази «Хирад»-ро ба зимма дорад, хеле гуворою хотирмон буд.
Ҳини сӯҳбат маълум гашт, ки беҳтарин тарҷумону донандагони адабиёт ва мутахассисони тоҷик, ба мисли Шодимуҳаммад Сӯфизода, Абдуқодири Рустам, Обид Шакурзода, Шодӣ Шокирзода, Абдухолиқи Набавӣ, Мубашшири Акбарзод мушовир ва роҳнамои «Хирад»-анд.
Хушбахтона, мардум ба китоб нисбати солҳои пешин бештар рӯ меорад, мутолиа менамояд ва ба китобхонаҳо серташрифтар мегардад. Ин ҳолатро на танҳо дар байни донишҷӯёну мактабиён дидан мумкин ва ё қисме аз рӯи вазифаю зарурат ба китоб муроҷиат мекунанд, балки гурӯҳи васеи мардум аз рӯи меҳру хоҳиши тамом ва ё амри виҷдон ба ин мавзӯъ рӯ овардааст.
Алоқамандии ин ҷониб бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2012 шурӯъ шудааст. Ин имкониятро бароям директори собиқи он Носирҷон Салимов фароҳам оварда буд ва ҳар бор, ки сафари Душанбешаҳр насибам мегардад, рӯзу ҳафтаҳо аз ин хазинаи илму маърифат баҳрабардорӣ менамоям. Китобу рӯзномаҳои тоҷикие, ки дар Ӯзбекистон нашр мешаванд, ба бойгонии китобхона месупорам, то ки тоҷикистониёни азиз аз табъу нашр ва вазъи забону адабиёти форсии тоҷикии кишвари ҳамсоя огоҳ бошанд.
Агарчи солҳост бо ин махзани илм иртиботи қавӣ дорам, аммо ин бор ба шарофати рӯзи дарҳои боз ва роҳнамоию нақлҳои кормандони соҳибистеъдоди он Бобоҷони Шафеъ ва Раҳима Бобоева онро барои худ тозатар кашф кардам.
Он бузургтарин китобхона ва махзани дастнависҳои гаронбаҳои Тоҷикистон буда, 20 марти соли 2012 таъсис ёфтааст. Китобхона дар асоси озмуни байналмилалӣ амалӣ шудааст. Китобхона аз 9 ошёна, чор қисм, 25 толори хониш барои 1500 ҷои нишаст, 3 толори калони намоишгоҳи китоб («Осорхонаи китоб», «Китобҳои давраи Истиқлол» ва «Китобҳои нав»), 36 шӯъба, 28 маҳфузгоҳ барои нигаҳдории 10 млн. нусха китоб, бахш ва марказҳо иборат буда, инчунин 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳою дигар асноди иттилоотӣ ва чопхонаро дорост.
Бо ташаббуси китобхона ва кӯмаки сафорату марказҳои фарҳангии муқими кишвар марказҳои якчанд мамолики дунё таъсис шудаанд. Дар ин қатор марказҳои фарҳангии Амрико, Эрон, Корея, Маркази иттилоотии Олмонро метавон ном бурд.
Теъдоди хазинаи китобхона имрӯз ба 6 млн. нусха расидааст. Асоси хазинаи ин китобхонаро бо 3 млн. ва 327 ҳазор ҷилд китобу нашрияҳои мухталиф Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ки соли 1933 таъсис ёфта, соли 1934 ба муносибати 1000-солагии шоир номи вайро гирифтааст, ташкил намудааст ва боқимонда саҳми аҳолии кишвар ва муассисаҳои давлативу хусусӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Барои кор дар китобхона беш аз 700-нафар мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва донандаи технологияи муосири иттилоотӣ ҷалб карда шудаанд. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китоб, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона аст.
Китобхона маҷаллаи худро бо номи «Паёми Китобхонаи миллӣ» дорад.
Он соҳиби сомонаи худ аст ва истифодаи манобеи электронӣ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони виртуалӣ номнавис шаванд ва фонди электронии мавриди истифода қарор диҳанд.
Бо ворид гардидан ба хазинаи китобхона вуҷуди касро эҳсосоти бузурге фаро мегирад. Чӣ қадар адабиёти гуногун ва хонданбоб. Намедонӣ кадом китобро ба даст бигириву аз кадом мутолиаи онро оғоз намоӣ. Дар китобхона китобҳое мавҷуданд, ки аз асри 13 боқӣ мондаанд. Мавриди қайд аст, ки осори чопии шахсиятҳои бузургро, ки дар дасти мардум ҳастанд, харидорӣ кардаасту то имрӯз мекунад.
Хусусан, нақшу ҷойгоҳи китобхона ҳамчун объекти мероси илмии Шарқ, манбаи дониш ва таҳқиқи масъалаҳои гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги ниёгонамон беш аз пеш меафзояд.
Бахусус, дидани шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ки дар радифи китобҳои чопи сангӣ ва муосир осоре, ки дар садаи XIII- XIX китобат шудаанд, қобили қайд аст. Дар ин қатор метавон «Таърихи Табарӣ ё таърих-ур русул в-ал мулук»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, «Девон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Чаҳор унсур»-и Абдулқодири Бедил, «Афроди фатҳия ва ганҷ-ул-ошиқин»-и Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, асари ҷуғрофии Насируддини Тӯсӣ (китобшудаи асри XV) ва дигар осори қаламии шахсиятҳои таърихии Шарқро ном бурдан мумкин аст, ки ба сифати муқаддастарин арзишҳо ва мероси нотакрори ниёгон то имрӯз арзи вуҷуд дошта, таҳти низоми махсус нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамин асно фикре ба сарат меояд, ки дар аҳди қадим китобу китобдории мардуми мо дар кадом ҳолат буд, бароямон торик аст. Аммо маълуми ҷаҳониён аст, ки ниёгони бузурги мо китоби осмонии «Авесто»- ро 2700 сол қабл дар пӯсти 12 ҳазор гов мураттаб кардаанд. Ва ё дар пештоқи китобхонаи Донишгоҳи Гунди Шопур (Академияи Шопур, асрҳои III-VII)-и аҳди Сосониён шиори муқаддаси «Донишу ҳикмат пурзӯртар аз шамшер аст» сабт ёфта буд. Ва ин донишу ҳикмат, бешак, дар китоб маҳфуз аст.
Дар шӯъбаи хазинаи матбуоти даврӣ аз соли 1930-и асри гузашта қабили «Шӯълаи инқилоб», «Бедории тоҷик», «Овози тоҷик», «Раҳбари дониш», «Дониш ва биниш» ва мисли инҳо бо хатҳои форсию лотинӣ мавҷуданд.
Вохӯрӣ ва сӯҳбат бо муовини директор Салима Раҷабова, ки аз дасташ китоби «Дарахтон то бӯрон сарсабзанд»-и Рафиқ Нишонов ба ин ҷониб расид, дӯсти деринаи донишмандам Бобоҷони Шафеъ ва ходимаи варзидаи китобхона Раҳима Бобоева, ки моро дар ин сафар роҳнамоӣ ва муаррифӣ кард, хеле хушу хотирмон буд.
Чун бо таассуроти зиёде аз китобхона ба дар мерафтем, суханҳои Расул Ғамзатов, ки «Барои худшиносӣ китоб зарур аст, барои шинохти дигарон низ китоб муҳимтар аст. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бо ойина рӯи худро дида наметавонад», ба хотирам расид.
Бале, дарҳақиқат, ҷомеае, ки китобу китобхон надошта бошад, мисоли хонаест, ки чароғ надорад.
Ҳақ бар ҷониби Алӣ Бобоҷон аст, ки мегӯяд:
Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо
норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
Амина ШАРОФИДДИНОВА,
САМАРҚАНД.