НАМОЯНДАГОНИ САМАРҚАНД ДАР ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК КАРДАНД

Дар шаҳри Тел­Авиви Исроил намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – The International Mediterranean Tourism Market IMTM-2023 баргузор шуд, ки дар он тақрибан 50 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Дар ин тадбири муҳими байналмилалӣ намояндагони соҳаи сайёҳии вилояти Самарқанд – маркази «Silk Road Samarkand» ва ширкати ҳавопаймоии «Air Marakanda» иштирок карданд. Онҳо ҳамзамон бо намоиш ва пешниҳоди маҳсулоту хидматрасониҳои худ, салоҳияти сайёҳии Ӯзбекистонро низ нишон доданд.
– Ин намоишгоҳ барои кишвари мо хеле муҳим аст, – гуфт ҷонишини сардори Сарсадорати туризм ва мероси фарҳангии вилояти Самарқанд Ҷасур Раҳмонов. – Медонед, Маркази байналмилалии сайёҳии «Silk Road Samarkand» имрӯз аз чор гӯшаи ҷаҳон ҳазорон сайёҳро ба худ ҷалб мекунад. Бовар дорам, ки ин тадбир барои ошно шудани сайёҳони исроилӣ ва ҷаҳонӣ бо салоҳияти сайёҳӣ ва маданияти Ӯзбекистон имконияти хубе хоҳад буд. Дар доираи тадбир бо чанд ширкати байналмилалӣ вохӯриҳои дуҷонибаро баргузор кардем, созишномаҳо имзо намудем. 
Намояндагон барои иштироккунандагон маводу навори гуногун ва албомҳое, ки аз маданияти Ӯзбекистон ҳикоят мекунанд, тақдим карданд. Ҳунарнамои гурӯҳи созҳои миллӣ низ ба ҳозирон хеле писанд омад.
Ҳамчунин, дар чорчӯби намоишгоҳ намояндагони Сарсадорати туризм ва мероси фарҳангии вилояти Самарқанд ва ҳокимияти шаҳри Волоси Юнон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро имзо карданд.
Мулоқоти кории намояндагони Ӯзбекистон бо вакилони соҳаи сайёҳии кишварҳои узви Ярмаркаи байналмилалии сайёҳӣ ба пешрафти салоҳияти сайёҳии вилояти Самарқанд хидмат мекунад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: