Дар чаҳорчӯби 38 лоиҳа дар минтақаи саноатии ҷавонон, ки дар маҳаллаи Оққӯрғони ноҳияи Балиқчӣ ташкил ёфтааст, корҳо идома доранд.
Солҳои охир дар вилояти Андиҷон чун дар тамоми ҷумҳурӣ ба масъалаи дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пурра ба амал татбиқ намудани имкониятҳои худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Хусусан, дар бобати рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон корҳои шоёни диққат анҷом дода мешаванд. Имрӯз дар минтақаҳои саноатии ҷавонон, ки дар ҳар як ноҳия ва шаҳр таъсис дода шудаанд, садҳо ҷавонон лоиҳаҳои тиҷоратии худро татбиқ менамоянд. Дар натиҷа корхонаҳои нав ба нав ба кор даромада, ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ афзуда, ҷойҳои зиёди нави корӣ таъсис дода мешаванд.
– Дар минтақаи саноатии ҷавонон, ки масоҳати умумии он 4,1 гектарро ташкил медиҳад, ҷойгир намудани 71 лоиҳаи ба истеҳсолот пешбинишуда ба назар гирифта шудааст, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Балиқчӣ Ҷасурбек Абдураимов. – То имрӯз дар минтақаи саноатӣ 31 лоиҳа ба кор дароварда, 210 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Дар минтақаи саноатӣ барои фаъолияти пурсамари соҳибкорони ҷавон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҳудуд бо неруи барқ, оби нӯшокӣ таъмин гардида, роҳҳо сохта, инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шудааст.
Ҳокими ноҳия, роҳбарони секторҳо бо соҳибкорони ҷавоне, ки дар ин ҳудуд фаъолият нишон медиҳанд, зуд-зуд вохӯрда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мухталифе, ки дар фаъолияти онҳо ба миён меоянд, бинобар дастгирӣ намудани пешниҳодҳои нав ба нави онҳо мунтазам мулоқотҳо баргузор менамоянд.
Соҳибкорони ҷавон аз шароиту таваҷҷуҳе, ки ба онҳо фароҳам оварда шудаанд, рӯҳбаланд гардида, самарабахш фаъолият нишон медиҳанд.
– Дар минтақаи мазкури саноатӣ мо оид ба тайёр кардани мебел кор пеш мебарем, – мегӯяд соҳибкори ҷавон, раҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бек-мебел-сервис-777» Исломҷон Ҳоҷиматов. – Сехи мо соле 500 ҳазор дона мебелҳои гуногун истеҳсол менамояд, 50 нафар, хусусан, ҷавонон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Дар айни ҳол лоиҳаҳои наве, ки барои ба минтақаи мазкури саноатӣ ҷойгир намудан аз ҷониби соҳибкорони ҷавон тақдим мегарданд, мавриди баррасӣ қарор доранд. Дар назар аст, ки аз ҳисоби ҷойгиркунӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои нав дар ин минтақа боз садҳо ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд.
Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.