ӮЗБЕКИСТОН ДАР МИНТАҚА ВА АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САДОИ ХУДРО ДОРАД ВА ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАВҶУДА АНДЕША ВА ТАШАББУСҲОИ ДАХЛДОРИ ХУДРО ПЕШНИҲОД МЕКУНАД

12 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади умумии ҳамоиши “Садои Ҷануби глобалӣ”, ки дар шакли онлайн таҳти раёсати Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди баргузор гардид, нутқ эрод кард.

12 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев   дар ҷамъомади умумии ҳамоиши “Садои Ҷануби глобалӣ”, ки дар шакли онлайн таҳти раёсати Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди баргузор гардид, нутқ эрод кард.
Сардори давлати мо дар нутқи худ ба тамоюлҳои муҳими инкишофи вазъияти байналхалқӣ баҳои чуқур дода, нуқтаи назарашро дар бораи вазифаҳои аввалиндараҷа, ки дар назди мамлакатҳои тараққиёбанда истодаанд, баҳам дид. Ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон аз ҷониби намояндагони ҷомеаи коршиносони байналмилалӣ вокуниши васеъ пайдо карданд.
Сармуҳаррири маҷаллаи ҳиндии “Business Central Asia” Индервир Сингҳ:
– Айни замон мушкилоти асосии ҷаҳонӣ, ки дар назди инсоният қарор дорад, – бӯҳрони иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, масъалаҳои тандурустӣ ва ғайра бевосита ба рушди захираҳои инсонӣ ва инноватсия иртибот доранд. Барои баррасии ин масъалаҳои авлавиятнок ва мубрами рӯз бо ташаббуси ҳукумати Ҳиндустон нишасти онлайнии «Садои Ҷануби ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Ҳадафи он муттаҳид кардани кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар як платформа, мубодилаи дидгоҳ ва афзалиятҳои онҳо барои рушди муштарак мебошад. 
Бо даъвати Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи умумии ин чорабинии муҳим ширкат ва суханронӣ кард. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки таҳти шиори “Ваҳдати садо – ягонагии ҳадафҳо” баргузор мешавад, ғояву ташаббус ва пешниҳодҳои сарвари Ӯзбекистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ на танҳо барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим аст.
Ӯзбекистон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ садои худро дорад ва дар ҳалли мушкилоти кунунии кишварҳои рӯ ба тараққӣ андеша ва ташаббусҳои дахлдори худро ба миён мегузорад. Ӯзбекистон муҳимтарин шарики Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ аст. Ба азми Тошканд барои амалӣ намудани лоиҳаҳои нақлиётӣ ва байнишабакавӣ, муносибати конструктивии он ба муноқишаҳои гуногуни имрӯзаи арсаи байналмилалӣ, пешниҳодҳо оид ба коҳиш додани оқибатҳои пандемия, ки дар нишасти сарони СҲШ-и Самарқанд дар моҳи сентябри соли 2022 баён шуда буд ва бисёр ташаббусҳои дигар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ  баҳои баланд дода мешавад. 
Тавре сарвари Ӯзбекистон эътироф кард, машваратҳо, эътимоди мутақобила ва муколамаи ошкоро, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини кишварҳои рӯ ба тараққӣ, амалӣ намудани манфиатҳо ва афзалиятҳои онҳо нигаронида шудааст, аз ҳарвақта дида бештар аҳамият доранд. Аз ин лиҳоз, пешниҳоду ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон оид ба рушди устувор, ки ба манфиатҳои инсон нигаронида шудаанд, аз ҳар ҷиҳат арзишманд ва дар навбати худ муҳиманд, зеро онҳо ба ҳалли мушкилоти доғи рӯз нигаронида шудаанд.
Корманди калони илмии Маркази тадқиқотии Бунёди байналмилалии Вивекананда” Правеш Гупта:
— Ин дар ҳаёти сиёсати хориҷии Хиндустон ниҳоят муҳим мебошад. Зеро кишвари мо имрӯз ба ду созмони муҳим – “Бистгонаи бузург” G20 ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай раисӣ мекунад ва барои баргузории нишастҳои муҳим омодагӣ мегирад. Ҳиндустон яке аз панҷ кишвари бузургтарини ҷаҳон аст ва нақши он дар арсаи ҷаҳонӣ меафзояд. Ба ин далел, дар давраи раёсат дар ин форматҳо имкони фарогирии дидгоҳҳо ва умедҳои Ҷануби ҷаҳонӣ ба оянда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расондани онҳо вуҷуд дорад ва ҳамзамон масъулияти бесобиқа аст. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар ҷаҳон ҳамеша манбаи рушду субот буданд ва барои рушди минбаъдаи онҳо имкониятҳои бузург доранд. 
Саммити онлайнии “Садои Ҷануби ҷаҳонӣ”, ки бо ташаббуси Ҳиндустон баргузор шуд, ба иҷрои вазифаҳои афзалиятноки раёсат дар G20 ва расонидани садои ягонаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, фароҳам овардани заминаи муассир барои ин равона шудааст.
Мехостам иштирок ва суханронии Президент Шавкат Мирзиёевро дар ҷаласаи умумии саммити «Садои Ҷануби ҷаҳонӣ» қайд намоям. Мо мебинем, ки бо роҳбарии ӯ Ӯзбекистон дар солҳои охир ба як кишвари пешрафтаи минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Иштироки Ӯзбекистон дар яке аз аввалин чорабиниҳои муҳиме, ки таҳти раёсати Ҳиндустон дар G20 баргузор мешавад, далели равшани баланд гардидани нуфуз ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 
Дар самти сиёсати хориҷии худ ба минтақаи Осиёи Марказӣ афзалият додани  Президент Шавкат Мирзиёев якбора афзун гардондани миқёси муносибатҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва бисёр дигар соҳаҳои муҳим  таъмин намуд.
Дар суханронии худ дар ин ҳамоиш роҳбари Ӯзбекистон ташаббусҳои дахлдореро ба миён гузошт, ки ба дастгирии манфиатҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки такмили низоми мавҷудаи тиҷорати байналмилалӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, татбиқи муштараки тарҳҳои вобастагии мутақобила ва ҳамчунин ворид кардани чунин масоил ба рӯзномаи нишасти G20 муҳим аст. Фикр мекунам, ки андеша ва ғояҳои роҳбари Ӯзбекистон ва дар навбати худ, бархӯрди Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, масъулияти роҳбарияти минтақа ба ҳам мувофиқ ва асоси муштарак доранд.
Иштироки Ӯзбекистон дар саммити онлайнии «Садои Ҷануби ҷаҳонӣ» бешубҳа дар пешбурди овози муштарак ва манфиатҳои минтақа дар робита ба тамоюлҳо, нигарониҳои умумӣ ва масъалаҳои глобалӣ, ки дар муҳити кунунии байналмиллалӣ мушоҳида мешавад, мусоидат хоҳад кард. Ин, дар навбати худ, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҳиндистон ва Ӯзбекистон дар масъалаҳои рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хидмат мекунад.

АИ “Дунё”,
шаҳри Деҳлӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: