Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 13 октябр барои иштирок дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба шаҳри Бишкек ташриф меорад.
Дар ҷараёни чорабиниҳои саммит масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ, аз ҷумла татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, инноватсия, рақамисозӣ, нақлиёт, маориф, фарҳанг ва ғайра баррасӣ мешаванд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор хоҳанд кард.
Аз рӯи ҷамъбасти ҷамъомад қабули як қатор созишнома ва қарорҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод ба нақша гирифта шудааст.