НИЗОМИ НАФАҚА ПУРРА РАҚАМӢ ГАРДОНДА МЕШАВАД

Ислоҳоте, ки тӯли солҳои охир дар мамлакат пайи ҳифзи соҳаи иҷтимоӣ татбиқ мешаванд, пеш аз ҳама, барои гиромидошти қадри инсон, кафолат додани манфиатҳои ӯ хидмат мекунанд.

Дар ин роҳ, бахусус такмил додани низоми нафақа, рақамикунонии он, мунтазам зиёд кардани миқдори нафақа сазовори эътибор аст.

Қарори роҳбари давлат аз 4 майи соли 2021 «Дар бораи чораҳои беш аз пеш такмил додани ҷараёни таъин сохтани нафақаҳои давлатӣ ва низоми расонда додани нафақа» корҳои соҳаи мазкурро ба зинаи нав бардошт. Зеро мувофиқи ҳуҷҷати мазкур аз 1 июни соли 2022 тартиби аз пойгоҳи электронӣ дастрас кардани маълумоти вобаста ба таъин кардани нафақаи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.
Қарори мазкур алҳол барои ташаккул додани пойгоҳи электронии маълумоте, ки баҳри ҳисобу китоби нафақаи давлатӣ заруранд, содакунии ин ҷараён, бартараф сохтани ташвиши шаҳрвандон, боз ҳам такмил додани низоми расонда додани нафақаҳо, ҳамчунин дар самти мазкур ҷорӣ сохтани муҳити солими рақобат ва меъёрҳои замонавӣ хидмат мекунад.
Бинобар қарори Президент аз 31 октябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловагии беш аз пеш беҳтар намудани сифати хидматҳои давлатӣ бобати таъин кардани нафақаи аҳолӣ» доир ба афзудани сифати хидматҳои давлатӣ дар ин соҳа қадами навбатӣ гузошта шуд.
То 1 июни соли 2022 барои ба шаҳрвандон таъин кардани нафақа аз 14 ташкилот беш аз 30 ҳуҷҷати гуногун тақозо карда мешуд, барои ҷамъ овардани онҳо бошад, тақрибан 6 моҳ вақт сарф мегардид, акнун бошад, барои таъин кардани нафақаи шаҳрвандон аз пойгоҳи электронӣ истифода бурда мешавад, барои ин аз шаҳрвандон тақозо мегардад, ки танҳо шиносномаи худро тақдим кунанд.
Ҷиҳати муҳими ҳуҷҷати мазкур он аст, ки бинобар он аз 1 январи соли 2024 барои таъин кардани нафақаи шаҳрвандон метавон аз тариқи сомонаи марказҳои хидмати давлатӣ ё худ хидматҳои ягонаи интерактиви давлатӣ муроҷиат кард.
Пас аз таъин кардани нафақаи шаҳрвандон барои гирифтани пули нафақаи дар ҷамъияти саҳҳомии «Халқ банки» ҷамъомада тартиби додани сертификат аз Хазинаи нафақа дар шакли коғаз бекор карда мешавад. Дар ин бобат имконияти аз сомонаи хидматҳои ягонаи давлатии интерактив ё худ иловаи мобилии банк гирифтани ҳисобварақи нафақаи ҷамъомадаи шахсӣ фароҳам оварда шуд.
Мувофиқи бобе, ки дар он қарори мазкур рақамикунонии низоми нафақаро инъикос кардааст, аз 1 марти соли 2025 нафақа барои мардоне, ки синни 60-ро пур кардаанд ва заноне, ки синнашон ба 55 расидааст, нафақаҳо худи ҳамон рӯз ба тарзи «автоматик», яъне бидуни тақозои ягон ҳуҷҷат таъин карда мешаванд.
Дар он маълумот оид ба шахс (синну сол ва ҷинси шаҳрванд), собиқаи корӣ, маоши корӣ (миқдори андози иҷтимоии пардохтшуда) ва рӯйхати оила (ҳамсар ва фарзандон) аз пойгоҳҳои электронии Вазорати адлия, Вазорати шуғл, инчунин Кумитаи андоз гирифта мешаванд ва худи ҳамон рӯз нафақа ба тарзи «автоматик» таъин гардида, ба шаҳрванд аз тариқи воситаи алоқаи мобилии ӯ маълумот фиристода мешавад. Яъне аз шаҳрванд барои таъин кардани нафақа ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ҳамчунин муроҷиат ба шуъбаи ҳудудии Бунёди нафақаи ҷойи истиқомат тақозо карда намешавад.
Дар қарор ҳамчунин боздоштани нафақае, ки ба тарзи «автоматик» таъин шудаасту шаҳрванд ба синни нафақа расида бошад ҳам, ба нафақа набаромада хоҳиши фаъолияти худро идома додан дорад, ё худ аз миқдори нафақа розӣ нест, низ акси худро пайдо кардааст. Дар ин маврид бояд таъкид кард, ки мувофиқи қонунгузории дарамал ба шаҳрвандоне, ки аз миқдори нафақаашон розӣ нестанд, ҳуқуқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагие, ки ба миқдори нафақа таъсир расонда метавонанд, дода шудааст.
Агар ба таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ назар дӯзем, мушоҳида мекунем, ки тартиби ба тарзи «автоматик» таъин кардани нафақа дар кишварҳои Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Эстония ҷорист. 
Ҳамчунин барои дар амал ҷорӣ намудани тартиби ба тарзи «автоматик» таъин кардани нафақа «харитаи амалиёт»-и иборат аз 10 боб тасдиқ мегардад. Дар ин маврид пойгоҳи маълумоти 14 вазорат ва идораҳо то 1 марти соли 2025 инвентаризатсия карда шуда, ҳуҷҷатҳои барои таъин кардани нафақа зарурӣ пурра рақамӣ карда мешаванд.
Саъю кӯшиш дар самти мазкур бо ҷорӣ намудани низоми ахбори «Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» оғоз шудаанд. Ҳоли ҳозир дар бораи шаҳрванде, ки ба ин низоми реестр муроҷиат кардааст, аз пойгоҳи электронии 9 вазорат ва идора дар режими вақти муайян бинобар табодули ахбор 21 номгӯй маълумот гирифта мешаванд.
Алҳол рушди ягон шабакаро бидуни технологияҳои иттилоотӣ наметавон тасаввур кард. Дар ҳар самте, ки технологияҳои иттилоотӣ фаъолона татбиқ шудаанд, барои ҳаёти шаҳрвандон қулаиҳо фароҳам меоянд. Татбиқ сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таъин кардан ва расмикунонидани нафақаҳо низ, пеш аз ҳама, ба манфиати шаҳрвандон хидмат мекунад.
Ёд дорем, пештар ҳамдиёрони солхӯрдаамон, ки як умр меҳнат кардаанд, дар замони роҳати пириро кашидан барои ба нафақа баромадан аз идорае ба идораи дигар гашта, саргардон мешуданд. Агар ислоҳоти зинаи аввал ба ҷамъоварии ҳуҷҷату коғазбозиҳо ҳад гузошта бошад, акнун дигаргуниҳое, ки ҷорӣ кардани онҳо дар назар дошта шудаанд, баробари аз оворагардиҳои иловагӣ озод намудани шаҳрвандон, барои ба рӯшодиву шаффофии низом эътимод ҳосил кардани онҳо  кумак мерасонанд.

Мухторҷон ҲОҶИМАТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории
 Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: