Ба симои гандумгунаш нигариста, аз нигоҳи гарми он чашмони андешаманд ҳарф-ҳарф, ҳиҷо-ҳиҷо суханҳои дилашро мечинам, вориди олами ботинии ӯ шуда афкори нуҳуфтаи вайро берун мекашам.
Устод Шуҳрат Сориев бесадо гуфтан мехоҳад: «Раҳбарӣ ҳам санъат аст, бародарон, санъат! Ба мисол дорбозиро мемонад – дилу гурдаи бутун мебояд, ки аз рӯи як тоқа сим наафтода роҳ биравӣ. Як қадами беҷо.., – хайр, ба шахсони дилогоҳ маълум аст фарҷоми ин амали муҳлик! Як ҳарфи бемавқеъ-чӣ? – он ҳам заволи ногузири обрӯи марди раҳбар аст!» Ин тавр, фаъолияти 38-солаи кории ӯро дар як мижа задан аз пеши назар мегузаронам ва мутмаин мегардам, ки агар шахс аз рӯзи нахуст бо дилу нияти пок ба кор оғоз кунад, бо гузашти солҳо дар рафти ҳаёти мураккаб гоҳе афтодаву дубора бо иродати худ бар пой шуда, ниҳоят таҷриба андӯхтаву оҳиста-оҳиста ба камол мерасидааст. Муҳим, мард набояд аз мушкилот ҳаросон шавад, набояд аз роҳи рост, ки безаволаш медонанд, берун қадам гузорад. Шахси раҳбар он вақт соҳиби эҳтиром мегардад, ки манофеи ҷамоаро аз манфиати шахсии худ боло гузорад. Аз худ буридаву ба пешрафти кор, ободии даргоҳ, тавфиқи ҳамкорону шогирдон бахшидан аст мароми раҳбари дилсӯз, мақсади волои марди ҳақиқӣ!
Дар симои Шуҳрат Сориев ин хислатҳои мардони воқеиро таҷассум дида, вуҷудам аз ифтихор пур мешавад ва дар дил иқрор мешавам, ки охир, барои ноил гардидан ба чунин мартаба мард бояд фишори бесобиқаи зиндагӣ, гармиву сардиҳои ҳаётро таҳаммул кунад. Дар як мактабе, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 50 километр дурӣ воқеъ афтодаву ҳангоми зарурат ин масири ниҳоят вайронаву ноободи кӯҳистониро дар бадали дуним соат тай мезанӣ, раҳбар будан осон аст магар?! Фасли сармоҳои шадид-чӣ? Бояд аз барои ҳалли мушкиле ногузир ба марказ биравӣ! Аз тасаввури ин ҳама такопӯйи раҳбари дабистони мактаби рақами 10-и ноҳияи Деҳқонобод дар ҳайрат мемонам ва ба ҳамаи раҳбарони макотиби деҳоти кӯҳистон сари таъзим фуруд меорам.
Шуҳрат Сориев аз зумраи чунин раҳбарони ҷоннисор аст, ки чандин соли умри гаронмояи худро дар вазифаи директори мактаби як деҳаи кӯҳистонӣ сарф кардааст. Ин марди накуном соли 1963 дар оилаи омӯзгор ва як тан аз шахсони маърифатпарвари деҳаи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бошчорбоғ»-и ноҳияи Деҳқонобод Элбегӣ Сориев чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз байни 11 нафар фарзандон танҳо Шуҳрат соҳиби маълумоти олӣ мебошад. Боқӣ 3 писару 7 духтар ҳоло соҳиби оилаҳои алоҳида буда, писарҳо аз пайи касбҳои гуногун рӯзгор обод месозанд ва духтаронро аслан қисмати бонувони деҳоти кӯҳистон ҳамқадам гашта, кунун бо тарбияти фарзандон машғуланд. Шуҳрат соли 1981 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро ҳуҷҷат супорид ва соли 1985 бо ихтисоси омӯзгори «Расм ва нақшакашӣ» ба зодгоҳ баргашт. Дар дабистони рақами 10 ба ҳайси омӯзгор ва раҳбари иттиҳодияи ҷавонон фаъолият кард.
Мактаби рақами 10 дар ноҳия аз қадимтарин масканҳои таълиму тарбияти тоҷикӣ ба шумор меравад ва он ҳанӯз соли 1928 бунёд ёфта, он замон мактаби маҳви бесаводӣ ном доштааст. Солҳои нахустин дабистон ба номи Когонович ва баъдтар номи Шверникро гирифтааст. Соли 1939 бинои нахустини он сохта шуда, то солҳои охир пойбарҷо буд. Солҳои панҷоҳум мактаби номи Садриддин Айниро гирифт, ки кунун ба эҳтироми ӯ деҳае, ки дабистон воқеъ аст, Садриддин Айнӣ меноманд. Мактаб дар саросари ноҳия маълум аст ва аз таркиби ин мактаби шуҳратманд минбаъд чандин маскани илм берун омадаву ҳоло фаъолияти мустақил доранд. Шумори чунин мактабҳои тоҷикиро, ки дар мавзеи Боғучорбоғ фаъолият доранд, 8 адад арзёбӣ мекунанд. Танҳо соли 2020 мактаби рақами 95 аз таркиби дабистони рақами 10 берун омад ва 220 шогирди онро бо худ бурд ва соли 2021 мактаби рақами 98 ташкил шуда, 180 нафар хонандаи ин мактаб ба оғӯши он рафтанд. Ҳоло дабистони рақами 10 дар маҷмӯъ 395 ҷойи хониш дошта, таҳсили 480 адад хонандаро дар ду баст фаро гирифтааст. Дар мактаб 6 нафар омӯзгори тоифаи олӣ, 8 нафар тоифаи якум ва 16 нафар тоифаи дуюм фаъолият доранд. Се нафар соҳиби сертификати байналхалқӣ ҳастанд ва яке аз онҳо аз забони англисӣ ва ду нафар аз фанни информатика сертификат ба даст овардаанд. Барои баланд бурдани рейтинги мактаб хидмати Шуҳрат Сориев беқиёс аст.
Баъдан Ш. Сориев ҳавлии мактабро ба тариқи ҳашар девор гирифт ва миллионҳо сӯми ҳукуматро сарфа намуд. Дар давраи раҳбарии ӯ бинои корношоями мактаб вайрон ва маблағи он ба хазинаи мактаб интиқол ёфт. Ба ҷойи бинои фарсудаи мактаб боғи себзоре бунёд карда шуд, ки кунун зиёда аз 200 дарахти себ ба ҳосил нишаставу барои мактаб даромади иловагӣ меоварад. Ҳамчунин дар ин марҳила як толори замонавии варзишӣ қад афрохт.
Вақте дар саҳни дабистон қадам мезадам ва аз ободиву муназзамии атроф баҳравар гашта, дилам лабрези фараҳ мегардид, як нафар аз омӯзгорони пешгоми ин даргоҳ Салим Холмӯъминов оҳиста ба гӯшам ҳиҷо кард:
– Шуҳрат Сориев дар байни зиёда аз 20 нафар собиқ раҳбарони мактаби мо аз беҳтаринҳо аст, ки таърихи дабистон дар ёд дорад. Агар ҳамин мард раҳбари мо намебуд, ин маскани маърифат кайҳо забони таълими худро иваз мекард.
Аз ҷасорату ташаббускориҳои устод тамоми мардуми қаламрав огоҳанд ва ҳар гоҳ сухан аз мактабу маориф меравад, шеваи раҳбарии ӯро ситоиш мекунанд ва ба ёд меоранд, ки қиблагоҳи ӯ Элбегӣ Сориев низ шахси камназире буд ва солҳои 1976-1987 дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 10 раҳбарӣ кардааст. Фарзанди накуноми падар тавонистааст, ки кори ӯро сарбаландона идома дода, дар иззату эҳтиром ба нафақа барояд.
– Худоро шукр, ман акнун як шахси озодам, аз кулли ташвишҳо фориғу нафаси сабуке мекашам, – мегӯяд Шуҳрат Сориев. – Бигзор ин кори бошарафро ҷавонон идома диҳанд.
Ба ожангҳои хонои ду бари рӯй, мӯйҳои мошубиринҷ ва ногузир ҳар гоҳ ба андешае фурӯ рафтаву ноаён дар лаб оҳ гирифтанаш зеҳн монда, аз дил мегузаронам, ки ба одамони мисли устод, ки ғолибан росткору поквиҷдон ҳастанд, дар байни муште аз раҳбарони лаҷомгусехта бо сари баланд кор кардаву то нафақаи меҳнатӣ расидан осон накӯчидааст. Ин қабил одамон ба ҷуз ғами рӯзгори худ садҳо ташвиш дар дӯш доранд ва садҳо андеша дар сар, ки марбути халқу давлат ҳастанд. Вайро дар ноҳияву вилояти Қашқадарё тамоми раҳбарони идораю муассисаҳо хеле хуб мешиносанд ва ба сифати як инсони дидадаро ва ростқавл эҳтиром мекунанд. Дар чаҳор ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Чашмаи мирон», «Бошчорбоғ», «Чилгаз» ва «Сарчашма», ки дар маҷмӯъ бо номи Боғучорбоғ маъруф аст ва тухмаи тоҷикони ҳардурӣ он ҷо дар иттифоқ умр бар сар мебаранд, ҳама хурду калон ба эҳтиромаш қоиланд.
Шуҳрат Сориев дар зиндагии мардуми Боғучорбоғ хуршедвор дурахшидаву роҳи садҳо нафар аз ҷавонони ин мавзеъро ба ояндаи нек нурафшон карда, дар дилу дидаҳои аҳли назар маъво ёфтааст. Вай як тан аз омӯзгорони ҳирфаии ин қаламрав аст, ки 38 соли умри худро сарфи таълиму тарбияти фарзандони мардум сохт. Масъулияти худро дар пеши халқу Ватан аз сидқи тамом иҷро намуда, кунун ба синни 60 расидаву сарбаландона ба нафақа баромад.
– Дар мактаби мо чунин анъана ҳаст. Ҳар кӣ ба синни нафақа расад, ҷойро ба кадрҳои ҷавон холӣ мекунад. Ман ҳам мардонавор раҳбарии мактабро супоридам. Бигзор ҷавонон кор карда, неруи ақлу дониш ва маҳорати худро аз имтиҳони халқ гузаронанд, дабистонро боз ҳам обод созанд, – мегӯяд Шуҳрат Сориев.
Бояд гуфт, Шуҳрат Сориев дар идомаи фаъолияти кории худ муваффақ гаштааст, ки чандин маротиба «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати таълими ҷумҳурӣ, Сарраёсати маорифи халқи вилоят ва ҳокимияти ноҳияи Деҳқонободро дарёфт намояд. Моҳи майи соли 2015 дар марҳилаи ноҳиявии озмуни «Фаъолтарин ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию маърифатии сол» ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм гаштааст. Хидматҳои устод Сориев аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ 1-уми октябри соли 2020 ба шарафи «Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён» бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадр ёфтааст.
Шариф ХАЛИЛ, хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.
Ҳамид ХОЛМӮЪМИНОВ, омӯзгори забон ва адабиёти мактаби рақами 10,
ноҳияи Деҳқонобод.