«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ...»

Фарзандони марди пурдидаву меҳнатқарин Зариф Амонов – Заррухҷон, Фаррухҷон ва Фахриддин аз намозхон шудани сарвари оила шод гашта, аз ҳисоби худ маблағгузорӣ карда гуфтаанд, ки ба зиёрати Каъбатуллоҳ рафта номи «ҳоҷӣ»-ро гирад.

Фахри ҷумла илмҳо нон додан аст,
Дар ба рӯйи дӯстон бикшодан аст.
Фарзандони марди пурдидаву меҳнатқарин Зариф Амонов – Заррухҷон, Фаррухҷон ва Фахриддин аз намозхон шудани сарвари оила шод гашта, аз ҳисоби худ маблағгузорӣ карда гуфтаанд, ки ба зиёрати Каъбатуллоҳ рафта номи «ҳоҷӣ»-ро гирад. Зариф Амонов маблағро бо асъори хориҷӣ дар бонк иваз карда хона меомад, ки чанд нафар фаъолони деҳа ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, барои мумфарш кардани кӯчаҳо кӯмаки моддӣ мепурсиданд.
Ҳамон бегоҳӣ Зариф Амонов бо ҳамсараш Бахмалой Султонова машварат ороста гуфт, ки агар харҷи сафари ҳаҷро барои ободонии гузар сарф кунад, чӣ мешавад?!
– «Ихтиёр ба дасти Бахтиёр» гуфтаанд, – хушҳолона гуфт ҳамсараш. – Шумо чӣ қароре қабул кунед.
– Ин тавр бошад, – фикрашро ошкор сохт Зариф, – ба «ҳоҷӣ» шудан вақт ҳаст. Кӯчаҳо ҳамвору равон шавад нағз. Халқ дуо мекунад. Дере нагузашта техникаи пуриқтидор бо мумфарш кардани як қисми маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ машғул шуд. Дар муддати кӯтоҳ чанд тангкӯча ва роҳи асосии қабристони Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд мумфарш гардид.
Дар як маъракаи калони гузар фаъоли деҳа, марди рӯзгордида Исроилхон Нақибов риштаи суханро ба даст гирифту доир ба корҳои ибратбахши Зариф Амонов ҳарф зада пешниҳод намуд, ки минбаъд ӯро «ҳоҷӣ» гуфта ном бигиранд. Зеро вай маблағи барои сафари муборак нияткардаашро ба ободии роҳ сарф намуд.
Ҳозирон таклифи Исроилхонро бо кафкӯбӣ дастгирӣ карданд.
– Фарзандонам ҳам хурсанд, – гуфт З.Амонов. – Онҳо ташаббуси маро дастгирӣ карда гуфтанд, ки «Каъба чӣ меравӣ, дилеро дарёб». Агар тақдир карда бошад, албатта Маккаву Мадинаро низ зиёрат мекунам. Лекин ман хеле шод ҳастам, ки мардуми пиёдагарду ронандагон дуои хайр мекунанд. Чанде пеш барои шабона фурӯзон кардани кӯчаҳо чароғҳои барқӣ гузоштем.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳашари ободонии маҳалла Шавкат Бобомуродов, Темур Ҳусейнов ва дигарон камари ҳиммат бастанд.
– Ман ба як чиз ҳайрон, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд собиқадори меҳнат Исроилхонака. – Баъзе шахсон дар ҳирси дунё афтода, барои хайру эҳсон ба қавле, раги дасташон мекашад. Фикру ёди онҳо иншоотҳои боҳашам сохтан, нақлиёти гаронбаҳо харидан, дар тӯю маъракаҳо санъаткорҳои номдорро даъват карда, аз болояшон намоишкорона пул пош додан аст. Аммо ҳамгузари мо Зарифҳоҷӣ Амонов ин ҷаҳонро бо чашми хирад нигарист.
Шоире навишта будааст:
Некӣ кун, агар туро дастрас аст,
К-ин олам ёдгори бисёр кас аст.
Мо, мардуми деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ба ҳамгузари худ номи мубораки «ҳоҷӣ»-ро додем, ки дигарон ибрат гиранд ва пайрави ӯ шаванд. Воқеан, омӯзгори собиқадор аз деҳаи Миронқули ноҳияи Самарқанд Ӯроқбой Зиёев низ барои ҳаҷҷи акбар маблағ ҷамъ карда буд, вале онро барои бо оби нӯшиданӣ таъмин кардани гузараш сарф кард.
Ҳақ асту рост аст, ки:
Ҳар киро одат шавад ҷуду карам,
Дар миёни халқ гардад мӯҳтарам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: