ЁДИ АЙЁМЕ, КИ ДАР ДИЛ МО ФАРОҒАТ ДОШТЕМ

(Ба шарафи 80-солагии шарикдарсам Фарҳодҷон Исомиддинов)

Умри одамӣ ҳам, мисли фаслҳои сол чор мавсим дорад. Фасли аввали умр, солҳои кӯдакию наврасӣ ба мисоли гулҳои сардарахтӣ ва муғҷаҳои дарахтони мевадори баҳорон кӯтаҳумр ва зудгузаранд. Аммо хотираҳо аз овони мактабхонӣ, бахусус аз даврони таҳсил дар мактабҳои олӣ зиёданд.  Ман, ки се сол (1961-63) дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд (ҳозира ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) ва баъди аскарӣ се сол (1966-69) дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Навоӣ хондам, ду китоб ёддошт дорам. 
Шукри Худованд, ки имсол ману Фарҳодҷон ба синни мубораки 80 қадам ниҳодем. Алоқадри ҳол аз меваҳои боғи умри гузашта тӯшаҳо дорем. 
Айни замон, аз самароти он илму донише, ки аз устодон андӯхта будем, мехоҳем барои ёру дӯстон, онҳое, ки забони тоҷикӣ барояшон мояи ифтихор аст, дастовези дилангези пур аз неъмати худовандӣ таҳия созем. 
...Солҳои шарикдарсии ман бо Фарҳодҷон, дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд, то имрӯз гуворо ва пурнур менамоянд. 
Зеро дар ин таълимгоҳи олӣ бисёр омӯзгорони донишманд, ҳаётдида, ҷонсӯзони маорифи тоҷик кор мекарданд. Якҷо бо мо, доништалабон аз  ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ таълим мегирифтанд. 
Байни устодон муаллимони мадрасадида, аз ҳаракати маорифпарварии ҷадидон бохабар ва аз гирдоби инқилоб амонмонда низ буданд. Як нафари онҳо ба мо аз фанни адабиёти классикӣ дарс мегуфт. Муаллим ҳамеша дар чашм айнаку асо ба даст, ба институт меомад. Пири хирадманд, одами хоксору фурӯтан буд. Ӯро Ҷалол Хоҷаев мегуфтанд. Дар ғайбаш «Домулло Ҷалол, авлоди шоир Тошхоҷаи Асирӣ» мегуфтанд. Ҳама факултетҳо шуъбаҳои ӯзбекию русӣ доштанд. Толибилмон дар як хобгоҳи умумӣ зиста, аз ошхона, китобхонаю қироатхонаҳо баробар истифода мебурданд. Табақабандӣ дар байни устоду шогирд  набуд, аз миллатгароӣ нишоне эҳсос намешуд. Ҳама ташнаи илму дониш будем.  
Тадбирҳои гуногун, хоҳ дар факултет, хоҳ дар бинои асосӣ, асосан бо раҳбарии муаллим Файзулло Абдуллозода мегузашт.
Устод Абдуллозода ташкилотчӣ, шахси масъулиятшинос буданд, забонҳои  русию ӯзбекиро чун забони модариашон мукаммал медонистанд. Устод таълиму тарбияро якҷо мебурданд. Дар соатҳои  дарси забон, албатта бо табошир дар тахта шоҳбайте менавиштанд, барои таҳлил, ё ҳикмате  ба ёд меоварданд, аз бузургони адаб. Ин буд, ки мо ҳам қоидаҳои забонро азхуд мекардему ҳам одоби муошират, усули ифоданок хондани шеъру зебо навиштан, асрори одаму одамиятро ёд мегирифтем. Аз ин рӯ, дар тафаккури мо, шогирдон меҳри забони модарӣ, ишқи адабиёти тоҷик, хислатҳои накӯкорию одамияти тоҷикона маъво гирифтааст. 
Бино бар эътирофи академики АФ Тоҷикистон, собиқ ректори ДДХ  Носирҷон Салимов «Тараққиёти илми филологияи тоҷик дар асри ХХ ба ном ва фаъолияти Файзулло Абдуллозода ва ҳамсафонашон алоқаи устувор дорад».  
Анҷумани байналмилалии илмӣ-амалие, ки бо саъй ва кӯшиши яке аз шогирдони устод Абдуллозода, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Фарғона, собиқ шарикдарсам Фарҳод Исомиддинов дар мавзӯи «Анъанаи зуллисонайнӣ дар адабиёти ӯзбек ва тоҷик» ба муносибати 80 солагиаш дар санаи 15.06.2024 баргузор мешавад,  дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Фарғона, Маркази мадании тоҷикони вилоят, бо ризоияти  Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияи Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст.
Ин тадбир дар майдони маърифати тоҷикиву ӯзбекӣ ба сифати падидаи маънавӣ аҳамияти калони таърихӣ дорад ва дар Ӯзбекистон бо саъй ва эҳтимоми як тан аз тоҷикони воҳаи Фарғона барпо шуданаш аз  он дарак медиҳад, ки дар муносибатҳои анъанавию мадании байни Ӯзбекистону Тоҷикистон қадаме ба пеш гузошта шудааст. 
Ҳар нафаре, ки аз  адабиёти қадим бохабар аст, нағз медонад, ки ифодаи «шоири зуллисонайн» то замони инқилоби русӣ мақоми шоиста дошт. Ҳурмати шуарои дузабона, байни мардуми ӯзбеку тоҷик, назар ба шоироне, ки ба як забон навиштаанд, бештар буд. Ҷойи таассуф, ки он баъди инқилоби русӣ кам истифода шуд, теъдоди «шоирони зуллисонайн» ангуштшумор гардид. Осори Навоӣ ба китоби луғат эҳтиёҷманд шуд. 
Ман аз ҳама асарҳои назмию насрии Алишери Навоӣ ғизои маънавӣ мегирам, бо мутолиаи «Девони Фонӣ» ва рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд Пирёр Валии хоразмӣ ифтихор мекунам. Адабиёти туркию форсӣ дар хоки Эрону Турон, Мовароуннаҳру Хуросон шукуфоӣ дошт.
Айни замон менозам аз он, ки анҷумани қарибулвуқӯъ падидаест фарҳангӣ ва таърихӣ, ки мехоҳад бо ёд аз анъанаи муштараки зуллисонайнӣ, бӯстони дӯстонро гулафшон, адабиёти туркии ӯзбекӣ  ва форсии тоҷикиро ғановат бахшад.
Тадбири мазкур ҷавобгӯи ҳаққонии матлаби Президент Шавкат Мирзиёев мебошад, ки расман муассисаҳои илмию олии кишварро ба омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ҷадидон водор кардааст. 
«Ҷадидон» чӣ мақсад доштанд, онҳо киҳоанд, чӣ гуна ба роҳи худ равшанӣ бахшидаанд?
Ҷадидон роҳпаймоёни ҷодаи маориф, толибони рафоҳияту осоиши  мазлумон, тарафдори ислоҳи усули осони таълим, ҷорикунандагони мактабҳои усули нав (ҷа-дидӣ), шифохонаю қироатхонаҳо буданд. Рӯшанибахши ғояҳои онҳо шамъчароғе буд, ки Аҳмади Дониш афрӯхт ва ба дасти Айнӣ расида, пурнур шуд.  
Агар гуфта шавад, ки тафаккури ҷадидия аз сафарҳои расмии Аҳмади Дониш ба Русия мабдаъ мегирад, саҳв нахоҳад буд. Чунки Мавлоно минҳайси ходими вазорати хориҷа се маротиба дар ҳайати дипломатҳои дастгоҳи аморат, бо сарварии амир Музаффархону ҳамрикобони ӯ ба пойтахти Русия, шаҳри Петербург сафари расмӣ анҷом дода, равнақи илму санъат, таълим, театр, шаҳрсозии урупоиро ҳам ба назм ва ҳам ба наср китобат намуда, барои он ки ҳунару дониши куффорро тарғиб кардааст, алалоқибат аз дарбор  ронда шуд.  
Дар зимн, бояд ёдовар шавем, ки ҷадидон пешсафи ҷомеъа, аҳли закӣ буданд ва адабиёт офаридаанд. Қисми умдаи ин адабиёт ба забони форсии тоҷикӣ мураттаб шудааст ва интишори он бо забони давлатӣ,  дар тадорукоти Эҳёи ҳаёти нав – Ренессанси муосир, мададгор хоҳад шуд. 
Ҳаракати маорифпарварӣ зиёда аз сад сол пеш тавассути гузаштагони ҷадидамон бо шамъчароғи Аҳмади Дониш ба майдони таърих баромада, муҳити тираю тор ва носозгори  қаламрави давлатҳои Бухоро, Қуқанд, Хоразм ва Афғонистони ҳамзабонро равшанӣ бахшидааст. Ин буд, ки ҷо-ҷо мактабҳои усули нав (ҷадидӣ), шифохонаҳои  замонавӣ кушода шуданд. Рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» бо замимаи ӯзбекии «Турон» дар соли 1912, бо раҳнамоии Садриддин Айнӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким ва дигар сарватмандони рӯшанфикри Бухорою Самарқанд, Тошканду Қуқанд рӯйи кор омада, кумакрасони  бедории афкор гардид, теъдоди зиёиёни рӯшанфикрро ба маротиб афзуд.
Алҳол, Ӯзбекистони соҳибистиқлол бо шоҳроҳи ислоҳот роҳпаймоӣ дорад.  
Умедворам, ки ба шарофати ин анҷуман решаҳои дарахти ҳар ду ин адабиёти аз як чашма шодоб бо меҳру садоқати  ду ҳазрати бузургвори таърихамон – Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоӣ сарсабзиҳо ёфта, ба авҷи камол мерасад. 
Кофронси илмии «Анъанаи зуллисонайнӣ дар адабиёти тоҷик ва адабиёти ӯзбек» ба ривоҷу равнақи муносиботи ҳасанаи «як халқи ба ду забон сухангӯ» мусоидат мекунад. 
Камина дар анҷуман  рамзи гулшукуфти муғҷаҳои маърифатеро мебинам, ки Фарҳодҷон Исомиддинов аз  устоди устодон Файзулло Абдуллозода ба худ мерос гирифтааст.  
Аз ин ваҷҳ, нисбати зиндагӣ, илму дониш ва фазилату хислатҳои ҳамидаи  устод Абдуллозодаи зиндаёд бештар эътибор додам. 

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: