Чораҳои вусъати фарогирии таълими томактабӣ муҳокима гардиданд

  • Чораҳои вусъати фарогирии таълими томактабӣ муҳокима гардиданд
  • Чораҳои вусъати фарогирии таълими томактабӣ муҳокима гардиданд
  • Чораҳои вусъати фарогирии таълими томактабӣ муҳокима гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодот оид ба такмили низоми таълими томактабӣ шинос гардид.

Ҳоло қариб дар 30 ҳазор муассисаи таълими томактабии мамлакат беш аз 2 миллион кӯдакон тарбия меёбанд. Аз ҳисоби сохтмони 422 кӯдакистони давлатӣ ва кушода шудани беш аз 21 ҳазор муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ дар панҷ соли охир барои кӯдакон 1 миллиону 200 ҳазор ҷой фароҳам оварда шуд. Нишондоди фарогирии таълими томактабӣ ба 72 фоиз расид.

Ҳамзамон дар ҷараёни гуфтугӯҳои шаффоф дар маҳалҳо шаҳрвандон ба ногузирии афзоиши миқдори боғчаҳои бачагона ишора намуданд. Бинобар ин Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ пешниҳодотро доир ба ташкили ҷараёни таълими томактабӣ дар асоси тартиби нав таҳия намуд.

Аз он ҷумла чораҳо оид ба минбаъд такмил додани низом, баланд бардоштани сифати тарбия дар боғчаҳои бачагона ва афзоиши гунҷоиши онҳо, татбиқи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ таҳия гаштааст. Ҳамин тариқ дар маҳалҳои аҳолиаш зич ва ё дар ҷойҳое, ки фарогирии таълими томактабӣ паст мебошад, кӯдакистонҳои нави давлатӣ сохта шуда, иштироки сектори хусусӣ афзоиш дода мешавад. Дар мактабҳое, ки сарбориашон кам мебошад, дар онҳо кушодани гурӯҳҳои тайёрӣ пешбинӣ мегардад.

Роҳбари давлат ба аҳамияти ин соҳа дар тарбияи кӯдакон ва васеъ намудани имконоти занон ишора намуда, ба шахсони масъул баланд бардоштани сифати таълим, такмили барномаҳои таълимӣ, ба дараҷаи нав бардоштани муносибати шарикии давлативу хусусиро супориш дод.

Вазифаи таҳияи барномаи панҷсола оид ба вусъат додани фарогирии таълими томактабӣ гузошта шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: