НОМҲО МУЛКИ МАЪНАВИАНД

Ҳамкори мо Зоҳир Ҳасанзода бо мақолаи «Кори бемашварат накӯ н-ояд» («Овози тоҷик», 7 июни соли 2023, № 45) ба масъалаи хеле муҳим дахолат карда, бо факту мулоҳизаҳои асоснок камбудии кори комиссияҳои номгузориро дар вилояти Самарқанд ошкор кардааст.

 Бидуни шубҳа, агар зарурат набошад, тағйир додани номҳои ҷуғрофии ин ё он ҳудуд, ки дар зеҳни сокинонаш нишастааст, шарт нест. Дар акси ҳол боиси норозигӣ мегардад. Бояд таъкид намуд, ки масъалаи номгузорӣ ба ягон ҷой – кӯчаю маҳал, мавзеъ ё деҳкада кори хеле нозук аст, хусусан агар ба номи ягон шахс монда шавад. Замоне чунин номгузориҳои бемашварат ба мактабҳо боиси сар задани норизоиҳо ва пасон бе ном, танҳо ба тартиби рақам ифодаёбии онҳо гардид. Худ аз худ аён аст: дар ҳар ҷое, ки меъёрҳои адолат халалдор шуд, дар он ҷо норозигию нооромӣ сар мезанад. Дар асоси қонуни дар мақола зикршуда дар вилояти Бухоро низ номи як идда ҷою маҳалҳо иваз карда шуда буданд. Вале на ҳамаи ин қарорҳои қабулгардидаро метавон оқилона ҳисобид. Масалан, дар ноҳияи Шофиркон ҳудуди таърихии Вардонзе масоҳати васеъ дорад. Ин ҷо деҳаи Вардонзеи кӯҳна, маҳаллаҳои «Ш. Рашидов» ва «Қӯрғони Вардонзе» мавҷуданд. Чанд сол муқаддам маҳаллаи «Ш. Рашидов»-ро «Вардонзе» меномиданд. Мутаассифона, он гоҳ дар доираҳои расмӣ ҳар се ин маҳаллаҳоро ихтисоран «Вардонзе» мегуфтанд. Оқибат, ба мақсади «бартарафсозии» якхелагии ном «Вардонзе»-ро ба «Ш. Рашидов» табдил доданд. 
Тавре ки гуфтем, Вардонзе мавзеи қадимист, маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки вай нисбат ба шаҳри Бухоро қадимитар аст. Бояд ин ном барои авлоди имрӯзу ояндаи ҳудуд муқаддас, мояи ифтихор бошад. Номи арбоби давлатиро айнан бо Вардонзе иваз кардан шарт набуд. Зеро дар вилояти Ҷиззах ноҳияе бо номи ӯ ҳаст. Агар  ба ягон маҳаллаи Шофиркон гузоштани номи Ш. Рашидов ҳатмӣ бошад, пас чаро «Нурафшон», «Гулистон» барин номҳои сунъӣ не, балки номи таърихии Вардонзеро иваз кардаанд?!
Боиси таассуф аст, ки ҳафт-ҳашт сол муқаддам қарорҳои маҷлиси маҳалларо бо супориши «боло» аз номи мардум ду-се нафар кормандони маҳалла, ё ки бо иштироки 3-4 нафар корафтодагони тасодуфӣ қабул мекарданд.
Дар ноҳияи Вобканд низ маҳаллае бо номи «Харгӯш» машҳур буд. Дар соли 2018 ин ҷамоати шаҳрвандон ба «Пахтакор» табдил дода шуд. Баъди ду сол ин ном бо «Хайрхуш» иваз гардид. Баъзан талқини нодурусти ном одамонро раҳгум месозад. Табиист, ки решаи аввали калимаи «харгӯш» боиси тағйир додани ном шудааст.
Азбаски аксарияти номҳои ҷуғрофии ҳудуди вилоят тоҷикӣ мебошанд, дақиқ надонистани маънӣ ва этимологияи онҳо боиси иштибоҳи аъзои комиссияҳои номгузорӣ мегардад. Масалан, дар мавзеи Деҳнави ноҳияи Шофиркон номи нуқтаи аҳолинишини «Болои рӯд»-ро дар даромадгоҳи он «Юқори Болои руд» навиштаанд, ки боиси хандахариш аст. Дар ноҳияи Вобканд бошад, мавзеи кӯпруки дарёи Зарафшон – «Сари пул» «Сарапул», деҳаи «Паҳноб» «Паноб»; дар шаҳри Бухоро маҳаллаи «Ширбадан» «Ширбудин» сабт шудаанд, ки куллан хато ва ҳатто хандаовар аст. Мутаассифона, чунин мисолҳо зиёданд.
Хулоса, тавре ки дар мақолаи Ҳасанзода таъкид ёфтааст, «кори бемашварат ҳаргиз накӯ н-ояд»...

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: