7. «ОВОЗИ ТОҶИК»: 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ЁДИ ЁДҲО

(Охираш.
Аввалаш дар шумораҳои гузашта).

...ИН ДУ РАФИҚ  
«НЕ»-РО 
НАМЕДОНИСТАНД

...Шодравон Турсунбой Раҳимҷонов мудири  шуъбаи саноат ва Хӯҷамурод Қӯлдошев мудири шуъбаи мактаб буданд. Онҳо  як хислати аҷиб доштанд: дар ҳаёти худ «не»-ро, қариб кор намефармуданд. Ҳар кас ҳар чӣ илтимос кунад, ба ҷо меоварданд. Гӯшт ё дигар хӯроквориро, ки танқис буд, аз ким-куҷоҳо ёфта медоданд. Ба ҳар эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекарданд. Аз ин боис, бисёр вақт  зарар медиданд. 
Он рӯз Хӯҷамурод  ба кор дер омада, сабабашро «аз релс баромадани трамвай» нишон дода, ҷонашро аз ҷазои раиси касаба (Қиличев) халос карда буд. Чоштгоҳ, вақти «хониши сиёсӣ», ин ду рафиқ набуданд. «Хониш» ба охир расид. Ҳар ду рафиқ яке суп-сурху дигараш сап-сафед пасту баланд, бо чеҳраҳои хандон пайдо шуданд. Раиси иттифоқи касаба, ки аз муҳаррир супориш гирифта буд, онҳоро дошта, сабаб пурсид.  Раҳимҷонов узр пурсид, ки вақташ кам аст, бояд тарҷима кунад, сӯи «машбюро» шитофт. Ӯ дар даст  як нусхаи «Правда» дошт. 
Хӯҷамуроди ҳозирҷавоб дар як он баҳона ёфта гуфт: – Ҳомидҷон-ака, ман ба гапи шумо амал карда, як сари қадам ҳамон трамвайи пагоҳӣ аз релс баромадаро рафта аз ҳолаш хабар гирифта омадам...
Худораҳматии Норов, ки аз завҷаи Хӯҷамурод – Шодмоной сабаби дермонии шавҳарашро пурсида буду нағз медонист, аз таги дилаш ба завқ механдид. Баробари ба наздаш омадани Хӯҷамурод ба вай ҷиддӣ таъкид кард, ки ҳатман як соати нағзи «будилник» хараду аз баҳри баҳонаҷӯӣ гузарад. Ба ин гап ҳам Хӯҷамурод ҷавоби муносиб ёфт: соати бедоркунак дорам, аммо вай вақте занг мезанад, ки ман масти хобам... Ҳозир барои он дер мондам, ки ба таклифи  устод (яъне Раҳимҷонов) не гуфта натавонистам, барои рафъи гармӣ андаке пиво нӯши ҷон карда омадем... 
Он вақт дар байни ходимон «устод» гуфтан расм буд. 
Он солҳо хастагиҳои кори душвори рӯзномаро ҳамкорон бо ҳазлу шӯхиҳои сабук рафъ менамуданд. Гоҳо Раҳматҷонака баъди «супориш»-и телефонии завҷа зиқ шуда, аз идора муддате берун бароянд, гумон мерафт, ки то омаданашон ҷони навбатдор ва муҳаррир ҳам аз қолаб мебаромад.  
Борҳо дидаем, ки ҳангоми аз идора баромадан, акаи Раҳматҷон чанд варақ барои тарҷума бо худ гирифта ба папка ҷой мекард, ҳатман коғазҳои болои мизро, ки аз  хабарҳои ТАСС, ӮзТАг, ТоҷикТА, АПН, суратҳо иборат буд, ба тартиб меовард, сонӣ ҳамроҳи муҳаррир ба дар мерафт. Раҳораҳ, то омадани мошини хидматӣ дар бораи тарҳу мундариҷа ва географияи маводи шумораи навбатӣ нақл мекард. Ин, албатта ҳисобот додан ба сарвари идора намояд ҳам, бештар дилбастагии ҷонии котиби масъулро нисбати вазифа инъикос мекард, ҳамзамон нишони босамар истифода бурдан аз вақт буд. 
Раҳматҷон Норов масъулияти вазифаи худро дар назди ҳукумати давр, миллати худ, фарҳангу забони ғании  вай нағз медонист, шахси ҳамадон буд. Қобилияту маҳорати ҳар ходимро, дар кадом соҳа ба чӣ қодир аст, нағз дарк ва қадр мекард. Мабодо аз ягон шуъба чизи ба забону адабиёт тааллуқдошта ба «котибот» ояд, ҳатман ба Ҷонибек медоданд, то «як назар бинад». Ва агар оиди тибб сари истилоҳе иштибоҳ афтад, дарҳол маро ба ҳузурашон даъват мекарданд, агарчи худ аз ҳамаи мо донишманду забардаст буданд.
... Ғуруби офтоби умри худро акаи Раҳматҷон пеш аз вафоташ ҳис карда буд. Чанд вақт пештар сайри Самарқанд рафт, қабри волидайн зиёрат кард. Аз хонумаш ниҳонӣ бо писаре, ки дар Маскав дошту мехонд, телефонӣ гап зад. Раҳматҷон Норов он рӯзи наҳс пагоҳии бармаҳал ба кор омада, аз ошёнаи 6 ба поён, ба матбаа медарояд, то материалҳои чиндашударо, ки «гранка» ном дошт, худ биоварад ва дар асоси он «макет» (тарҳ)-и газетаро созад. Мехост кори навбатдор осон гардонад ва то дери шаб кор давом наёбад. Сад афсӯс, ки вопасин рӯзи рӯзгораш шуд.
Баъди даргузашти ӯ, ба ростӣ, «Ҳақиқати Ӯзбекистон» бе «сутун» монд. Инак баъди гузашти солҳо, дар 100-солагии «Овози тоҷик» бори дигар мехоҳам ёдрас кунам, ки хоксор, озодахислат дар як идора солҳо кору хидмат намудан бо ин тоифа мардони кор, бандаро боиси ифтихор аст. 
Партави чароғе, ки дар «Овози тоҷик» як идда абармардони арсаи адаб таҳти раҳнамоии  устод Айнӣ 100 сол муқаддам дар Самарқанд афрӯхта буданд, имрӯз дар Тошканд нурафшон аст.

Маъруф 
ОТАХОНЗОДА,
Журналисти 
шоистаи 
Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: