ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ БА ИШТИРОКДОРИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ ТАБДИЛ ЁФТ

— назари коршиносони байналмилалӣ

— назари коршиносони байналмилалӣ
Ташаббусҳое, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба миён гузошт, аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд мегиранд.


Аз ҷумла, Вазири туризм, санъат ва фарҳанги Малайзия Нэнси Ҳоҷӣ Шукрӣ дар бораи  аҳамияти ин ташаббусҳо инҳоро қайд кард:
— Иҷозат диҳед ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ташаббусҳое, ки дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ 23 сентябр ба миён гузошта шуданд, миннатдорӣ изҳор намоям.
Мехостам аҳамият ва рӯзмаррагии пешниҳоди Ӯзбекистонро оиди дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО дар Хива дар соли 2021 баргузор намудани форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ» алоҳида таъкид намоям.
Боварӣ дорам, ки оммавӣ гардондани мероси ғании фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддуни Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалии илмиро ба омӯзиши нерӯи илмӣ ва зеҳнии халқҳои минтақа пурзӯр мегардонад, инчунин имкони бори дигар таъкид намудани саҳми бузурги давлатҳои минтақаро ба рушди  тамаддуни ҷаҳонӣ фароҳам меорад.
Иқдоме, ки Ӯзбекистон пеш гузошт, албатта, ҳамчун механизми иловагии таблиғи бренди сайёҳии кишвар хидмат хоҳад кард.
Заки Фитаккумпол, узви Сенати Ассамблеяи миллии Таиланд:
— Барои гуфтани он ки ба туфайли сиёсати фаъоли Президент Шавкат Мирзиёев муносибати давлатҳои ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон ба таври назаррас тағир ёфта, мутадил гардид, асосҳои кофӣ мавҷуданд. Итминон дорам, ки андешаҳои дорои аҳамияти  миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии Президенти Ӯзбекистон ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мусоидат хоҳанд кард.
Таклифҳое, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар сессияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба миён гузошт, чунин аҳамият доранд. Шавкат Мирзиёев бо равиши ба худ хос дар рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба сиёсатмадори муҳими миқёси ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Албатта, дар ман ҳамчун сенатор ғояи қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар таъмини ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳи хосса пайдо кард. Ин як қадами хеле хуб андешидашуда буда, бешубҳа аз ҷониби намояндагони парлумони ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Таиланд дастгирӣ карда мешавад.
Дар ин маврид мехостам таъкид кунам, ки парлумони Таиланд ҳамеша чунин ташаббусҳоро истиқбол мекунад.

Ба фикри профессори Институти тиҷорати муттаҳидаи Брюссел Ялчин Саханкая,
дар суханронии Президенти Ӯзбекистон дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ эътибори алоҳида дода, барои ҳалли онҳо як қатор пешниҳодҳо оварда шудаанд.
— Вақте ки бо нутқи Президенти Ӯзбекистон шинос шудам, ман мутмаин шудам, ки дар он ҳалли глобалии мушкилоти имрӯзаи башарият  пешниҳод шудаанд, — гуфт ӯ. — Дар нутқ ба масъалаҳои муҳимтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, якҷоя таъсис додани системаи одилонаи ҷаҳонӣ, ки ҳуқуқ, озодӣ, саломатӣ ва некӯаҳволии инсонро таъмин мекунад, пешниҳод шудааст.
Имрӯз, дар Ӯзбекистон барои мубориза бо COVID-19 чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар натиҷа, дар мамлакат ҳолатҳои фавт аз коронавирус дар сатҳи поён нигоҳ дошта мешавад. Ман инчунин ин натиҷаро, яъне, ба тақрибан 50 ҳазор нафар додани шаҳрвандии Ӯзбекистонро ба  дастовардҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, сиёсати гендерӣ ва барҳам додани меҳнати маҷбурӣ ва кӯдакон дохил менамудам.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, эътибор додан ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таъмини ҳуқуқи инсон на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои кишварҳои минтақа низ муфид аст.
Таваҷҷӯҳ ба масоили минтақавӣ, ба мисли Афғонистон ва ҳудуди баҳри Арал, барои дарки дақиқи таъсири глобалии онҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муассир кӯмак мекунад.
Президент Шавкат Мирзиёев инчунин пешниҳод кард, ки коҳиши камбизоатӣ бояд мавзӯи асосии яке аз ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи Генералии СММ бошад. Ин ҷанба аз нуқтаи назари имрӯза актуалӣ аст ва ман ин ғояро комилан дастгирӣ мекунам.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: