ТАШАББУСҲОИ МУҲИМ ОИД БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ПЕШНИҲОД ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 август дар Конгресс-маркази байналхалқӣ бо соҳибкорон мулоқоти ошкоро баргузор намуд.

Бори аввал чунин вохӯрӣ 20 августи соли 2021 баргузор шуда буд. Бинобар пешниҳоди роҳбари давлат ин шакли вохурӣ анъанавӣ гардид ва имрӯз дар мамлакатамон Рӯзи соҳибкорон муқаррар карда шуд. 
Дар ибтидои мулоқоти кунӯнӣ Президент Шавкат Мирзиёев корчаллонҳоро бо ҷашнашон табрик намуд, барояшон эҳтиром ва таманноҳи беҳтарин орзу намуд.
– Соҳибкорон дар ҳар мамлакат ҳамеша қувваи бузург буданд. Дар Ӯзбекистон мо барои рушди иқтисодиёт, ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор, коҳиши қашшоқӣ ва ободсозии маҳалла чораҳо меандешем. Ба ин ки саҳми зиёд мегузорад? Соҳибкорон! Ҳар яки шумо – қаҳрамон. Мо бо шумо фахр мекунем, – гуфт роҳбари давлат. 
Таъкид шуд, ки ба туфайли шароити фароҳамоварда тиҷорат тадриҷан рушд менамояд. Дар соли гузашта миқдори соҳибкорони тоифаи хурд 40 ҳазор зиёд гардид, тоифаи миёна 2 ҳазор, теъдоди корхонаҳои калон 400 ҳазор афзуд. Аз ҳисоби имтиёзоти пешниҳодгардида гардиши 155 корхона аз 100 миллион доллар зиёд гардид. Ҳаҷми сармояи ҳарсолаи хориҷӣ бори аввал ба 10 миллиард доллар расид.
Бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 август 44 нафар ҳамватанонамон, ки бобати баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакатмон ва некаҳволии мардум ба муваффақият ноил гаштаанд, бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар чорабинӣ маросими тантанавии супурдани орден ва медалҳо ба соҳибонаш ба амал омад.
Инчунин бинобар Супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 август 126 нафар соҳибкорони фаъол бо нишони сарисинагии «Фаъол тадбиркор» мукофотонида шуданд.   
Дар ҷараёни мулоқот натиҷаҳои вохӯриҳои гузашта баррасӣ шуданд. Соли 2021-ум бинобар натиҷаи гуфтушунид 57 ташаббус пеш гузошта шуда буд, соли гузашта бошад, 55 чунин ташаббус пешниҳод гардид. Ин ташаббусҳо ҷараёни тиҷоратро дар амалиёт хеле соддатар карданд. 
Чунончӣ, дар пояи пешниҳодҳое, ки соли гузашта пеш гузошта шуда буданд, субъектҳои тиҷорат ба табақаҳои кучак, хурд, миёна ва бузург тақсим карда шуданд, нисбати ҳар кадоми онҳо муносибати махсус ҷорӣ гардид. Худи ҳамин хел ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба 5 табақа тақсим гардиданд, дар 60 ноҳия ҷадвалҳои алоҳидаи андоз, вом ва молия ҷорӣ карда шуданд.
Муҳлати бозгардонии андоз ба арзиши иловагӣ коҳиш ёфта, соли гузашта ба 6 ҳазор корхона 20 триллион сӯм баргардонда шуд. Аз ҳама муҳимаш, аз ҳисоби кам кардани миқдори андози мазкур то ба 12 фоиз миқдори иштирокдорони силсилаи арзиши иловагӣ ба 26 ҳазор зиёд гардид, фаъолияти онҳо бошад, аз соя берун баромад. 
Ҳангоми қарздиҳӣ низоми истифода ба сифати гарави таъмин сохтани муомилоти молҳо, қарордодҳои содиротӣ, аккредитҳо ва маоши минбаъда созмон дода шуд. Ба шарофати ин имконият ба соҳибкорон дар ҳаҷми 1 миллиард доллар вом пешниҳод шуд. 
Низоми коркарди амвол дар ҳудуди гумрукӣ соддатар гардид. Дар натиҷа миқдори соҳибкороне, ки аз ин режими гумрукӣ истифода мебаранд, ду баробар афзуд. Тӯли як соли истифода аз ин имконият дар ҳаҷми 455 миллион доллар маҳсулот ба содирот бароварда шуд. 
Рухсат ва иҷозатдиҳӣ барои 119 хели фаъолият, ки пештар дастрасии онҳо барои соҳибкорони нав душвор буд, бекор карда, ё худ ба шакли огоҳкунӣ гузаронида шуданд. Тӯли шаш моҳи соли равон миқдори санҷиши фаъолияти андозсупорандагон нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз кам гардид.
Умуман тӯли соли сипаришуда миқдори соҳибкорони хурд ба 40 ҳазор, миқдори соҳибкорони миёна аз 2 ба 10 ҳазор, корхонаҳои калон то 1,5 ҳазор нафар афзуд. Шумораи корхонаҳои бузург 400 адад зиёд шуд ва соле ба 1,5 ҳазор расид.
Баъд аз мулоқоти кушод тӯли ду соли охир корхонаҳои ватанӣ дар ҳаҷми 25 миллиард доллар маҳсулот содир карданд, дар мамлакат бошад, истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ дар ҳаҷми 10 миллиард доллар оғоз ёфт. 
Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми суханрониаш панҷ самти асосиро мушаххас намуд. Ҳар кадоми онҳо бисёр ташаббусҳоро дарбар мегиранд. 
Самти аввал ин имкониятҳои нав барои тиҷорати хурд аст. 
Дар бораи созмон додани низоми ягонаи экологӣ барои омӯзондани намояндагони соҳаи мазкури соҳибкорӣ, бо лоиҳаҳо ва маблағ таъмин кардани фаъолияти онҳо, дарёфти бозори фурӯши маҳсулот ва шарикони тиҷоратиашон маълумот дода шуд. Барои ин, пеш аз ҳама, бонки «Қишлоқ қурилиш бонк» ба «Бонки рушди тиҷорат» табдил дода мешавад. Дар назди бонки ҳар кадом минтақа 14 маркази тиҷорати хурд ташкил меёбад. Лоиҳаҳое, ки дар онҳо соҳибкорон таълим мегиранд, бо муфидтарин шароитҳо молиявӣ карда мешаванд. Корхонаҳои хурде,ки  дар ин барнома иштирок менамоянд, тӯли се сол аз тафтиш озод карда мешаванд.
Умуман низоми мазкур барои ба по хестани 150 ҳазор субъекти тиҷорати хурд кӯмак мерасонад, 25 ҳазор субъект метавонанд ба табақаи миёна гузаранд, 250 ҳазор ҷойҳои нави доимии кор фароҳам меоянд. 
Дар доираи самти дуюм ташаббусҳои бо тиҷорати миёна алоқаманд ба забон оварда шуданд. Аз ҷумла, барои дастгирии соҳибкороне, ки мехоҳанд аз тиҷорати хурд ба тиҷорати миёна гузаранд, ҳам фаъолият ва ҳам усули кори бунёдҳои дахлдор тағйир дода мешавад. Барои таъмини молиявии лоиҳаҳои нав аз тариқи Фонди рушди саноат ба муддати даҳ сол кредит бинобар ставкаи 5 фоиз бо асъори хориҷӣ ва 10 фоиз бо асъори миллӣ ҷудо карда мешавад. 
Низоми ипотекаи саноатӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳибкорон майдонҳои истеҳсолӣ дар шакли ба тиҷорат тайёр пешниҳод мегарданд. Аз ҷумла, дар ҳар кадом минтақа на камтар аз 3 минтақаи нави саноатӣ созмон дода мешавад. 
Дар навбати худ Бунёди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ барои сектори хидматрасонӣ – боз як муҳаррики иқтисодиёт, масъул мегардад. Бунёди соҳибкорӣ, дар навбати худ, ба сектори хидматрасонӣ – боз як муҳаррики иқтисодиёт ҷавоб медиҳад. Бунёд низоми «Хидматрасонии ипотекӣ»-ро дар соҳаҳои сайёҳӣ, савдо ва тиҷорат ҷорӣ менамояд. 
Таъкид гардид, ки аз ҳисоби ин имкониятҳои нав метавон дар ҳаҷми 1 миллиард доллар хидматҳои иловагиро фароҳам овард, дар ҳаҷми 5 миллиард доллар маҳсулоти нав истеҳсол кард ва 350 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил намуд. 
Самти сеюм аз ворид шудан ба бозорҳои нав бо маҳсулоти босифату рақобатбардор иборат аст. 
– Мо наметавонем чун баъзе кишварҳо аз ҳисоби фурӯши захираҳои нафту газ афзоиши баланди иқтисодиро таъмин созем. Нафт ва гази мо ин маҳсулоти қимат ва босифат буда, аз ҷониби корчаллонҳои ташаббускору серғайрате чун шумо истеҳсол мешавад, – гуфт Президент.
Дар натиҷаи аз ҷониби давлат дастгирӣ шудани самти мазкур тӯли чаҳор соли охир миқдори корхонаҳои содиротӣ аз 4,5  то 7,2 ҳазор афзуд. Хелҳои маҳсулоти содиротӣ аз 1,5 то ба 3 ҳазор, ҷуғрофияи фурӯш бошад аз 139 то ба 164 мамлакат зиёд гардид. 
Соли гузашта барномаи «Ӯзбекистони Нав – кишвари дорои маҳсулоти рақобатбардор» ба роҳ гузошта шуд. Дар доираи он режими махсуси вом, андоз ва гумрук барои 100 адад корхонаҳои содиротии пешқадам ҷорӣ гардид. 
Дар ҷараёни суҳбат эълон шуд, ки соли равон барномаи мазкур идома меёбад ва миқдори корхонаҳои фарогирифта ба 500 адад зиёд мегардад. 
Роҳбари давлат ба ҷалби брендҳои бонуфузи хориҷӣ эътибори махсус дод. Таъкид гардид, ки барои ин бояд шароити шарикони хориҷӣ ба инобат гирифта, меъёрҳои байналхалқӣ, талаботи экологӣ ва сертификати истеҳсолот, ҳамчунин режими мусоиди гумрукӣ ҷорӣ карда, шароити хуби меҳнат барои кормандон дар корхонаҳо фароҳам оварда шаванд. Дар бораи ҷудо намудани грантҳо барои корхонаҳое, ки брендҳои маъруфро ҷалб менамоянд, ибрози назар гардид.  
Самти чаҳорум ин зиёд кардани корхонаҳои даромадашон баланд аст. Ба ин мақсад бо ҷалби мушовирони байналхалқӣ 140 лоиҳа дар саноати электротехникӣ, бофандагӣ, чарму пойафзор, заргарӣ, сохтмон, мебел, полимерӣ, кимиёӣ ба хурокворӣ коркард шуданд. Арзиши умумии онҳо 10 миллиард долларро ташкил медиҳад, фароҳам овардани 60 ҳазор ҷойи корӣ, ба маблағи 5 миллиард доллар истеҳсол кардани маҳсулот ва соле 2,5 миллард долларина ба содирот баровардани маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Ин лоиҳаҳои тайёр аз ҷониби соҳибкорон пешниҳод шудаанд.
Самти панҷум ба содда кардани маъмурияти андоз ва аз байн бардоштани бюрократия нигаронида шудааст. Президент афзудани шикоятҳои вобаста ба тамаъгарӣ дар ин соҳа, ҳамчунин таҷрибаи ғайриодилонаи истифодаи коэффитсенти тақсими андоз (tax gap) ҳангоми бозгашти андоз ба арзиши иловагиро таъкид намуд. Вобаста ба ин қарор дода шуд, ки ин амалиёт аз 1 октябр бекор карда шавад.
Таъкид гардид, ки тамоми санксияҳои молиявӣ таҷдиди назар мешаванд ва меъёрҳои одилона устувор мегарданд.
Ҳамчунин баррасии тамоми талошҳои соҳибкор бо мақомоти андоз ба ихтиёри суди маъмурӣ дода мешавад. Ҳама гуна маҳдудиятҳо барои муроҷиати бевоситаи онҳо ба судҳо аз байн бардошта мешаванд. 
Ба мақсади сарфаи вақт ва маблағи соҳибкорон аз 1 январи соли 2024 пешниҳоди ҳисоботи иловагӣ ва кӯҳнашуда бекор карда мешаванд. Қайд шуд, ки тамоми ҳисобот аз тариқи низоми ягонаи элетронӣ пешниҳод гардида,  шакли хаттии онҳо аз байн бардошта мешавад.
– Дар давраи нави рушди кишвари мо ҳар як сол муҳлати зарурии татбиқшавии барнома ва лоиҳаҳои васеъмиқёс ба шумор меравад. То даме, ки мо тоҷирони ҷасуру фидоии аз санҷишҳои ҳаёт гузашта дорем, албатта, ба ҳадафҳои пешгузоштаи худ муваффақ мегардем, – гуфт Президент дар анҷоми суханронии худ.
Мулоқоти ошкоро дар шакли саволу ҷавоб идома ёфт. Ба шахсони масъул бинобар дархост ва мушкилоте, ки аз ҷониби соҳибкорон иброз гардиданд, супоришҳо дода шуданд.     

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: