ЯК ДАСТА АТРГУЛ

Ротаи автомобилӣ, ки ба майдони машқ саф ороста буд, ба саломи командир бо овози баланд саломи ҳарбиёна дод.

Командир, майор Ашрафов ба  рӯҳ, кайфият ва андоми тобеъонаш назаре андохту афсарон, сержантҳо ва аскаронро аз вазифаҳои навбатиашон огоҳ кард. Пас лейтенант Абророви бо рухсат дар паҳлӯяш ҳозиршударо аз номи худу тобеъон бо зодрӯзаш муборакбод намуда, ба ӯ комёбиҳо хост. Ба лейтенант аз номи ҷамоа гулдаста ва як қуттии паҳни ҳадядорро таҳти садои кафкӯбии ҳамсафон бо тантана супурд. Соҳибҷашн ҳадяҳоро қабул карда, ба командиру ҷамоа изҳори ташаккур намуд ва боз бо рухсату қадамҳои низомӣ ба саф баргашт.
Рӯзи шанбе ва рӯзи тозагӣ буд. Ҳарбиён вазифаҳои додашударо адо намуданд. Афсару сержантҳо бо иҷозати фармондеҳашон дар нимрӯзӣ ба шаҳраки ҳарбӣ, ба хонаҳояшон рафтанд. Аскарон баъди тозакунии казармаю гирду атрофи он дасту рӯ шуста, ба тановули хӯроки пешин омодагӣ медиданд.
Ҳанӯз хидмати нимрӯзии ҷонишини командири рота, капитан Валиев давом дошт. Вай дар конселярияи рота нишаста, ҳуҷҷатҳои рӯйи мизро тагу рӯ мекард. Тафтишро анҷом дода, акнун рафтанӣ буд, ки назараш ба гулдастаи рӯйи зертахтаи тиреза афтод. Гулҳо каме пажмурда ҳам шуда буданд. Барои он ки роҳи ҳаёти лейтенанти ҷавон дар ҳифзи Ватан сафед бошад, ин гулҳо армуғон шуда буданд.
– Оре, – гуфт худ ба худ капитан Валиев, – лейтенант Аброров куртаи туҳфашударо бурдаасту гулдастаро не. То рӯзи душанбе гулҳо хушк мешаванд, бояд ягон илоҷ ёфт... Зарфи обдоре ҳам нест. 
Ӯ хеле андешиду гулдастаро ҳамроҳи худ гирифт.
Айни хуррамию шукуфтанҳо. Гул бошад, рамзи зебоӣ, сарсабзию шукуфоӣ.
Дар пиёдароҳи шаҳрак марду зане бо ҳавою ҳавас ба Валиеви ҳарбӣ ва гулдастаи дастони ӯ чашм медӯхтанд. Валиеви ягон бор дар кӯча бо гул нагашта, каме шармид ҳам.
Дар истиқоматгоҳашон духтари калонӣ гулдастаро аз дасти падар гирифта, гулҳоро аз банд озод карду ба гулдон гузошт. 
– Баҳ-баҳ, гулҳоро бо кадом сабаб овардед? – аз тамошои онҳо завқ бурда пурсид завҷаи Валиев.
– Барои хурсандии шумоён, – ҷавоби кӯтоҳ дод афсар ба ҳамсараш.
Ҳар рӯз духтарони мактабхони онҳо оби гулдонро нав мекарданд. Гулҳои то миён ба об фурӯрафта, шукуфон ва тару тоза дар паҳлӯи ҷаҳоннамо, рӯйи миз меистоданд.
5 атргули сафед гӯё ҳамзоду баробар буданд. Аз дидани онҳо чеҳраи аъзои хонавода, аз ҷумла, ҳамсояҳои ҳарбии омада низ шукуфта, равшан мешуд. Аҳсант ба лейтенант Аброров, ки гулҳои зодрӯзаш даргоҳи Валиевҳоро анбарафшон карданд.
Атргулҳо ба ҳарбиён, роҳгузарон ва аҳли хонадон завқу ҳузур бахшида, акнун рӯ ба зардӣ меоварданд.
Сад бор афсӯс, вале чӣ чора?! Ба таъбири Мавлоно Ҳилолӣ:
Ҳайф аст, ки ин гули 
шукуфта
Аз дидаи мо шавад нуҳуфта.
Бале, «ҳар баҳореро хазоне дар пай аст».

Ш. МИРЗОЕВ,
ноҳияи Чусти 
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: