ҚАДРШИНОСӢ

Касе, ки аз таҳти дил ва бовиҷдон хидмати халқу Ватан мекунад, беэътибор намемонад.

Алалхусус, дар Ӯзбекистони мустақил, ки қадру қиммати инсон аз ҳама волост. Ҳар сол дар арафаи иди Истиқлол бо Фармони Президент як гурӯҳ ҳамватанон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд. Имсол ба муносибати 32-солагӣ дар сафи мукофотонидашудагон сокини маҳаллаи «Мустақиллик»-и ноҳияи Узун Абирбобо Бобоқулови 103-сола ҳам ҳаст.
Мукофоти давлатӣ – медали «Шуҳрат»-ро аз номи Президент ҳокими вилояти Сурхондарё  Улуғбек Қосимов бо иштироки намояндагони ҳокимияти ноҳияву вилоят, фаъолони маҳалла, намояндагони се авлод ва хешу пайвандонаш бо тантана ба Абирбобо супурд ва ӯро бо мукофоти давлатӣ табрик гуфт. 
Айни замон ин пири бадавлат дар маҳаллаи «Мустақиллик»-и ноҳияи Узун дар ҳалқаи фарзандону пайвандон зиндагии орому осуда дорад. Пири талхиву ширинии ҳаётро чашида зиёда аз 42 сол чӯпонӣ кардаву як умр луқмаи ҳалол хӯрда, 11 нафар фарзандро тарбия намудааст. Ӯ бобои 54 набера, бобокалони 71 чабера ва 5 абера мебошад. Ҳанӯз ҳам саломатии хуб, хотираи  мустаҳкам дошта, ба ворисон аз рӯзгори вазнини солҳои пеш аз ҷанг ва фоҷиаҳои мудҳиши ҷанги ҷаҳониву солҳои барқарорсозӣ нақл мекунад. Аз даврони Истиқлол шукрона намуда, ба пасовандон ватанпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, одамгарӣ ва қадршиносӣ барин хислатҳои некро талқин менамояд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: