«МАН ОМАДАМ, КИ ҶИЛВАИ НОЗИ ҲУНАР КУНАМ...»

Дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор танҳо як зан ё шоир нест.

Балки Гулрухсор як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад меъёр бигирад. Худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он рӯҳия бисозад. 
Агар бихоҳем, ки як бонуи ворастаи ашрофию элитарии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ тасаввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ӯ ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат, пеш аз ҳама симои Гулрухсор пеши назар меояд. 
Ӯ дили як миллат, набзи як эҳё, гули як фарҳанг ва меваи як тамаддун аст. Ӯ оташи як ҷасорат ва забони як рисолат аст.
Зуҳури ӯ як кушоиш, дурахши ӯ як баҳор ва омадани ӯ як эъломия буд:
Ман омадам, ки ҷилваи нози ҳунар 
кунам,
Бо килки шуъла қиссаи шаб мухтасар кунам!
Дар заминаи истеъдоди зотӣ, тарбияти миллӣ ва пойдевори арзишию тамаддунии шахс, чунин чеҳраҳои хоссаи миллию ҷамъиятию фарошахсиятиро маҳз як шароити хоссаи таърихию фарҳангию сиёсию иҷтимоиву иқтисодӣ ташаккул медиҳад ва фақат дар он сатҳ ин сатҳ ҳосил мешавад. 
Ба ин маъно, Гулрухсор рӯҳи як марҳилаи томи набарди фарҳангию таърихии миллат, маҳсули як асри вусъату миқёсҳои бузург ва сатҳи биниши як абарқудрат аст. Ва чунон вусъате бояд, то чунин миқёсе ба даст ояд.
Бо зуҳури худ, бо парвозу сарнавишти худ, бо барқу шӯру вулқони худ, бо саҳнаву андешаву будани худ Гулрухсор як намуна сохт, як фарҳанг офарид, як меъёр шуд, як инқилоб кард. 
Дар ин достон ҳамагон диданд, ки чӣ гуна метавон аз барқи кӯҳистон хуршеди тобон сиришт, аз оташаки лола машъали миллӣ афрӯхт.
Ӯ на танҳо номи Гулрухсорро миллӣ кард, балки сабки Гулрухсорро ҳамагонӣ намуд, дарди Гулрухсорро умумимиллӣ сохт. Бо таъсири ӯ дар муҳити занони тоҷик насле шакл гирифт, ки забонаш, шеъраш, андешааш, арзишҳояш, ҳатто овозу қироату либосаш гулрухсорӣ буд ва ҳаст...
Аммо муҳимтар аз ин, гарчӣ ӯ ба сатҳи фаромиллӣ, ба сатҳи империя, ба сатҳи байналмилалӣ баромад, аммо дар ҳамаи ҳолатҳо, дар ҳамаи мансабҳо, дар ҳамаи саҳнаву сиёсатҳо миллӣ монд, тоҷикӣ монд, миллат гуфт, тоҷик гуфт, ҷавҳар гуфт, асолат гуфт, забон гуфт, фарҳанг гуфт, эҳё гуфт. Нишон дод, ки чӣ гуна метавон баланд буду миллӣ буд, модерн буду миллӣ буд, муосир буду тоҷикӣ буд, ҷаҳонӣ буду миллӣ буд, вазиру вакил буду миллӣ буд, рӯшан буду миллӣ буд.
Дур рафтам, то туро наздик бинам,
Аз ту рафтам, то даме бо ту нишинам, 
Тоҷикистон!
Ин аст, ки ӯ садои миллат, парчами бедории миллӣ, машъалаи рӯҳи миллӣ шуд. Яқинан, мо дар таърихи навини фарҳанги худ бонуи дигаре бо ин дурахшу ин рӯшаниву ин корнома ёд надорем. 
Ин аст, ки падида ё феномени Гулрухсор чун падидаи милливу муосир дар шеър, дар забон, дар ишқ, дар рафтор фарогир шуд, бозтавлид шуд. Аммо афсус, ки бозтавлиди умумимиллии фикрӣ ва иҷтимоии ин сатҳ ва ин падида муяссар нагашт. Бо шикасти як раванди миллию таърихӣ дар панҷаҳои оҳанини ҷанг арзишҳои элитарӣ ба ҳошия рафт, сатҳи умумии фарҳангӣ суқут кард.
Ва ӯ ин дардро низ суруд:
Охирин ҷанге, ки тоҷик метавонад кард 
андар ҳифзи худ, 
Ҷанг бо фарҳанги бефарҳанг хоҳад буд!
Аммо як воқеият ин аст, ки чун дар солҳои наврасию ҷавонии мо, дар марҳилаи ташаккули завқу бинишу фаҳмиши мо тандису улгуи зани озодаву огоҳу соҳибминбару соҳибмаърифату ватандору миллатдори тоҷик Гулрухсор буд, зеҳни насли мо, нигоҳи насли мо ба ҳамин сатҳ одат гирифтааст. 
Аз ин рӯ, зеҳни насли мо то имрӯз ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат намекунад, чизе камтар аз Гулрухсорро эътироф намекунад. Балки дар пазируфтани сатҳе поинтар аз ӯ мушкил дорад. Балки дар ин самт чизе поинтар аз ӯро бар он таҳмил кардан мушкил аст...
Ин ҳақиқатро шояд бисёре аз ҳамнаслони мо эҳсос намоянд.
Ва ниҳоят, ҳам боиси ифтихор ва ҳам ҷойи таҳсину ҳайрат аст, ки ин шаҳбонуи фарҳангу адабиёти миллат то ҳануз он ҷойгоҳро нигоҳ дошт ва аз он сатҳ поин наомад ва меъёрро нашикаст.

Абдуллоҳи РАҲНАМО.

 

 

 

 

ГУЛРУХСОР
  
ВАҚТЕ КИ БАЗМОРО БУДАМ...
 
Вақте ки ман зебо будам, 
дунёи ман зебо набуд,
Дар дафтари сабзи ғазал пайғоми 
Мавлоно набуд.
Дар хандаҳои гулдара, 
дар нағмаҳои бефара,
Нури булӯри шаршара дурри
 шарарафзо набуд.
Моҳи асал буд бе асал, 
девони руъё бе масал,
Дар ҷилваи тасвирҳо дирӯзро фардо 
набуд.
Вақте ки ман фар доштам, 
аз меҳр афсар доштам, 
Дар пойи дил сар доштам, 
чашми фалак бино набуд.
Вақте ки базморо будам, 
дар хандаам ғам мегирист,
Байни замину осмон монанди 
ман танҳо набуд.
Вақте ки ман даф мезадам, 
каф мезадам, таф мезадам, 
Дар хонақоҳи ошиқон шӯри малак 
барпо набуд.
Вақте ки ман шайдо будам, 
дар зарраҳо пайдо будам, 
Шайдои ман пайдо набуд,
 пайдои ман шайдо набуд.
Вақте ки байни ишқу ман хуршед будӣ 
чархзан,
Дар маҳшари рақси самоъ Шамсулҳақу 
Мавло набуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: