БАРНОМАИ АМАЛИЁТИ МАМЛАКАТ

Вақт хеле тез мегузарад.

Азму талош, саъю кӯшишҳои шиддатноки ислоҳсозии солҳои охир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат боиси дигаргуниҳои куллӣ ва рӯҳбаландии мардум мегарданд. Хушбахтона, он масъала ва иллатҳое, ки дар давоми даҳсолаҳо ба миён омада, ба пешрафти мамлакат монеа мешуданд, ҳаллу фасл мегарданд. Роҳу сиёсати одилонаву инсонпарваронаи давлати мо, ки ташаббускораш сарвари давлат аст, на фақат дили мардуми мо, балки дилҳои ҷомеаи дигарро низ  ба ҷӯш меоварад.
22 декабри соли 2019 дар мамлакати мо ба парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав» интихоботи ҷавобгӯйи талабот ва меъёрҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Он «барои Ӯзбекистон озмоиши ҷиддии сиёсӣ буд. Халқамон аз ин озмоиш бо рӯйи сурх гузашт...» 
Чи хеле ки Президент дар Муроҷиатнома таъкид намуд, интихобот барои Ӯзбекистон муҳити нави сиёсиро ба вуҷуд овард. Талоши байни номзадҳои панҷ ҳизб дар фазои рақобати солими сиёсӣ ба амал омад.
Роҳи дуруст ва ягонаи пешрафти мамлакати мо будани ислоҳоти демократиро ҳаёт бори дигар исбот кард. 
Дар мамлакатамон ислоҳоти соҳаи таълиму тарбия аз кӯдакистон то мактаби олӣ вусъат меёбад. Ҳоло 52 фоизи бачагон ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб гардидаанд. Соли ҷорӣ ба 60 фоиз расондани он пешбинӣ шудааст. Соли оянда қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ бо тартиби грант ду баробар меафзояд. Тартиби аз фанни забони модарӣ супоридани имтиҳон дигаргун мешавад. Дар мактабҳои олӣ фанҳое, ки ба ихтисос алоқаманд нестанд, маҳдуд мегарданд. Муҳлати таълим дар мактабҳои олии педагогӣ (бакалавр) се сол мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон татбиқ шудани барномаҳои «Обод маҳалла» ва «Обод қишлоқ» имкон медиҳад, ки баҳри ободгардонии кишвар корҳои ҷолиби диққат ба сомон расанд. Ободию осоиштагии маҳалла ободию осоиштагии мамлакатро таъмин месозад. Имрӯз дигаргуниҳо –  ободонии кӯчаҳо, бунёди иморатҳои зебо, таъмири роҳҳо, дастрасии оби тозаи ошомиданӣ, гузарҳои чароғон, ки дар як қатор маҳаллаҳои ноҳияи Шофиркон, аз ҷумла,  дар Ҳайдаробод, Чандӣ, Талисафед, Ҷӯйработ, Бобоато ба амал омадаанд, ҳамдиёронамонро хурсанд мекунанд.
Мо дар ин ҷо бинобар баъзе нуктаҳои Муроҷиатнома сухан гуфтем, ҳол он ки вай кулли масъалаҳои ҳаёти мамлакатамонро дар бар мегирад.
Дар амал татбиқ шудани масъала ва нуктаҳои муҳими Муроҷиатнома имконият медиҳад, ки Ватанамон ободу фаровон, халқамон серу пур ва рӯзгорамон орому осуда бошад.

Ҳазрат МАВЛОНОВ, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Шофиркон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: