ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ 55 ЛОИҲАИ НАВ ТАТБИҚ ХОҲАД ШУД

Соли 2023 ба Самарқанд 2 миллиону 150 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва 4 миллиону 500 ҳазор сайёҳони маҳаллӣ омаданд.

Содироти хадамоти сайёҳӣ 406 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Дар ин бора дар брифинг, ки бо иштироки ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов дар мавзӯи «Корҳое, ки соли 2023 бобати васеъ кардани доираи хидматҳои сайёҳӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ дар соҳа амалӣ гардиданд ва нақшаҳо барои соли 2024» баргузор гардид, маълум карда шуд.
— Ҳоло дар вилоят 164 меҳмонхона, 352-то меҳмонхонаи оилавӣ ва 91-то хостел мавҷуд аст, — гуфт Рустам Қобилов. — Дар давоми соли гузашта фаъолияти 25 меҳмонхона, 39 хостел, 54 меҳмонхонаи оилавӣ ва 103 ширкати сайёҳӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин, 16 маркази ахбори сайёҳӣ барои сайёҳон кор пеш мебаранд, дар соҳаи туризм 67 лоиҳа бо арзиши умумии 1,5 триллион сӯм татбиқ гардида, дар ин самт 1026 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
Дар брифинг роҷеъ ба вазифа ва нақшаҳо дар соли 2024 низ маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ ба 2,5 миллион нафар расонидани шумораи ташрифи сайёҳони хориҷӣ дар назар аст. Инчунин, беш аз 40-то фестивали сайёҳии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, 15 маротиба инфо-турҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ гузаронида мешавад.
55 лоиҳаи нав бо арзиши умумии 751,1 миллиард сӯм татбиқ гардида, беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нуробод аз тарафи корхонаи хусусии «Samarkand kanat yo`llari» дар 10 гектар майдон маркази хидматрасонии сайёҳӣ бунёд мегардад.
Дар шаҳри Самарқанд аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Qora-ko`l Stroy Engineering» меҳмонхона, ресторан, кафе ва нуқтаҳои савдою хидматрасонӣ сохта мешаванд.
Дар моҳи март «Ҳафтаи сайёҳии ҷавонон», моҳи июл «Моҳонаи сайёҳии ҷавонон» ва дар моҳи ноябр «Моҳонаи сайёҳии пиронсолон» доир мегарданд.

Ф. ЮЛДОШЕВ.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: