Президент Шавкат Мирзиёев дар нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Намангон бо ҳокимони вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғона, инчунин бо масъулини комплекси иқтисодӣ мулоқот баргузор намуд.
Тадбирҳои зиёд кардани даромади аҳолӣ дар асоси таҷрибаи Сайхунобод, аз ҷумла бо роҳи истифода бурдани имкониятҳои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хонаводаҳо муҳокима шуданд.
Дар вилоятҳои водӣ аҳолӣ зич ҷойгир шудааст, ҳар як ваҷаб замин ба вазни худ бо тилло меарзад. Аз ин рӯ, фермерони маҳаллӣ чӣ тавр самаранок истифода бурдани заминро нағз медонанд. Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ хеле инкишоф ёфтааст. Дар баробари ин, дар маҳаллаҳо бояд бекорон ва оилаҳои камбизоатро дастгирӣ кард.
Сарвари давлат муҳим будани аҳамияти хоса додан ба ин табақаҳои аҳолӣ, расонидани кумаки ташкилӣ ва молиявӣ ба онҳо ҷиҳати таъмини шуғли аҳолӣ қайд намуд. Ҳамаи шахсони масъул бояд бо ҳар як корхона, соҳибкор ва хонавода ҳамкории зич барқарор намоянд.
Аз ин рӯ, дар маҳаллаҳо кормандони ҳокимиятҳо ва тамоми идораҳои иқтисодӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Онҳо имкониятҳоро дар хонаводаҳо таҳлил намуда, масалан, барои ба 60-70 миллион сӯм расондани даромади қитъаҳои шахсӣ модели истифодаи самарабахш фароҳам оварда мешавад.
Ба шахсоне, ки маҳорати ҳунармандӣ доранд, барои харидани масолеҳ, таҷҳизот ва маблағҳои гардон ёрӣ расонда мешавад. Ба онҳое, ки мехоҳанд ба соҳибкорӣ машғул шаванд, дар таҳияи нақшаҳои бизнес кумак карда мешавад.
Зикр гардид, ки дар ин раванд иштироки фаъоли бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст. Яъне, онҳо бояд ба таъсиси ҷойҳои нави кориро дар заминаи корхонаҳое, ки ба онҳо хидмат мекунанд, ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд.
Зиёда аз он, давлат ба банкҳо маблағҳои калон ҷудо мекунад, ки онҳо бояд ба ташаббусҳои аҳолӣ дар маҳалҳо равона карда, ба афзоиши шуғли аҳолӣ хизмат кунанд. Ин маблағҳо бояд ба таъкиси ҷойҳои нави корӣ, маҳсулоти иловагӣ, баланд шудани қобилияти харидории аҳолӣ табдил дода шаванд.
Вазифа ба миён гузошта шуд, ки дар хонаводаҳо истеҳсолоти хурд ташкил карда, одамонро ба истеҳсоли маҳсулот тайёр карда, кооператсия ва хоанкорӣ вусъат дода шавад.
Ҳамчунин имкониятҳои истифоданашудаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишоварзӣ, ки ба аҳолӣ барои парвариши меваю сабзавоти гуногун барои содирот ҷудо карда шудаанд, инчунин рушди чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарвариро таъкид бояд кард, ки ба беҳтар шудани некуаҳволии хонаводаҳо мусоидат мекунанд.