Равшан аст, ки солҳои охир ба беҳбуди фаровонҳолии ҳаёти аҳолӣ, ҳифзи саломатии ӯ эътибори махсус дода мешавад.
Бинобар маълумоти оҷонсии омор то 1 январи соли 2022-юм дарозумрии миёнаи аҳолии Ӯзбекистон 73,8 сол будааст. Ин нишондиҳанда дар аввали соли 2021-ум 73,4 солро ташкил медод.
Ҳоли ҳозир дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки ба муҳокимаи ҷомеаи васеъ тақдим шудааст, давомияти умри инсонро ба 78 сол расонидан пешбинӣ мегардад. Ҳамчунин ҳаҷми маблағи солонае, ки аз буҷа барои тиббиёт ҷудо карда мешавад, бояд 2 баробар зиёд карда шавад, 2,5 баробар коҳиш додани марги бармаҳал бинобар касалиҳои саратон, рагҳои хунгузари дил, диабет, роҳи нафас ва сирояткунанда, аз ҷумла дараҷаи бемории силро аз 34 нафар нисбати 100 ҳазори кунунӣ қатъиян кам кардан дар назар дошта шудааст.
Баробари ин дар лоиҳа ба аҳолӣ боз ҳам наздик кардани хидмати аввалияи тиббӣ пешбинӣ мешавад. Барои ин дар ҳафт соли оянда 700 поликлиника сохта, 28 ҳазор кати беморӣ ва барои 16 ҳазор шифокор ҷойи кор фароҳам оварда хоҳад шуд.
350 ҳазор бемори диабет, 1,5 миллион дардманди раги хунгузари дил пурра бо давою дармон фаро гирифта мешаванд. 70 фоизи муроҷиати аҳолии ба кумаки тиббӣ муҳтоҷ дар зинаи аввал ҳаллу фасл карда хоҳад шуд.
Чунин ислоҳот на фақат ба афзудани дарозумрии миёнаи шаҳрвандон, балки боз ба беш аз пеш беҳтар шудани саломатии тамоми табақаҳои аҳолӣ хидмат хоҳад кард. Аз ҷумла, дар байни кудакон бемориҳои ирсӣ ду баробар коҳиш меёбанд. Аҳолии синнаш аз 55 зиёд ҳар сол ду маротиба 100 фоиз аз назорати профилактикӣ гузаронида ва саломатиашон барқарор карда мешавад.
Умуман дар лоиҳаи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» на фақат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, балки боз чун дар тамоми соҳаҳои дигар ба инкишоф додани ҷанбаи иҷтимоӣ ҳам аҳамияти ҷиддӣ дода хоҳад шуд.
Аз ҷумла, ислоҳоти дар тамоми зинаҳои низоми таълим оғозёфта, минбаъд низ бо ҷидду ҷаҳд идома меёбанд. Тӯли солҳои 2023-2030 дараҷаи ба таълими мактабӣ ва гурӯҳҳои тайёркунӣ, фаро гирифтани кӯдакон ба 100 фоиз расонида мешавад. Барои ин 2 ҳазор кӯдакистони нав сохта хоҳад шуд. Сохторҳои таълими томактабӣ 100 фоиз бо оби тозаи ошомиданӣ ва инфрасохтори замонавии санитариву гигиенӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин дар низоми таълими миёнаи умумӣ барномаи «Муҳити мусоид барои таълим» татбиқ мегардад. Дар натиҷа аз соли хониши 2023/2024 ҳар сол 500 ҳазор иқтидори нав ташкил ёфта, миқдори ҷойи таълим ба 7,5 миллион расонида мешавад. Барои сохтмони мактабҳое, ки 2,5 миллион хонандаро фаро гирифта метавонанд, 8 миллиард доллар маблағ ҷудо карда хоҳад шуд.
Дар ин ҷараён барои пурра фаро гирифтани сайъю кӯшиши хонандагони мактаб ба мактаби олӣ эътибори махсус дода мешавад. Дараҷаи бо таълими олӣ фаро гирифтани ҷавонон ҳадди ақалл ба 50 фоиз расонида, нишондиҳандаи қабул дар асоси гранти давлатӣ 2 баробар зиёд карда хоҳад шуд. Дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хо-риҷӣ, ки дар рӯйхати «500–беҳтарин» дохиланд, тақрибан 50 барномаи муштараки таълимӣ ва «низоми ду диплом» ҷорӣ карда мешавад. 5 муассисаи таълими олӣ ба донишкадаи миллии тадқиқотӣ табдил дода шуда, барилова биноҳои таълимии дорои 120 ҳазор ҷой, ҳамчунин хобгоҳҳо барои 150 донишҷӯ бунёд мегарданд.
Агар ба тарзи хулоса гӯем, дар доираи 5 самт ва 100 ҳадафи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» аз тариқи дар ҳафт соли минбаъда босуръат инкишоф додани мамлакат ба сафи кишварҳои пешқадамтарини дунё ворид кардани он ба нақша гирифта шудааст.
Музаффара АБДИЕВА,
депутари Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.