НАШРИ НАВУ ПУРРАИ «ТАЪВИЗ-УЛ-ОШИҚИН»-И ОГАҲӢ

Бузургтарин симоҳо дар адабиёти ӯзбек Навоию Бобур бошанд, як гурӯҳ муҳаққиқон ва донишмандони адабиёт Муҳаммад Ризо Огаҳиро савумин намояндаи барҷаста дар адабиёти класикии халқи баробар мешуморанд.

 Ба наздикӣ нашриёти «Адабиёт» таҳти кумаки молиявии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон девони бузургҳаҷми Огаҳиро ба табъ расонд, ки наздик аз 700 саҳифа иборат аст. Мураттиб яке аз донишмандони рӯз Сайфиддин Рафиддинов, ки баробари адабиёти туркизабон аз адабиёти форсӣ-тоҷикӣ огоҳ аст. Китоб асосан девони «Таъвиз-ул-ошиқин»-и Огаҳиро  фаро гирифта ғазал, рубоӣ, қитъа, мустазод, мураббаъ, мухаммас, мусаддас ва тарҷеъбандҳои суханвари маъруф дар он ҷойгир шудаанд.
Зимнан, «Таъвиз-ул-ошиқин» («Тумори ошиқон») аз ғазалҳои туркӣ ва форсӣ-тоҷикии Огаҳӣ таркиб ёфтааст. Боби «Ашъори форсӣ»-и китоби тозанашр беихтиёр таваҷҷуҳи моро ба худ мекашад: ғазалҳои равон, хушҷило, олимазмун.
Ин тавр гуворо садодиҳии сурудҳое, ки гӯяндаашон намояндаи халқи дигар аст, касро ба ҳайрат мегузорад: 
Шуд зи умри бебақои худ 
магар огоҳ субҳ,
Меравад аз хештан ҳар дам 
кашида оҳ субҳ.
Гашт чун мӯят сафед, аз худ 
бишуд аспи умед,
Омаданро бин, ки бо 
рафтан кунад ҳамроҳ субҳ.
Ҷуз девоне, ки зикр шуд, Огаҳӣ боз якчанд асари бадеӣ-таърихӣ эҷод намудааст, ки дар шакли назм мебошанд. «Риёз-уд-давла», «Зубдат-ут-таворих», «Ҷоме-ул-воқеоти султонӣ», «Гулшани давлат», «Шоҳиди иқбол» барин таълифоти ӯ, гуфтан мумкин, рӯйдодҳои муҳим дар асри 19-умро дар худ инъикос, рӯзгори аҳли Хоразм ва мардуми атрофи он дар давраи салтанати Оллоқулихон, Раҳимқулихон, Муҳаммад Аминхон, Саййид Муҳаммадхон ва Муҳаммад Раҳим II-ро бозгӯ намудаанд.
Навъе мебинем, Огаҳӣ баробари шеърнависӣ ба ду забон чун таърихнигор низ ба назар мерасад, ҳаёти маданию иҷтимоии як қатор халқҳоро, ки дар муҳити ҳамсоягарӣ зиндагӣ кардаанд, ба қалам медиҳад, асосан ба нақлу тасвири воқеаҳое эътибор менигаронад, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Хоссатан «Фирдавс-ул-иқбол», ки бо супориши Оллоқулихон таълиф гашт, аҳамияти илмиро низ молик мебошад. 
Огаҳӣ ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дилбастагии хос дошт. Инро бо мутолиаи «Баёни мутафаққираи форсӣ» ном дафтари ӯ дигарбора ҳис карданамон мумкин. Тарҷума аз форсӣ ба туркӣ, зимнан, як шохаи пурбори эҷодиёти ин адиби барҷастаро ташкил менамуд. 
Огаҳӣ дар ҷавонӣ ҳамчун мироб дар дарбори Оллоқулихон хидмат мекард. Баъдтар сармироб таъин гашт. Вале мадрасадида, ки буд, ба мутолиа ва эҷод низ машғул мегашт, аз амакаш Шермуҳаммад Мунис, ки шоири маъруф буду ба дарбор наздикӣ дошт, таълим мегирифт. Баробари асрори шеърият аз Мунис форсиро меомӯхт, бо туркиву форсӣ ғазалҳо менавишт. 
Устодаш Мунис, ки «Равзат-ут-сафо»-и Мирхондро аз форсӣ ба туркӣ тарҷума мекард, соли 1829 аз олам гузашт. Огаҳиро лозим омад тарҷумаро ба зимма гирифта ва онро ба охир расонад. Ҳамин тавр, баробари ба иҷро расондани корҳои муҳими давлатӣ (сармиробӣ) вай ба эҷоди бадеӣ ва баргардониши беҳтарин асарҳои форсӣ-тоҷикӣ ба туркӣ ҷиддан шурӯъ кард. Тавре худи ӯ дар муқаддимаи «Таъвиз-ул-ошиқин» қайд менамояд, рӯйихати асарҳои тарҷумакардааш аз 20 адад мегузарад. Ҳар кадом аз ин асарҳо, ки ба қалами бузургмардони олами адаби форс-тоҷик мутааллиқанд, бо маҳорат, завқ ва ҳунари баланди ба мутарҷимҳои варзида хос ба туркӣ тарҷума карда шудаанд. 
Маълум, ки баъзе аз асарҳои классиконамон дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз ҷониби якчанд мутарҷим ба туркӣ баргардонда шудаанд. Масалан, ҳанӯз дар асри XIV «Гулистон»-и Саъдиро Сайфи Саройӣ тарҷума карда буд.
Баъд ин корро Огаҳӣ ба зимма гирифт. 
Дар ибтидои асри XX Муродхӯҷа Солоҳхӯҷа низ «Гулистон»-ро ба туркӣ баргардонд. Вале дар байни тарҷумаҳо салисӣ ва ба асл наздиктарии баргардониши Огаҳиро мутахассисон қайд карда гузаштаанд.
Воқеан намунаҳои насрию назмии адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ бо саъйи Огаҳӣ устодона ба туркӣ-ӯзбекӣ баргардонда ва дар вақташ дар шакли китоб ба табъ расонда шудаанд. Маҳз бо хидмати бузурги вай туркизабонҳо имкон ёфтанд «Қобуснома»-и Кайковус, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ, «Ҳашт биҳишт»-и Хусрави Деҳлавӣ, «Юсуф ва Зулайхо», «Саломон ва Абсол», «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ ва ҳоказоро бо забони модариашон мутолиа созанд. «Шоҳ ва гадо»-и Бадриддин Ҳилолӣ ва «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ низ бо эҳтимоми Огаҳӣ ба ӯзбекӣ тарҷума гашт. Ҷуз асарҳои бадеию дидактикӣ асарҳои таърихӣ, аз ҷумла, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд ва «Зафарнома»-и Шарафиддин Алии Яздӣ аз ҷониби Огаҳӣ ба туркӣ баргардонда шуд. 
Огаҳӣ ҳанӯз аз хурдсолӣ форсӣ-тоҷикиро омӯхт, дар ҷавонӣ яке аз донишмандони сарфу наҳви ин забон гашт,  минбаъд бо камоли майл адабиёти классикии форс-тоҷикро фаро гирифт. Батадриҷ худаш ҳам ба форсӣ-тоҷикӣ ғазалҳо навишт.
Мегӯянд ғазалҳои туркии Огаҳӣ равону хушоянд, вале дар ғазалҳои форсияш назокати сухан ва шеърияти воло хушоҳангтар садо медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳо дар «Таъвиз-ул-ошиқии»-и Огаҳӣ 1080 мисраъ шеър зери унвони «Ашъори форсӣ» ҷой гирифтааст. Навъе мебинем, миқдор он қадар зиёд не, вале ғазалҳо кифоятанд маҳорати баланди форсигӯии ӯро ба исбот расонанд. Ғайр аз ғазал Огаҳӣ якчанд мухаммас низ навиштааст ба форсӣ-тоҷикӣ.  Ба ғазалҳои Бедилу Амирӣ тазмин бастааст. «Мусамман ба тариқаи тазмин»-и ӯ низ хеле қобили таваҷҷӯҳ. Дар «Муноҷот»-и  Огаҳӣ сатрҳои равон ва оммафаҳм, ки либоси бикр ба бар кардаанд, хеле зиёд: 
Илоҳо, бандаи гумкардароҳам,
Саропо ғарқаи баҳри гуноҳам.
«Таъвиз-ул-ошиқин»-и Огаҳӣ дар давраи шӯравӣ чанд бор нашр шуд. Аз ҷумла, соли 1960 олими адабиётшинос Шамсиддин Шарафиддинов девонро бо крилӣ чоп кунонд. Вале он пурра набуд. Аз ин нашр 99-то ғазал, якчанд рубоӣ, мухаммас, таърих ва қасидаҳои шоир афтода монданд. Хатоҳо низ ба чашм мерасиданд. Масалан,  дар асл «хилоб» бошад, дар девон «гулоб» чоп шуд, ё худ ба ҷои «пул» (кӯпрук) дар ҷое «пил» (фил) сабт гардид ва ғайра.
Чопи солҳои 1971 ва 1972 низ аз саҳвҳо холӣ набуданд.  Хусусан, байтҳое, ки мазмунҳои динӣ-тасаввуфӣ доранд, аз ғазалҳо афтоданд.
Омодакунадаи нашри нави девони Огаҳӣ номзади илмҳои филологӣ Сайфиддин Рафиддинӣ (Сайфиддин Сайфуллоҳ), сайъ кард «Таъвиз-ул-ошиқин-ро дар шакли пурра пешкаши дӯстдорони назми классикӣ гардонад. Барои он ки ғазалҳои форсӣ-тоҷикии Огаҳӣ дуруст талаффуз шаванд, матнҳо бо имлои ҳозираи тоҷикӣ, ҳарфҳое, ки хоси алифбои тоҷикианд, оварда шудаанд. 
Яъне аз китоб истифода бурдани тоҷикон ва тоҷикзабонҳо низ ба эътибор гирифта шудааст.

М. ШОДИЕВ. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: