ҚОНУНҲОИ МО – ИНСОНПАРВАРОНА, ВАЛЕ БА СӮИИСТИФОДА АЗ ОНҲО НАБОЯД РОҲ ГУЗОШТ

Вақтҳои охир дар бораи ташаккул дода шудани харитаи коррупсия, омодашавии платформаи электронии «E-Anitcor.uz» суханҳо ба миён омада ва таъкид меёбад, тавассути ин платформа фаъолияти идораҳои давлатӣ оиди мубориза алайҳи коррупсия ба таври кушод ва ҳамешагӣ мониторинг карда мешавад.

Вақтҳои охир дар бораи ташаккул дода шудани харитаи коррупсия, омодашавии платформаи электронии «E-Anitcor.uz» суханҳо ба миён омада ва таъкид меёбад, тавассути ин платформа фаъолияти идораҳои давлатӣ оиди мубориза алайҳи коррупсия ба таври кушод ва ҳамешагӣ мониторинг карда мешавад. Дар ин масъала, хусусан, Агентии мубориза алайҳи коррупсия таҳти ҳамдастӣ бо Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ самаранок кор мебарад.
Маълум, ки шаҳрвандонамон нисбати ҳолатҳои коррупсионӣ, ки заҳрпечаки ҷамъиятро монанд, бетараф нестанд. Як қисми муайяни муроҷиатҳои онҳо ба идораҳои болоӣ доир ба ҳамин мавзӯст. Ташкилотҳои масъул дар болои ин гуна аризаҳо, албатта, кор мебаранд, ягон муроҷиат аз эътибор дур намемонад, вале қисме аз муроҷиаткунандагон ҳолатҳои оддии қонуншиканӣ ё гузаронда шудан ба судҳоро низ коррупсия мешуморанд. Аз ин рӯ дар болои ба тартиб андохтани муроҷиатҳо, кадом ҳолатҳоро фарогирии арзу шикоятҳо, айни замон, корҳо пеш бурда мешаванд. Платформаи махсусе, ки зикр карда гузаштем, мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар муроҷиати шаҳрвандонро низ дида мебарояд. Аз ҳама муҳимаш, шаҳрвандони мо дар муроҷиат ба идораҳои болоӣ аз имкониятҳои технологияи рақамноки асрӣ истифода бурда, ниятҳои худро таъҷилӣ ба амал бароварданашон мумкин. Сайт ва барномаҳои мобилӣ – дар хидмати онҳо. Муроҷиати худ ва ҳалли масъалаҳои дар он бардоштаашро шаҳрванд тавассути интернет назорат карда метавонад.
Фаъолнокии шаҳрвандон дар ин самт, болоравии малака ва маданияти ҳуқуқии онҳо имкон медиҳад дар мамлакатамон харитаи мубориза алайҳи коррупсия зудтар ба такомул рӯй оварад.
Маҳз дар асоси муроҷиати шаҳрвандон оиди он ки дар кадом вилоят чӣ қадар ҳолатҳои коррупсионӣ ба амал омадаанд, метавон маълумот пайдо кард, вобаста ба камию зиёдии ин ҳолатҳо рангҳои сабз ва сурх ба кор бурда мешаванд. 
Хӯш, оиди ҳолатҳои коррупсионии вилоятҳои ҷумҳурӣ дар соли 2020 мониторинг чиро нишон дод? 
Маълум мешавад дар қисме аз вилоятҳои ҷумҳурӣ тӯли соле, ки сипарӣ гашт, ин гуна ҳолатҳо зиёд ба вуқӯъ омадаанд. Масалан, дар вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд ва Қашқадарё.
Бачашмрасии ҳолатҳои номатлуб, ҷиноятҳои вобаста ба коррупсия, ки аз иллатҳои ҷамъиятист, албатта,оммаро ба ташвиш мегузорад. Ҷаҳдҳо дар роҳи решакансозии ин иллат бошанд, айни замон, самара мебахшанд. Ҷинояткорон дастгир ва фош, пул ва бойигариҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаи онҳо ба хазинаи давлат баргардонда  мешаванд. Назар ба таъкиди ходими масъули Агентии мубориза алайҳи коррупсия Ӯткирбек Назарбеков, нисбат ба солҳои 2017-2019 дар соли 2020 ба буҷаи давлатӣ маблағҳои зиёдтар баргардонда шудаанд.
Мубориза алайҳи коррупсия вазифаи ин ё он идораи алоҳида не, вазифаи умумии идораҳои  ҳуқуқу тартибот, айни замон, кори умумихалқист, яъне вазифаи ҳама ва ҳар кас аст. 
Акнун шаҳрванде, ки дар бораи қонуншиканиҳо вобаста ба ҳолатҳои коррупсионӣ ба ҷойҳои даркорӣ хабар мерасонад, чун шахсе, ки дар решакансозии иллат саҳм гузоштааст, рағбатнок гардонда мешавад. Низоми махсус дар ин самт тасдиқи худро ёфтааст.
Дар таркиби вазорату идораҳо, айни замон, ходимони аудитӣ амалиётҳои молиявиро сари вақт санҷида ва дар таъмини шаффофии масъалаҳои марбут ба ҳисобу китоб ва дуруст истифода бурда шудани маблағҳои буҷавӣ саҳм мегузоранд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин коррупсия дар шаклҳои гуногун ба зуҳур омада, ҳамон садди роҳ ба ҳар гуна тараққиёт ва пешравӣ мегардад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, хоссатан ба иқтисодиёт таъсири ин иллат зиёдтар ва дар ҷое, ки ин ҳолат ҳаст, маблағҳои давлатӣ ва захираҳои буҷа нодуруст тақсим карда мешаванд, сарфакорӣ коҳиш меёбад.
Дар тиҷорат вақт ва харҷҳои моддӣ барҳадар рафта ва ин ба болоравии нархи наво меоварад.
Муҳити рақобат халал ёфта, «қоидаҳои бозӣ» ба ҳар иштироккунанда як хел шуда намемонад. Иқтисодиёти хуфиёна реша давонда, сафи андоздиҳандагон мекоҳад. Ҳамаи ин, дар ниҳояи кор, ба сустшавии пояҳои иқтисодии мамлакат замина меофарад.
Чун дигар падидаҳо коррупсия низ бузург ва миёнаву хурд мешавад. Коррупсияи бузург ба сиёсати давлатдорӣ, идоракунии ҳукумат ва фаъолияти вазорату кумитаҳои ҷудогона вобаста бошад, аз мансаб сӯиистеъмолсозии вакилони ҳокимиятҳо, роҳбарони садорату ташкилотҳо, идораҳои ҳуқуқу тартибот ба тавлид ва зуҳуроти коррупсияи миёна ва хурд омил шуда метавонад.
Мубориза алайҳи коррупсия дар мамлакатамон торафт шиддат гирифта, ҷиноятҳо фош ва ҷинояткорон ба ҷазо кашида шаванд ҳам, дар бораи ҳамон бавуқӯъоии ҳолатҳои номатлуб хабарҳо ба гӯш мерасанд. Ҳис мекунем дар мо чи қадар «сахтҷон» ва «бадмур» аст коррупсия, мисле он мағз-мағзи ҳаёти ҷамъиятиамонро фаро гирифта бошад.
Мегӯянд, дар қисме аз кишварҳои рушдёфта нозири роҳ – хидмати патрулии назораткунандаи қоидаҳои ҳаракати роҳро дар кӯчаҳо пайдо кардан душвор. «Формапӯшҳо» барои ҷазо додан не, барои кӯмак ба ронандагоне, ки воситаҳои нақлиётиашон ба сабабе муътадил кор намекунанд, ба кӯча мебароянд. Дар мо бошад, бо вуҷуди он ки дар чорроҳаҳо светофорҳо кор мекунанд, нозирони роҳ тартиботро назорат месозанд. Камераҳо гузошта шудаанд – ҳаракати ҳар як мошин дар навор акс ёфтанаш мумкин,бо вуҷуди ҳамин дар чорроҳаҳо баъзе ронандагон, чароғаки сабз фурӯзон бошад ҳам, рост ба болои раҳгузарон мошин меронанд. Ин аз чӣ далолат медиҳад?
Ин далел бар он ки на ҳамеша қонунҳоямон устувор. На ҳамеша қонуншикан ба маҳкама кашида шуда, ҷазои сазовор гирифта, минбаъд дониста кор мекардагӣ шудааст. 
Омили инсон дар мо ва баъзе кишварҳо фарқ дорад: дар хориҷ одамҳо не, технологияи замонавӣ бисёр вазифаҳоро ба иҷро мерасонад. Маоше, ки бояд ба кассир ё нозирон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дода шавад, сарфа ва маблағҳои сарфашуда ба таълими ройгон дар мактабҳои олӣ ҷудо карда мешавад.
Дигар, бо оне ки ба коррупсия роҳ гузоштааст, дар мамлакати мо на ҳамеша ҷазои сазовор дода мешавад. Аз инсонпарварона будани қонунҳо сӯиистеъмол мекардагӣ шахсон зиёд ёфт мешаванд. Масалан, моддаи 61-уми Кодекси маъмурӣ-ҷиноӣ оид ба тороҷи мулки ҷамъиятӣ дар миқдори ночиз. Мувофиқи он айбдор аз 1 то 5 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима месупорад, яъне аз 223 ҳазор сӯм то 1 миллиону 115 ҳазор сӯм. Агар мулки тороҷшуда то 30 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (6 миллиону 690 ҳазор сӯм) арзиш дошта бошад, ин миқдори кам (ночиз) ҳисоб меёбад. Масалан, 5 миллион сӯм камомад  сохта, бо супурдани 223 ҳазор ё  7 миллиону 115 ҳазор сӯм халос шудан мумкин. Ҳолдонҳо мегӯянд, ин  ҷазо нест, балки сила кардани сари бандаи нафсест, ки ба мулки ҷамъиятӣ чашм ало кардааст.
Ҷазо бояд таъсирноктар бошад.
Вақте таъсирнокии ҷазо ҳис нашуд, ҷиноятҳои барқасдонаи ба коррупсия  алоқанок меафзоянд. 
Тараҳҳум бар паланги тездандон, 
Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: