ИДИ ИСТИҚЛОЛ БО ТАНТАНАИ ХОС МЕГУЗОРАД

Мувофиқи нақшаи ҳокимияти вилоят дар ноҳияи Сӯх таҷлили 32-юмин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон ба рӯзи 25 август рост омад.

Ба ин муносибат яке аз майдонҳои назди бозори нави маркази ноҳия намуд ва шукӯҳи идонаро касб менамуд. 

Дар як тарафи ин майдон, рӯи саҳнаи калон овозхонҳо барои мардум ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар тарафи дигари он, ҳар ҷо-ҳар ҷо парчами давлатиро овехта буданд, ки аз боди сабои дарёи шӯхи Сӯх бо виқори хос парфишонӣ мекарданд. 
Ин лаҳза чанд мошин омада дар шафати майдони идона қарор гирифт. Бо роҳбарии ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев як гурӯҳ мизбонон ба истиқболи меҳмононе шитофтанд, ки  барои ширкат дар маросими ботантана аз вилояти Боткенти Қирғизистон даъват шудаанд.
Меҳмононро ҳокими ноҳияи Боткент Учқун Ҷӯрабоев сарварӣ менамуд. Дар ин гурӯҳ чанд нафарро одамони расмӣ ва боқимондаашонро намояндагони рустоҳои наздимарзӣ ташкид менамуд.
– Имрӯз дар ноҳияи мо иди калон барпост. Мо бо иштироки як гурӯҳ ҳамсояҳои худ аз вилояти Боткент иди истиқлолияти Ватанамонро таҷлил мекунем. Ман меҳмононро ба ин маросими идона хайрамақдам мегӯям ва умедворам, ки муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Қирғизистон сол аз сол мустаҳкам ва доираи ҳамкориҳои мо боз васеътар хоҳад шуд, – гуфт ҳоким.
– Моро даъвати шумо, ҳамсоягон, хеле шоду мамнун сохт ва бо камоли эҳтиром ва майли тамом барои иштирок дар ин тантанаи бошукӯҳ ташриф овардем. Қирғизҳои атрофи Сӯх бо мардуми он аз қадим дӯсту бародарвор зиндагӣ карда омадаанд ва ин анъанаи некро мо бояд идома диҳем, – гуфт Учқун Ҷӯрабоев. – Қирғизистон низ дар арафаи иди истиқлолияти худ қарор дорад. Ман ба намояндагӣ аз ҳокимияти вилояти Боткент ҳамаи шуморо бо фаро расидани иди истиқлол самимона табрику шодбош мегӯям. Бигзор, решаҳои дӯстиву рафоқати мардумони мо боз ҳам мустаҳкам гардад! – изҳор намуд Учқун Ҷӯрабоев.
Домани рақсу суруд боз васеътар шуд ва мизбонону меҳмонон машғули шодиву нишот шуданд. 
Яке аз хабарҳои хурсандибахше, ки дар рӯзи таҷлили иди истиқлол паҳн гардид, ҳамин аст, ки аз 1-уми сентябри соли равон убури марзи Ӯзбекистону Қирғизистон бо ID-корт имконпазир мегардад. Гуфта мешавад, 25 августи соли 2023 Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон  дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон аз 27 январи соли 2023 эътибор пайдо кард, ки дар Бишкек ба имзо расидааст. 
Маълум шуд, ки тибқи тавофуқи тарафайн истифодаи амалии корти шиносоии ID барои вуруд, хуруҷ, транзит, ҳаракат ва буду бош дар қаламрави ду кишвар аз соати 00:00 1 сентябри соли 2023 оғоз мешавад. Тибқи тағйироте, ки Протокол ворид кардааст, барои шаҳрвандони ду кишвар тартиби ягонаи содакардашудаи убури сарҳади давлатӣ ҷорӣ карда шуд.
Аз ин ба баъд шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон метавонанд бо шаҳодатномаи шахсият (ID-карт) то 60 рӯз ворид, ҳаракат ва дар қаламрави ду кишвар бимонанд.
Барои мардуми ноҳияи Сӯх ин хабари хуш ид болои ид шуд. Ба гуфтаи онҳо ин ҳодисаи деринтизор ахиран ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва мушкилоти пур шудани варақҳои шиносномаҳои хориҷии онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳад рафт.
Иду тантанаҳои 32-юмин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон дар ноҳияи Сӯх боз чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: