ҲАР ЯК МУРОҶИАТ ЗЕРИ ЭЪТИБОР АСТ

Таҳти роҳбарии Президент шахсони масъул чун омили баланд бардоштани самараи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ҳаёт татбиқ мегарданд, ба қаробати мақомоти идораи давлатӣ ба халқ, омӯхтани мушкилоти одамон ва масъалаҳое, ки мардумро ба ташвиш меоваранд, эътибори махсус медиҳанд.

Солҳои охир дар мамлакати мо муносибат ба муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ тағйир ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки дар Қабулхонаи халқии Президент дар вилояти Самарқанд муроҷиати аҳолии вилоят дар чорчӯбаи қонун тез, шаффоф ва холис ҳаллу фасл мешаванд. Суҳбати мо бо сармутахассиси қабулхона Шоира СУЛТОНОВА дар атрофи ҳамин масъала ҷараён гирифт. 
– Аз тарафи мардум 15628 муроҷиат шуд, ки 11185-тои онҳо хаттӣ ва боқимонда шифоҳӣ мебошанд, – гуфт Шоира Асадовна. – Беш аз нисфи онҳо мусбат ҳал гардидаанд.
Қисми зиёди муроҷиатҳо ба масъалаҳои таъминоти манзил, гирифтани кӯмаки моддӣ, дарёфти ҷойи кор, вомгирӣ ва таъминоти оби ошомиданӣ, нерӯи барқ, гази табиӣ, таъмири роҳ, ситонидани алимент, ҷудо кардани қитъаи замин барои соҳибкорӣ ва ғайра мебошанд. Пас аз бориши барф ва сард гардидани обу ҳаво шикояти мардум  оиди дар баъзе ҷойҳо қатъ гардидани гази табиӣ ва нерӯи барқ афзуд. Телефони кории мо беист садо дода, нисбат ба ҳамин гуна мушкили мардум шикоятҳо расиданд. Мо дар навбати худ ба масъулон супориш додем, ки ин масъаларо ҳал намоянд. Дар идораи мо якчанд нафар ходимон муроҷиати шаҳрвандонро, ки ба кадом идора, ба номи кӣ ирсол гардид, қайд мекунанд ва ба мутасаддиён фиристода, муддати иҷрои онро муқаррар менамоянд. Зеро дар байни роҳбарони шаҳру ноҳияҳо баъзе шахсони фориғболу бепарво ҳастанд, ки ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ ва қолабӣ дигар ҷавоб намедиҳанд. Дар натиҷа норизогии барҳақи шикоятчиён афзуда ба қабулхонаи мо низ иснод мерасад.
– Шоира Асадовна, мо хабардор ҳастем, ки қабулхона бо ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар ноҳияҳо низ қабули сайёр ташкил намуда, ба доди мардум мерасанд. 
– Воқеан, чанде пеш қабули навбатии мо дар ноҳияҳои дурдасти Ургуту Нуробод баргузор гардид. Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба қабулгоҳи виртуалӣ ва Қабулхонаи халқии Президент расидаанд, низ баррасӣ шудаанд. Дар натиҷа бисёр масъалаҳои ноҳияҳои дурдаст дар ҷояшон ҳалли худро ёфтанд.
Умуман, дар қабули сайёр, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят гузашт, 51561 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун ба ҳокими вилоят муроҷиат кардаанд. Қариб 95 дарсад аризаву шикоят дар ҷояш ҳал карда шуд.    
– Оё гуфтан мумкин аст, ки дар шаҳру деҳот масъалаҳо куллан ҳал шуда истодаанд?
– Албатта не. Дар вилоят 61 маҳаллаи ҳамчун ҳудудаш мушкил ба қайд гирифта шудааст. Халқи мо «ба як мурғ ҳам дон, ҳам об зарур» мегӯяд, ки ҳақ асту рост. Дар асоси Барномаи «Маҳаллаи обод» мушкилоти деҳаҳо аз рӯйи нақша ҳалли худро меёбанд.
– Шикоятҳо аз кадом ноҳияҳо бисёранд?
– Ба қабулхонаи мо бештар аз шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Ургут, Пайариқ, Самарқанд муроҷиат мерасад, ки ҳамаи онҳо ба қайд гирифта мешаванд ва барои барҳам додани нуқсонҳо ба идораҳои марбута ирсол мегарданд. Дар қабулхона Евгения Аҳмадова, Темур Муртазоев, Камолиддин Ҳамроев, Беҳзод Қӯлдошев ва дигар ходимони ботаҷриба бо ҳозирҷавобӣ, муомилаи хуш, дил ба даст овардан барин хислатҳои неки инсонӣ дар байни мардуми корафтода маҳбубият пайдо кардаанд.
Боиси ифтихор аст, ки ба қабулхонаи мо Президенти давлатамон Шавкат Мирзиёев ду маротиба ташриф фармуда, ба фаъолияти мо баҳои баланд доданд. Инчунин, бисёр арбобони давлатӣ ва меҳмонони олиқадри мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ қадам ранҷа карда, ба дафтари қайду хотирот суханҳои хуб навиштаанд. 
– Шоира Асадовна, таманнои шумо ба муштариёни рӯзнома?
– Ман ҳар як шумораи рӯзномаро бо завқ мутолиа менамоям. Аз имконият истифода бурда, ба мухлисон хонаободӣ, саодатмандӣ ва сиҳатмандӣ орзумандам.
Мардуми кишварамонро бо иди Соли нав табрик мегӯям.

Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: