ТАМОМИ ҲАСТИРО БАҲРИ САРСАБЗИЮ ХУРРАМӢ ВА СУБОТУ ПОЙДОРИИ ВАТАНИ АЗИЗ БАХШЕМ

Бегоҳирӯзӣ аҳли хонаводаи мо барои ифтор ҷамъ омаданд.

 Офтоб  домон  ғундошта бошад ҳам, барои  рӯзакушоӣ  чанд дақиқа вақт  буд. Имтиҳони санҷиши сабру таҳаммул, хосатан  барои наберагон оғоз ёфт. Ақрабаки  соат бо мароми  худ пеш метохт.
Ҳамин вақт Хиромони 13 сола:
– Пагоҳ дар  мактаби мо ҳашар, – гуфт бо таъби болида, – муаллимамон фармуданд, ки ҳама бо либоси  хонагӣ, писарҳо  бо белу каланд, духтарон бо ҷорӯбу сатил оянд. 
Аз қарори Сарвари давлат бобати бо савияи  баланд гузаронидани Наврӯз ва 16-17-уми  марти  соли равон баргузор кардани ҳашари умумихалқӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, албатта, хабардор будем, вале худро  ба нодонӣ зада, пурсидам:
– Хӯш, шумо чӣ  кор карданӣ?
– Мо, духтаракҳо ҳавлӣ, кӯча мерӯбем, писарҳо ниҳолҳои гуногун  шинонда, дарахтони атрофи  мактабро  бо оҳак  сафед  мекунанд, – бо  завқ хабар дод набераам, – корамонро директор  назорат  карда, синфҳои  пешқадамро эълон мекунанд. 
– Дар  гузар ва  дар қабристони Хоҷа Аҳрори Валӣ  ҳам ҳашар эълон гардид, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд фарзанди калонӣ Бахтиёр.
Воқеан, қарори Президент «Дар  бораи омодагӣ ва  баргузор  намудани ҷашни  умумихалқии Наврӯз  дар   соли  2024»  барои  амалӣ шудани анъанаҳои неки гузаштагони мо, алалхусус  меҳру  муҳаббат ба  меҳнат, ободу зебо гардидани кишвари  азизамон, дӯстии  байнимиллӣ, тарбияти насли наврас дар рӯҳияти меҳнатдӯстӣ такони бузургест, ки лоиқи таҳсину ситоиш мебошад. 
Ёд дорам, солҳои ҷавонӣ дар  фасли  тирамоҳ мардҳои  гузар ҳама  дастҷамъона  ба  ҳашари бомандовакунӣ ширкат варзида, кумаки беғаразонаи хешро аз  якдигар дареғ  намедоштанд. Алалхусус, аз хидмати беминнати мо – ҳашарчиён соҳибони оилаҳои камбизоат миннатдор буданд. Агар  касе аз  ҳашари умумихалқӣ  канораҷуӣ  кунад, бешубҳа аз  мӯйсафедони соҳибэҳтиром  танбеҳ  мегирифт. 
Зеро ҳашари умумихалқӣ тӯли асрҳо мавҷуд буда, ҳисси башардӯстӣ, ваҳдату ягонагии халқро мустаҳкам  мекард, фазилатҳои неки  инсониро тарғиб менамуд. 
Хушбахтона, ҳоло мо боз анъанаҳои неки гузаштагони худро эҳё мекунем.
Мардум ба  ҳашари умумихалқӣ чун  ба  кори муҳим якдилона  иштирок  мекунанд. 
– Ниҳол  парвариш  кардан, роҳу пулҳо  сохтан кори неку савоб аст, – иброз дошт  имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳоҷӣ Яъқубхон Мансуров. – Ман қабл аз намозгузорӣ ба  аҳли ислом мефаҳмонам, ки ба кори неку хайр саҳмгузор шаванд, ки  ба саодати  ду дунё  соҳиб  мегарданд.
Дар  куҷое хонда будам, ки дар  як  шабонарӯз ба як  нафар одам 5-6 литр кислород (оксиген) лозим будаасту барои қонеъ шудани ӯ 22 бех дарахт зарур. 
Афсӯс, ки дар  шаҳри  Тошканд аз сабаби дарахтбуриҳои зиёд обу ҳавои шаҳр ниҳоят муфлис шуд. Бинобар ин Президентамон вазифа гузоштанд, ки  ҳар сол 40-50  миллион  бех ниҳол нишонда ва парвариш карда шавад.
Бояд таъкид намуд, ки маҳз бо  роҳи ҳашар  Самарқанд сол то сол ривоҷу равнақ меёбад, зеботар мегардад. Тавре ки  аз ҳокимияти вилоят  хабар  додаанд, дар  тамоми шаҳру ноҳияҳо пиру ҷавон ба  ҳашари умумихалқӣ баромада, барои  боз ҳам бештар ба гулгашту кабудизор  табдил ёфтани манзили зист, гузару кӯчаҳо саҳмгузор  хоҳанд шуд. 
– Самарқанд  маркази сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, – гуфт  ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов. – Дар  рӯзҳои  ҷашни Наврӯз  аз  тамоми дунё меҳмонони хориҷӣ  ташриф оварда, аз  чорабиниҳои  мо баҳраманд  мешаванд.
Дар «Боғи Ӯзбекистони Нав»-и мавзеи Қаросув, истироҳатгоҳи  марказии  ба номи Алишери Навоӣ, хиёбони донишгоҳ, майдони Регистон, амфитеатри «Мӯъҷиза» ва  дар тамоми  шаҳру ноҳияҳои вилоят Наврӯзи дилафрӯз таҳти  шиори «Олам аз ту нурборон бод, Наврӯз!» мутантан ҷашн гирифта мешавад. 
Ҳама ба ҳашари умумихалқӣ!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: